Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 ҳазор евро ва раҳоӣ аз истирдод. Исмон Азимов пирӯз шуд


Бинои Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо.
Бинои Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо.

Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо аз Русия хост, сокини Исфараро ба Тоҷикистон надиҳад ва ба ӯ ҷуброни маънавӣ пардозад.

Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо имрӯз бо судури қароре аз Русия хост, ки Исмон Азимов, як сокини Исфараро ба Тоҷикистон истирдод накунад, зеро мумкин аст, ӯро дар онҷо азобу шиканҷа кунанд.

Дар ҳукми додгоҳ, ки имрӯз ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, ҳукумати Русия ҳамчунин ҳаққи бунёдии шаҳрванди Тоҷикистон барои озодӣ ва дастрасӣ ба муҳокимаи додгоҳиро риоят накардааст ва барои ранҷи равонӣ кашидани Исмон Азимов ба ӯ дар ҳаҷми 5 ҳазор евро ҷуброни маънавӣ бипардозад ва 6 ҳазор евро хароҷоти додгоҳиашро низ ҷуброн кунад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
Линки мустақим



Исмон Азимов аз ноҳияи Исфара ба узвият ба Ҳаракати Исломии Узбакистон ва бандитизм муттаҳам мешавад ва тақрибан се сол аст, ки ӯро дар боздоштгоҳе барои ихроҷ ба Тоҷикистон нигаҳ медоранд. Исмон Азимовро мақомоти Тоҷикистон аз тарроҳони ҳамлаи хунин ба қароргоҳи идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғд медонанд, ки моҳи марти соли 2010 ба вуқӯъ пайваст ва 4 нафарро куштаву тақрибан 30 нафари дигарро захмӣ кард.

Давлати Тоҷикистон барои боздошти ӯ ба Интерпол ҳам муроҷиат кардааст. Вале Исмон Азимов, ки аз соли 2002 аксаран дар Русия кору иқомат карда, вале пайваста ба Тоҷикистон рафта бармегаштааст, худро бегуноҳ медонад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2010 аз Русия хостанд, ки Азимовро боздошт карда ва ба Тоҷикистон бисупоранд. Исмон Азимовро дар ҳамон сол бо иттиҳоми нақзи муқаррароти иқомат дар Русия боздошт карданд ва амр доданд, ки ба Тоҷикистон ронда шавад. Баъдан ду ҳукми дигар дар бораи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон содир шуд ва дархости паноҳандагии ӯ дар Русия ҳам рад карданд ва додгоҳ Маскав низ амри додситониро бетағйир гузошт.

Баъди ин вакилони дифоъи аз як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Русия моҳи октябри соли 2011 парвандаи Исмон Азимовро ба Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо кашиданд. Елена Рябинина, яке аз вакилони дифоъи Исмон Азимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳукми Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо изҳори хушнудӣ кард ва гуфт:

“Муҳимтар аз ҳама, хушбахтона ҳама кор дуруст шуд. Яъне додгоҳ қарор кард, ки бозгардонидани маҷбурии Азимов ба Тоҷикистон, метавонад сабаби нақзи банди саввуми Аҳдномаи Ҳуқуқи Башари Аврупо шавад. Яъне бозгардонидани иҷборӣ, ихроҷ ва истирдоди Исмон Азимов аз ҳар роҳе ба Тоҷикистон мамнӯъ аст, чун агар ин корро кунанд, Русия банди саввуми аҳдномаро зери по хоҳад кард. “

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Русия метавонад, дар муддати се моҳ аз рӯи ҳукми Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо шикоят барад, вале таҷрибаҳо ва қазияҳои шабеҳи пешин нишон додааст, ки додгоҳ ин шикоятҳоро рад мекунад. Елена Рябинина қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон бо мусоидати ҳамкоронашон дар Русия чанд дафъа саъй кардаанд, ки Исмон Азимовро рабуда ба Тоҷикистон баранд.
XS
SM
MD
LG