Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар вокуниш ба эътирози Бағдод ба ҳузури артиши Туркия дар шимоли Ироқ дар остонаи амалиёти бозпасгирии шаҳри Мавсил, бо лаҳни таҳқиромезе хитоб ба нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки "беҳтар аст ҳадди худро бишносӣ."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи сешанбеи 11 октябр дар як ҳамоиш дар шаҳри Истанбул хитоб ба Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки "ӯ шахсан ба ман тавҳин мекунад. Ту ҳамтои ман нестӣ, ту дар сатҳи ман нестӣ. Фарёд задани ту аз Ироқ ҳеҷ аҳамияте надорад. Бояд бидонӣ, мо ҳар коре бихоҳем, мекунем. Ӯ кист? Нахуствазири Ироқ. Ибтидо бояд бифаҳмӣ, ҷойгоҳат куҷост."

Нахуствазири Ироқ рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба ин суханони Эрдуғон гуфтааст, ки "мо хоки худро бо иродаи мардони худ озод мекунем, на аз тариқи даъвати видеоӣ". Ишораи вай ба даъвати видеоие аст, ки Раҷаб Таййб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар моҳи июл дар гармии кудатои нофарҷоми Туркия аз тариқи як хабарнигор нашр ва тариқи он паёми худро барои бозпасгирии ниҳодҳои аздастрафта ба гӯши ҳаводоронаш расонд.

Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ.

Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ.

Бо вуҷуди эътирозҳо ва мухолифатҳои ҳукумати Ироқ ҳамзамон бо наздик шудани амалиёти озодсозии шаҳри Мавсил, ҳукумати Туркия таъкид кардааст, ки нерӯҳои он кишвар дар шимоли Ироқ боқӣ хоҳанд монд. Тибқи гузориши расонаҳои Туркия, ҳудуди ду ҳазор нафар аз нерӯҳои ин кишвар дар шимоли Ироқ ҷобаҷо шудаанд ва ҳудуди 500 нафари онҳо дар урдугоҳи Буъшиқа машғули омӯзиши гурӯҳҳои мусаллаҳе ҳастанд, ки қарор аст дар амалиёти бозпасгирии Мавсил иштирок кунанд.

Саид Ал-Ҳадисӣ, сухангӯи нахуствазири Ироқ дар вокуниш ба суханони раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки "Эрдуғон бо ин суханонаш нафт рӯи оташ мерезад" ва ин нишон медиҳад, ки Туркия дар мавриди ҳалли ин ихтилоф ҷиддӣ нест. Ӯ ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки вокуниши Туркия як масъалаи ҳуқуқиро ба як масъалаи шахсӣ мубаддал кардааст.

Ҳукумати Ироқ борҳо аз Туркия хостааст, ки нерӯҳои худро аз хоки он кишвар берун кунад ва Ҳайдар Ал-Ибодӣ ҳушдор додааст, ки ҳузури нерӯҳои Туркия хатари як ҷанги минтақавиро афзоиш медиҳад. Пас аз тасмими ахири парлумони Туркия ва тамдиди ҳузури низомиёни турк ба муддати як соли дигар дар хоки Сурия ва Ироқ, таниш байни ду кишвар афзоиш ёфтааст. Парлумони Ироқ бо қабули як қатънома, артиши Туркияро як "нерӯи илғолгар" муаррифӣ кардааст.

Аммо раиси ҷумҳури Туркия рӯзи сешанбеи 11 октябр дархости нахуствазири Ироқро барои хуруҷи нерӯҳои Туркияро рад кард. Ӯ гуфт, ки "нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Туркия то он ҳад заъиф нашудаанд, ки аз ту дастур бигиранд."

Таниш байни Туркия ва Ироқ бар сари ин масъала, мумкин аст тарҳҳои вобаста ба амалиёти бозпасгирии шаҳри Мавсилро печидатар кунад. Раиси ҷумҳури Туркия аз омодагии кишвар барои ширкат дар амалиёт тибқи тавофуқи монанд бо он чӣ дар мавриди озодсозии Ҷуроблус дар шимоли Сурия сурат гирифт, эълом кардааст.

Шаҳри Мавсил дар остонаи як ҷанги сахт қарор дорад.

Шаҳри Мавсил дар остонаи як ҷанги сахт қарор дорад.

Артиши Туркия амалиёти баландпарвозонаеро дар хоки Сурия оғоз кардааст ва бо ҳимояти мухолифони ҳукумати Башор Асад дар моҳи сентябр тавонист шаҳри Ҷуроблисро дар наздикии марз бо Туркия аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" пас бигирад.

Аксарияти аҳолии шаҳри Мавсил араб ҳастанд, аммо ақалиятҳои ошӯрӣ, курд ва туркман низ дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд. Туркия ҳамеша аз тариқи кумак ба бархе аҳзоби туркман, аз баъзе гурӯҳҳо дар даруни ин ақалият, пуштибонӣ кардааст.

Мавсил, ки ҳудуди 1,4 миллион аҳолӣ дорад, яке аз шаҳрҳои пурҷамъият дар шимоли Ироқ ба шумор меравад ва аз соли 2014 ба ин тараф дар тасарруфи нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошад. Ҳукумати Ироқ қасд дорад бо кӯмаки нерӯҳои ҳавоии Амрико, авохири моҳи ҷорӣ амалиёти густурдаеро барои бозпасгирии ин шаҳр оғоз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG