Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб дар авоили моҳи сентябр изҳори нигаронӣ кард. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, таъкид шудааст, ки рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъоляти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кардааст. Гуфта мешавад, ин тасмим аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ маншаъ мегирад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” ибрози ташвиш кардааст.

СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.

Изҳороти СММ аз номи Равина Шамдасани, сухангӯи ин ниҳод нашр шудааст

Изҳороти СММ аз номи Равина Шамдасани, сухангӯи ин ниҳод нашр шудааст

Ҳадди аққал 13 узви баландпояи Ҳизби наҳзати исломӣ - танҳо ҳизби сиёсии мазҳабӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар таърихи 16-17 сентябр боздошт ва аз ҷониби додситонии кулли Тоҷикистон дар ташкили ошӯбҳои мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам шуданд. Худи ин сиёсатмадорон ва ҳам раиси ҳизб - Муҳиддин Кабирӣ иттиҳомоти мазкурро рад карда, онҳоро комилан беасос номидаанд.

Рӯзи 1 октябр Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як баёния гуфтааст, созмони террористӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ки бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Брюссел сӯҳбат мекард, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарор дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Вай гуфт, бо назардошти задухӯрдҳои мусаллаҳонаи оғози моҳи сентябр дар Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо мухолифати худро ба истифодаи хушунат зидди сохторҳои давлатии ин кишвар таъкид мекунад. Ҳатто дар ҷараёни амалиёти низомӣ, ҳукумати Тоҷикистон бояд озодиҳои бунёдии ҳама шаҳрвадононро ба хотири эҳтиром ба қонун бояд кафолат бидиҳад.

Хонум Косянчич гуфт, аз оғози ҳаводиси мусаллаҳона мақомоти Иттиҳодияи Аврупо бо аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар тамос ҳастанд. Аз ҷумла, ӯ аз гуфтугӯи телефонии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт ёдовар шуд. Дипломати аврупоӣ ҳодисаҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистонро маҳкум карда, гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро ба хотири боздошти гурӯҳи ҷинояткорон, ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад.

Рӯзи 29 сентябр Freedom House ё Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеи озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саросари ин кишвар интиқод кард. Дар баёнияи ин созмон таъкид шуд, ки "Ҳукумати Тоҷикистон аллакай раҳбарони аршади ҲНИТ-ро зиндонӣ карда, раиси ин ҳизбро маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Созмони террористӣ унвон шудани он 40 ҳазор тан аз аъзои онро дар саросари кишвар бо таҳдиди ҳабс рӯбарӯ хоҳад кард”.

Сафорати Амрико дар баёнияи худ дар рӯзи 30 сентябр аз “маҳдуд шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “таъқиби мухолифон” дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард.

Тибқи иттилоъи расмӣ, ҲНИТ дар соли 1991 ба унвони як ҳизби сиёсӣ сабтином шуда дар соли 1993 ба далели ширкат дар ҷанги дохилӣ аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди кишвар қатъ шуд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 1999 аз сар гирифта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG