Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 15 декабр гуфтааст, ҳамла ба расонаҳои наздик ба Фатҳуллоҳ Гюлен, бахше аз як вокуниши зарурӣ барои хунсо кардани "амалиёти касиф"-и душманони сиёсӣ аст.

Ба гузориши хабаргузориҳо, Раҷаб Таййи Эрдуғон аз юриш ба расонаҳои наздик ба фаъоли сиёсии мухолифи ҳукумати Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен ҳимоят намуда ва интиқоди Иттиҳодия Аврупо дар ин робитаро радд кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, аз як сол ба ин тараф, ки таҳқиқот дар бораи шиносоии тарафдорони Фатҳуллоҳ Гюлен дар Туркия шурӯъ шуд, юриш ба рӯзномаи "Замон" ва як шабакаи телевизионӣ, боиси шиддати ёфтани муборизаи Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва муттаҳиди собиқаш шудааст.

Раиси ҷумҳури Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро ба таъсиси ниҳодҳои параллел дар қуваи қазоия ва пулис ва ҳамчунин талош нуфуз пайдо кардан дар расонаҳо, муттаҳам мекунад. Фатҳуллоҳ Гюлен як раҳбарии мазҳабии турки сокини Амрико, ин иттиҳомотро радд мекунад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар маросиси ифтитоҳи як полоишгоҳи нафт дар наздикии Истанбул гуфт, "онҳо фарёди озодии расонаҳоро сар медиҳанд. Аммо ин иқдом ба онҳо рабте надорад. Мо нигарони гуфтаҳои Иттиҳодияи Аврупо нестем. Чӣ бихоҳанд моро ба унвони узв бипазиранд ва ё напазиранд, барои мо муҳим нест. Лутфан, виҷдонатонро барои худатон нигаҳ доред."

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе гуфт, ки ҳамла ба расонаҳо ба хилофи арзишҳои Иттиҳодияи Аврупо аст. Туркия хоҳони узвият дар Иттиҳодияи Аврупо аст. Хабаргузории "Ройтерз" менависад, пулиси Туркия 24 нафар аз мудирони раддаи боло ва фармондеҳи пешини пулисро боздошт кардааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ки стандартҳои демократияи Туркия рӯ ба беҳбудӣ аст ва амалиёт алайҳи шабакаи Фатҳуллоҳ Гюлен бахше аз иқдомот барои решакан кардани нерӯҳои зидди демократӣ аст ва ин кор идома хоҳад ёфт.

Ӯ гуфт, "ин амал коштани ниҳолҳои Туркияи нав аст. Онҳое, ки дар корҳои касиф ва равобити касиф даст доранд ва умедворанд, Туркияро ба рӯзҳои гузашта баргардонанд, ҷавоби муносибе мегиранд ва дар оянда ин вокунишҳо идома хоҳанд ёфт."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG