Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизҳои Тоҷикистон дар ватани бобоӣ - "бегона дар байни худиҳо" (ВИДЕО)


Баъзе аз қирғизтаборон, ки аз Тоҷикистону Узбакистон ба ватани бобоии худ кӯч баста буданд, мегӯянд, ки то ҳол имтиёзу замини ваъдагиро дарёфт накардаанд.

Дар Тоҷикистон қирғизтаборҳо асосан дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ва Мурғоб зиндагӣ мекунанд. Бар асоси омори соли 2012 беш 17 ҳазори онҳо ба Қирғизистон кӯчидаанд.

Қирғизтабороне, ки аз Тоҷикистон ба ватани бобоии худ рафтаанд, дар он ҷо зиндагии хоксорона доранд. Онҳо барои "келин кардан"-и духтари якдигар, тавре дар Қирғизистон роиҷ аст, пули зиёд намедиҳанд ва маросими арӯсияшон низ хоксорона баргузор мешавад.

Мансур Қодиров, яке аз қирғизтабороне, ки аз Тоҷикистон ба вилояти Чӯй кӯч бастааст мегӯяд, онҳо дар Тоҷикистон мисли "худиҳо дар байни бегонаҳо" буданд. Ҳоло вазъашон бештар "зиндагии бегонаҳо дар байни худиҳо"-ро мемонад. Ӯ мегӯяд, ки ба ҳар ҳол ба муҳити инҷо одат мекунанд.

Қодиров мегӯяд, баъзан баҳсҳое низ дар бораи ҳузури онҳо дар Қирғизистон сар мезанад ва иддае бо ишора ба бегона будани бозгаштаҳо, онҳоро "тоҷикистонӣ" муаррифӣ мекунанд. "Мо дар асл қирғиз ҳастем, вале ҳама инро эътироф намекунанд," - мегӯяд ӯ.

​Ин сокинон барои таъмини зиндагии худ заҳмати зиёд мекашанд. Рауф, бо он ки ҷавон аст, бори рӯзгорро бар дӯш гирифтааст ва барои нигоҳубини хоҳаронаш пул кор мекунад. Рауф Тоҷикистонро чандон дар ёд надорад, вале бо вуҷуди кори сангин дар саҳрову сохтмон мегӯяд, мехоҳад дар ватани бобоияш бимонад.

Дар маҳаллаи Юревкаи вилояти Чӯй, солҳои ахир 200 хонавода аз Тоҷикистону Узбакистон омадаанд. Дар маҷмуъ, баъди фурӯпошии Шӯравӣ беш аз 40 ҳазор қирғизтабор аз кишварҳои гуногун ба ватани бобоии худ баргаштанд ва дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Онҳо мегӯянд,ки мақомоти қирғиз пеш аз баргаштани муҳоҷирон ба онҳо замину шиноснома ваъда карданд. Аммо баъди баргаштан танҳо як гуруҳ соҳиби замин шуда, вале дигарон ҳатто санад надоранд, яъне расман дар ин кишвар вуҷуд надоранд. Гулира Исҳоқова чанд сол пеш ҳамроҳи шавҳараш аз Узбакистон ба Қирғизистон кӯч баст. Ӯ мегӯяд, шавҳараш вафот кард, вале то ҳол санади марги ӯро надорад ва кӯдаконаш низ ба далели надоштани ҳуҷҷат таҳсил намекунанд.

Кӯчидани қирғизтаборон аз Тоҷикистон асосан дар замони даргириҳои дохилии солҳои навадум оғоз ёфт. Аммо кӯч бастани онҳо дар солҳои ахир бештар ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон бастагӣ дорад. Онҳое, ки шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтанд, асосан дар вилоятҳои Чӯй, Ӯш, Ҷалолобод, Талас ва Бишкек ҷойгир шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG