Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Адамс: Тамаддуни Осиёи Марказӣ қадимитар аз Юнон аст


Девид Адамс. Акс аз саҳифаи Фейсбуки рӯзноманигор гирифта шудааст
Девид Адамс. Акс аз саҳифаи Фейсбуки рӯзноманигор гирифта шудааст

Девид Адамс, муаллифи филми “Ҷаҳони гумшудаи Искандари бузург” мегӯяд, дар Тоҷикистон ба меҳмоннавозии фавқулодаи мардум дучор шудааст. Ин коргардон барои таҳияи филмаш 2400 километр роҳи лашкари Искандари Мақдуниро аз нав тай кардааст.

“Ҷаҳони гумшудаи Искандари бузург” – зери ин ном дар соли 2013 филми бисёрсериягии мустанади рӯзноманигор ва филмсози маъруфи австралиягӣ Девид Адамс ба намоиш даромад. Ин филм талошест барои фатҳи дубораи роҳи шоҳи Юнони қадим Искандари Мақдунӣ дар қаламравҳои Эрони бузург, ки дар қарни сеи пеш аз милод анҷом шудааст. Девид Адамс ва гурӯҳи филмсозони ӯ тӯли шаш сол – аз соли 2007 то 2013 - масири 2400-километриеро, ки лашкари Искандар аз Юнон то рӯди Омӯву қораи Ҳинд, то кӯҳҳои Помиру Ҳиндукуш тай карда буд, убур кардаанд. Девид Адамс мегӯяд, бо ин филм мехост иддаои юнониҳои қадимро рад кунад, кимегуфтанд, гӯё пеш аз Искандари Мақдунӣ дар ин қаламравҳо ҳеҷ тамаддуне вуҷуд надошт.

Филми “Ҷаҳони гумшудаи Искандари бузург” дар як қатор телевизионҳои ҷаҳонӣ ба намоиш даромад ва ҳоло дар шабакаи интернет ҳам дастрас аст. Буҷаи ин филм наздики 2 миллион доллар баровард шуда, аз ҷониби студияҳои David Adams Films ва Sky Vision сохта шудааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз Девид Адамс хостем, ки дар бораи шароити бардошта шудани ин филм ва ҳам таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа нақл кунад.

Дейвид Адамс дар бораи ҷаҳони гумшудаи Искандар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:02 0:00

Озодӣ: Бигӯед, то куҷо убури роҳи Искандар бароятон мушкил буд?

Адамс: Ин кор, мешавад гуфт, муҳаббате буд, ки шаш сол давом кард. Ростӣ, қисми зиёди вақти мо барои Афғонистон сарф шуд, чунки дастрасӣ ба бисёр маҳалҳои аз назари бостоншиносӣ арзишманд бо сабаби зери назорати Толибон буданашон хеле сахт буд. Дар баъзе ҳолатҳо мо мунтазири иҷозати вуруд ба он маҳалҳо мешудем ва ё интизор мемондем, ки онҳо ин манотиқро тарк кунанд. Ин як ҷараёни хеле тӯлонӣ, вале натиҷааш хурсандибахш буд.

Озодӣ: Ба мавзӯи Толибон боз бармегардем. Вале ҳоло бигӯед, ки аз тамоми ин ҷараёни кор муҳимтарин ва хотирмонтарин бозёфти шумо чӣ буд?

Адамс: Мо талош кардем, ки таърихро бознигарӣ кунем. Як ақидае вуҷуд дошт, ки гӯё юнониҳову Искандар ба сарзаминҳои Шарқ тамаддунро овардаанд, вале ин як иштибоҳ аст. Тамаддуни Осиёи Марказӣ таърихи қадимитар дорад ва ба Эрони қадима ҳам таъсири зиёд гузоштааст. Як ҳадафи дигар ин буд, ки нишон диҳем, ки минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо маҳалли зисти қабилаҳои ваҳшии бодиянишин набуд, балки ин ҷо шаҳрҳои фавқулоддаву фарҳангҳои қадима ва тамаддунҳои мухталиф вуҷуд доштанд.

Озодӣ: Дар меҳвари нақлҳои шумо дар ин филми мустанад нақши рӯди Омӯ қарор дорад, ки муҳимтарин воҳаи зиндагии мардум ва ҳам муттакои иқтисодии сокинони ин манотиқ арзёбӣ мешуд. Вале ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ бар сари тақсими об вориди баҳсанду бархе мегӯянд, эҳтимоли низоъҳо бар сари тақсими захираҳои об вуҷуд дорад. Шумо чунин эҳтимолеро ҳам мушоҳида кардед?

Адамс: Низоъҳо ҳамеша бояд қазоват шаванд. Ин минтақа як чорроҳаи хеле муҳим дар ҷаҳон аст. Агар шумо ба даврони яхбандӣ муроҷиат кунед, ин минтақа ҳатто маркази сайёра будааст. Ман фикр мекунам, ки ин минтақа барои пешрафту шукуфоии нав имконияти зиёд дорад. Ин ҷо захираҳои хеле ғании табиӣ мавҷуданд. Бо вуҷуди ноамниҳо дар Афғонистон, ман бовар дорам, ки ояндаи ин кишвар ва худи минтақа хеле хуб аст. Дар Афғонистон роҳу пулҳо бунёд мешаванд. Албатта, Толибон ва ё гурӯҳҳои ифротӣ як чолиш боқӣ мемонанд, вале ин масъала, ба назари ман, ҳалшаванда аст.

Озодӣ: Пас бо як калима, паёми шумо бо ин филм ба тамошобинон чист?

Адамс: Ман ба ин боварам, ки дар пушти ҳавлии ҳар одам як таърихчаи нодир ва нишонаҳои фарҳанг маҳфуз аст, ки агар каме бикобед, қиссаҳои ҷолиберо бароятон ошкор мекунад.

Озодӣ: Баъзе тамошобинони филми шумо шояд кишваркушоиҳои Искандари Мақдуниро бо ҷараёнҳои геосиёсии ҷаҳони имрӯз дар мисоли доман паҳн кардани ҳузури Ғарбу Аврупо дар минтақа шабоҳат диҳанд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

Адамс: Ба фикри ман, худи Искандар як шахсияти фавқулодда буд. Ман фикр накунам, ки он солҳо касе бовар дошт, ки як ҷавони 30-сола, як марди кӯҳистонӣ, лашкаркаш ва ҳам шоҳзодаи Юнон чунин кореро карда метавонад. Ба фикрам, муқоиса кардани корномаҳои ӯ бо замони имрӯз хеле сахт аст. Чизе, ки маро бештар дар ҳайрат мемонад, шакли ҷуғрофиёии сайёра баъди он замон аст. Тиҷорат масъалаи калидӣ буд. Он замонҳо аз Кобул ба Бобулистон савори уштур дар давоми дуюним моҳ расидан мумкин буд. Як ҷаҳони озод буд. Чизе, ки дар бораи Искандар гуфтан мумкин аст, ин аст, ки дар баробари лашкаркашиҳояш, ӯ чизи камеро тағйир додааст. Бале, ӯ бар Доро, шоҳи Эрон пирӯз шуд, назоратро бар марзҳои Ҳинду Форс ба даст овард, вале ӯ чизҳои дигарро тағйир дода натавонист. Вай тамоми механизми кору зиндагӣ, тиҷоратро ҳифз кард ва гузошт, ки бо шакли қабулшудааш пеш равад. Аз ин чиз, албатта, юнониҳо хеле бурд карданд. Аз ин рӯ, шабоҳат додани он замон ва имрӯз кори сахт аст, чунки ҳоло ҷараёнҳо ба шакли дигар пеш мераванд.

Озодӣ: Дар бораи тағйирот гуфтед. Ҳоло, дар қаламравҳое, ки замоне қадами лашкари Искандар ҳам гузошта шудааст, кишварҳои мустақил қарор доранд, ки марзу бум ва низоми визаро ҷорӣ кардаанд. Барои шумо ворид шудан ба ин қаламравҳо, бахусус ба кишварҳои бастаи Ӯзбакистону Туркманистон душвор набуд? Оё кадом монеае барои филмбардорӣ пеш омад?

Адамс: На, танҳо масъала дар вақт буд. Масалан, Туркманистон як кишвари эҳтиёткор аст. Онҳо аз ин ҷиҳат эҳтиёт мекунанд, ки бо кадом шева дар саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд. Барои гирифтани иҷозати наворбардорӣ дар Туркманистон ман 2 дафъа ба ин кишвар сафар карда, бо мақомоти вазорати умури хориҷа сӯҳбат кардам. Муҳимтарин пайғоми мо ин буд, ки филми мо сиёсӣ нест, мо на вазъияти сиёсиро арзёбӣ мекунему на дар бораи сиёсати имрӯза ҳарф мезанем. Мо ба ҳама талқин мекардем, ки дар маркази таваҷҷӯҳи мо фарҳанг ва бостоншиносӣ қарор дорад. Ин чизро мо пайваста дар Туркманистон ва Афғонистон таъкид мекардем. Афғонистон, воқеан, мушкилтарин маҳал барои кор буд. Вале ин мушкил ҳам бештар марбут ба вақт буд. Касе ҳеҷ гоҳ нагуфт, ки на, шумо ин корро анҷом дода наметавонед, танҳо мегуфтанд, ки шумо бояд ину он одам вохӯред. Дар дохил ба мо одамони фавқулодда хубе кӯмак карданд ва ҳама мехост, ки ин қисса гуфта шавад.

Озодӣ: Шумо дар Наврӯзи Мазори Шариф ва ҳам дар сабқати бузкашӣ иштирок кардед. Вале вақте дар бораи амният сӯҳбат мешавад, мебинем, ки ин ҳама чандон содда нест. Оё шумо бо Толибон ё ҷангиёни дигар рӯбарӯ шудед?

Адамс: Мо корро соли 2007 шурӯъ кардем, вазъият он вақт комилан дигар буд. Вазъ солҳои 2009 ва 2010 бад шудан гирифт, мо филбардориро соли 2011 тамом кардем. Баъди он вазъ боз бадтар шуд. Солҳои аввали филмбардорӣ, соли 2008, масалан, мо ба Афғонистон хеле бароҳат сафар мекардем. Дар ин гурӯҳ танҳо ман, оператор, ронанда ва тарҷумон будем. Он вақт қоида ин буд, ки шумо аз вазири фарҳанг коғазе мегиред, бо он ба назди пулиси маҳаллӣ меравед, барномаатонро шарҳ медиҳед ва амалан шумо зери ҳимояти ин афрод мемонед. Бале, чанд ҳодисае пеш омад, масалан дар наздикиҳои мо бомбаҳои сарироҳӣ таркиду роҳҳо баста шуданд, вале бояд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба кадом мушкили сахту сангине дучор нашудем. Шояд барои он ҳам, ки мо бо як роҳи хеле мӯҳтарам ҳадафу корҳои худро мефаҳмондем. Дуруст аст, ки ғарбиҳо мавриди ҳадаф қарор мегиранд, вале мо ҳеҷ коре накардем, ки касеро озор бидиҳад.

Озодӣ: Бале, ин чиз ҳам эҳсос мешавад. Хуб, акнун дар бораи Тоҷикистон гӯед, ки чӣ чизе бароятон хеле ҷолиб буд?

Адамс: Ман ба Тоҷикистон бори аввал дар оғози солҳои 1990-ум сафар карда будам ва мехостам, ки дар он ҷо филмбардорӣ кунам. Мо дар Тоҷикистон фурсати зиёд набудем. Мо бояд дар масири дарёи Омӯ наворбардорӣ мекардем, ба ҳамин хотир, ба самти ҷануб рафтем. Асосан мо дар хонаҳои мардум истодем ва бо меҳмоннавозии фавқулоддае рӯбарӯ шудем. Тоҷикон хеле дилкушоданд. Чизе, ки барои ман писанд буд, ин дарки амиқи таърих буд. Ман намехоҳам, ки кишварҳоро бо ҳам муқоиса кунам, вале як чиз дар ёди ман монд, ки вақте дар Шаҳритӯс будему чанд шабро дар як хона рӯз кардем, дар бораи ишқи Искандару Рухшона сӯҳбат мекардем, ман дидам, ки онҳо таърихи худро хеле хуб медонанд. Ва чизи дигаре, ки бояд тавсифаш кунам, ин зебоии табиати Тоҷикистон аст. Кӯҳистону обу дарёву манзараҳояш хеле зебоянд. Помир худ илҳомбахштарин маконест дар сайёра.

XS
SM
MD
LG