Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи Иди Фитр дар бозорҳои Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон қимати меваҷот ба таври бесобиқа боло рафт ва норозигии муштариёнро ба миён овард.

Дастурхони идонаи Гулзира Сафарова, сокини 43-солаи Душанберо дар Иди Фитри имсола меваҷот зеб нахоҳад дод. Зеро ба қавли ӯ, болоравии бесобиқаи нархи меваҷот дар ду рӯзи ахир, ӯро аз харидории ҳатто себ маҳрум кард.

Хонум Гулзира барои таҳияи дастархони идона 300 сомонӣ ба нақша гирифта буд, аммо вай мегӯяд, ин маблағ танҳо барои хариди шириниҳову кулча кифоят карду халос. “Ҳар сол аз меваҷот себу ангур ва ношпоттӣ мехаридем, аммо имсол ҳамин имконият ҳам нашуд. Як кило себи нағз аз 20 то 25 сомонӣ нарх дорад, ки беинсофист. Як моҳ нархҳо қиммат нашуд, хурсанд будем, аммо дар арафаи ид якбора нархи меваҷотро ба осмон бурданд, ки дигар зӯрамон намерасад.”-афзуд бо алам мусоҳиби мо.

Дар баробари Гулзира Сафарова, ки ҳамагӣ бо як борхалтаи хурд ва бо “димоғи сӯхта” аз бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт берун омад, теъдоди зиёди харидорони дигар ҳам аз ба якборагӣ боло рафтани қиммати мевагӣ дар пешорӯи Иди Фитр нороҳат буданд ва аз “беинсофии ”тоҷирон шикоятмекарданд. Зоиршо Мақбулов -- ҳамсӯҳбати дигари мо, ки 59 сол дорад, гуфт, дирӯз нисфи харидро барои дастурхони идона анҷом дод, аммо вақте имрӯз барои харидани боқимонада маҳсулот ба бозор омад ,”ҳуш аз сараш парид.”

Вай бо тааҷҷуб мегӯяд, ”ман ҳайронам, маҳсулот ҳамон маҳсулоти дирӯза, фурӯшанда ҳамон фурӯшанда ва ман ҳамон харидорам, ки дирӯз ба бозор омада будам, вале нарх аллакай фарқ мекунад. Нахаред, намешавад, чун дар як сол ду бор ид меояд ва ҳар яки мо кӯшиш мекунем, ҳадди аққал як дастурхоне ороста кунад.”

Сокинони кишвар дар ҳоле аз ба таври бесобиқа боло рафтани нархи меваҷот дар тамоми бозорҳои пойтахт шиква мекунанд, ки то чанд рӯзи пеш як кило себро бар ивази аз 5 то 6 сомонӣ, 1 кило шафтолу аз 6 то 8 сомонӣ ва ё як кило ангурро бар ивази 7 то сомонӣ 10 харидорӣ кардан мумкин буд.

Аммо ҳоло нархи як кило себ аз 20 то 30 сомонӣ, ангур – 25 то 40 сомонӣ, зардолу – 15 сомонӣ, шафтолу – 20 сомонӣ, киви 30-35 сомонӣ, мандарину анор 30 сомонӣ пешниҳод мешавад. Бо вуҷуди он, ки аксари меваҳоро дар бозорҳои пойтахт моли Чину Эрон ва Аргентинаву Туркия ташкил медиҳанд, вале меваҷоти ватанӣ низ аз нигоҳи қиммат қариб, ки баробар аст.

Бархе аз тоҷирон мегӯянд, онҳо меваро аз умдафурӯшҳо бо нархи гаронтар харидаанд ва ба ҳеҷ сурат нархро поён оварда наметавонанд. Яке аз тоҷирон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби боло рафтани нархи меваро ба фурсати муносиб барои гарон карадани маҳсулоташ унвон кард. Чун ба таъкиди ӯ, “иду ҷашнҳо заминаро барои боло бурдани нарх ва аз ин тариқ ба даст овардани фойида фароҳам мекунад.”

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Дар ҳамин ҳол, Константин Бондаренко, раҳбари маркази “Бозори озод” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷаҳиши нархи меваро ба афзоиши талабот рабт дода гуфт, “мо наметавонем тоҷиронро барои ин амал маломат кунем, зеро дар двоми сол тиҷорати онҳо хатароти зиёд дорад. Зеро бо таваҷҷӯҳ ба он, ки харидор кам аст, бештари маҳсулотҳо мепӯсанд. Бахусус меваҳо дар ин ҳавои гарм зуд вайрон мешаванд, шояд аз 1 тонна мева, 5 дарсадаш мепӯсад. Аз ин хотир вақте дар Ид талабот зиёд мешавад, тоҷирон низ аз ин ҳисоб зарари худро руйпӯш мекунанд.”

Ин болоравӣ дар ҳолест, ки дар давоми як моҳи Рамазон нархи ғизову хӯрокворӣ дар Тоҷикистон тақрибан яксон буд ва аз як сӯ, ба ин чиз назорати давлатӣ ҳам таъсир расонид.

Баъди шикоятҳои пайдарпайи масрафкунандагон, аксар раҳбарони манотиқи кишвар, аз ҷумла дар Душанбе нарху навои бозорро зери назорат гирифтанд ва аз тоҷирон тақозо карданд, ки ба болоравии сунъии нархҳо роҳ надиҳанд. Айни замон, нархи дигар навъи ғизо, ба мисли гӯшт, равған, тухм, помидору бодиринг, харбузаву тарбуз мисли рӯзҳои пешин боқӣ мондааст. Масуълини бозори “Шоҳмансур мегӯянд, имсол талабот нисбати гӯшт ба маротиб камтар будааст ва ҳамчунин миқдоре аз картошка низ бинобар камхаридор буданаш, пӯсидааст.

Аммо иқтисоддонҳо ҳамагӣ ду рӯзи пеш аз ид ва он ҳам танҳо қиммат шудани меваҷотро ба бӯҳрони иқтисодӣ рабт медиҳанд, ки бозорҳоро камодам кардааст. Аз нигоҳи онҳо, мардумро аз бозор на гармӣ, балки пойин рафтани қобилияти харидорияшон дур кардааст. Вале боз ҳам бо тавваҷӯҳ ба он, ки оростани дастархони идона ба як суннати аслии мардум табдил шудааст, сокинон қабл аз ид сармояиҳои андӯхтаи худро барои таҳияи ин дастурхон харҷ мекунанд.

Зимнан фардо, 17 июл дар Тоҷикистон ва аксар кишварҳои мусалмонӣ иди Фитр ё Рамазон таҷлил мешавад. Тибқи тасмими Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, намози ид дар ҳама масҷидҳои ҷомеъ соати 6:30 дақиқа доир мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG