Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як саррофи бозори "Фаровон" дар манзилаш худкушӣ кардааст. Мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, ки ин фоҷиа баъд аз 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудани ӯ рух додааст.

Алихон Азимов, як сарроф, ки аз 8 сол ба ин тараф дар бозори "Фаровон"-и Душанбе фаъолият дошт, шаби якшанбе ба душанбеи ҳафтаи гузашта худро дар манзилаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дор овехтааст. Ҷасади ӯро рӯзи душанбеи 7 декабр дар зодгоҳаш деҳаи Қарағочи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ ба хок супурданд.

Дар ҳоле Олим Азимов, бародари Алихон Азимов мегӯяд, ки ангезаи худкушии бародарашро намедонад, аммо ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки Алихон Азимов чанд рӯзи пеш ба дунболи баста шудани саррофиҳо, 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд. Олим Азимов, бародари Алихон Азимов рӯзи 13 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бародараш дар бораи қарздориаш чизе нагуфта буд, аммо шояд касе ӯро фиреб додааст: "Ҳисобу китоб мекунам, намедонам, чаро бародарам даст ба чунин кор зад."

Олим Азимов дар шарҳи ҳодиса мегӯяд, ки хонаи вай чанд манзил дуртар аз хонаи бародараш аст ва шаби фоҷиа яке аз писарҳои Алихон ҳамроҳи падараш хоб будааст ва зану фарзандони дигараш ҳам дар манзил ҳузур доштаанд. Ба гуфтаи Олим Азимов, "тақрибан соатҳои 1:20-и шаб, писари Алихон саросема ба хонаи мо омад ва бедорамон кард, ки "отам худро кашол кард".

Олим Азимов мегӯяд, ки ҳатто ҳамсари бародараш огаҳ набудааст, ки шавҳараш қасди худкушӣ дорад. Алихон танҳо дар як коғаз навиштааст, ки "ҳисобу китобҳоро баробар кунед, хонаҳоро бифурӯшед ва қарзи мардумро диҳед, додарҳоям, алвидоъ, додарҳоям."

Алихон дар ин "васиятнома"-и худ нагуфтааст, аз кӣ ва чӣ миқдор пул қарздор аст. Олим мегӯяд, вақте бародарашро ба миқдори 120 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буданд, ниҳоят дар ҳолати изтироб қарор дошт ва ба истилоҳи бародараш, "талхакаф" шуда буд. Ба қавли Олим Азимов, 1-2 рӯзи пеш ба бародараш занг зада буданд, ки дар ҳаҷми 120 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст ва онро бояд пардохт кунад.

Олим Азимов мегӯяд, ки аз ин қабл додситонӣ дӯкони онҳоро мавриди тафтиш қарор дода буд ва касса ва ё хазинаи онҳо бо доштани 100 ҳазор сомонӣ, расмӣ фаъолият мекард. Ба гуфтаи вай, ҳини тафтиши додситонӣ як мард аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳашт ҳазор сомонӣ вориди нуқтаи саррофии онҳо шуда ва онро ба бародараш дода ва гуфтааст, ки фалон одам омада онро мегирад. Чун дӯкондорон ҳамдигарро мешиносанд, бародараш он пулро қабул кардааст. Баъд аз ҳамин, рӯзи ҷумъа ба онҳо занг зада ва мегӯянд, ки бояд 120 ҳазор ҷарима бисупорад.

Алихон Азимов 32 сол дошт ва дар дарвозаи якуми бозори "Фаровон" саррофӣ мекард. Аз ӯ чаҳор фарзанд боқӣ мондааст.

Олим Азимов гуфт, ки ҳоло барои иҷрои васияти бародараш, ҳам хонаи худ ва ҳам хонаи бародари марҳумаш Алихон ва ҳам хонаи яке аз бародарони дигарашро ба фурӯш гузоштаанд.

Бинобар рӯзи таътил мақомот ҳам дар Восеъ ва ҳам Душанбе дар ин робита маълумот ироа накарданд. Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки бозори "Фаровон" тобеи ин ноҳия мебошад, аз ҳодиса изҳори бехабарӣ кард. Дар қисми навбатдории вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки додани чунин маълумот ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино рабт мегирад.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Бонки миллӣ дар охири моҳи ноябр дар пайи якбора боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ қарор кард, ки тамоми нуқтаҳои ивази асъор дар кишвар баста шаванд. Ба дунбол, дар нисбати 38 тан аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар парванда боз шуда, онҳо ба пардохти ҷаримаҳои калон дар ҳудуди аз 60 000 то 100 ҳазор сомонӣ муваззаф гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12 декабр ҳудуди шаст тан аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ба назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон рафтанд, то мушкилоти худро бо масъулон дар миён бигузоранд. Мақомот Бонки миллии Тоҷикистон ҳам онҳоро умедвор кардаанд, ки дар сурати фаъолияти ҳамоҳанг бо Бонки миллӣ, эҳтимоли аз сар гирифтани фаъолияти онҳо аз оғози соли оянда, вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG