Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сар аз рӯзи чоршанбеи 1-уми июл ширкатҳо дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, танҳо тариқи электронӣ ба Кумитаи андоз дар мавриди падохти молиёт аз арзиши иловашуда ва ё НДС гузориш бидиҳанд.

Мақомоти Кумитаи андоз мегӯянд, минбаъд ҳисоб ё расидҳо дар шакли санад ё коғазӣ қабул карда намешаванд. Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳо қаблан ҳам имкони пешниҳоди ҳуҷҷатҳояшонро тариқи шабакаи интернет доштанд, аммо на ҳама аз он истифода мекарданд.

Вай гуфт: “Бархе ширкатҳо тариқи электронӣ ҳисоб-фактураҳои хешро пешниҳод мекарданд, баъзеашон бо коғаз. Барои он ки дар кори ҳисоби андозҳо харҷу марҷ ба вуҷуд наояд, мо тасмим гирифтем, ки аз 1-уми июл ҳамаи ширкатҳо тариқи электронӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба мақомоти андоз пешниҳод кунанд”.

Ҷаноби Ҷабборов гуфт, ҳоло танҳо ширкатҳо ва ё шахсони ҳуқуқӣ муваззаф ҳастанд, ки танҳо тариқи электронӣ аз супурдани андоз ба мақомот гузориш диҳанд. Ба гуфаи ин масъули Кумитаи андоз, соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, низ имкони бо хатти интернет пешниҳод кардани ҳисоботи андозашонро доранд.

Аммо ба таъкиди ӯ, соҳибкорон ба фарқ аз ширкатҳо имкони бо санади коғазӣ пешниҳод кардани маълумотро ба мақомоти андози маҳалли зисташонро доранд. Ба ҷуз соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ низ, ки ҳар сол ба мақомоти андоз аз мизони даромади хеш гузориш медиҳанд, имкон пайдо карданд тариқи электронӣ ба мақомоти андоз дар мавриди дороиҳои хеш маълумот пешниҳод кунанд.

Рустамҷон Ҷабборов афзуд, навоварии мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти Кумитаи андоз сурат гирифта ва иртиботи мақомоти андоз бо андозсупорандагонро осон мекунад. Вай афзуд: “Пеш соҳибкорон шикоят мекарданд, ки барои гирифтани бланкаи ҳисоб−фактура ва супоридани ҳисоботи андоз зиёд дар навбат меистанд. Ҳоло бо ҷорӣ шудани низоми ҳисоботи электронӣ, муҳосибон аз идораи худашон истода метавонанд ба мақомоти андоз ҳисобот пешниҳод кунанд”.

Ҷаноби Ҷабборов мегӯяд, ҳадаф аз ҷорӣ намудани низоми электронии пешниҳоди маълумот оид ба падохти андоз, осон кардани шароити кори соҳибкорон аст ва ин яке аз супоришҳоест, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо соҳибкорон ба Кумитаи андози Тоҷикистон додааст.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорон ва иқтисоддонҳо бар инанд, ки муҳимтарин натиҷаи ҷорӣ намудани низоми пешниҳоди электронӣ, коҳиш ёфтани фасоду ришват ҳангоми супурдани андоз хоҳад буд. Чунки ба бовари аксарият, ҳар чи коҳиш ёфтани иртиботи рӯ ба рӯи андозсупоранда бо нозири андоз эҳтимоли додану ситонидани ришваро кам мекунад.

Михаил Петрушков, раҳбари “Маркази рушди соҳибкорӣ” дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” дар ин бора гуфт: “Албатта ҷорӣ намудани низоми электронии пешниҳоди ҳисоботи андоз хуб аст. Чунки тавре медонем, ҳар қадар адозсупоранда бо мақомоти андоз камтар вохӯрад, фасод низ дар ин ҷо камтар рух медиҳад. Аммо якбора ҷорӣ кардани системаи электронии ҳисоботи андоз барои ширкатҳо мушкил пеш меорад, чунки бисёриҳо аз ин система огоҳ нестанд.”

Ҷаноби Петрушков афзуд, беҳтар мебуд барои ширкатҳо имкони бо коғаз мисли пешин пешниҳод кардани ҳисоботро нигоҳ медоштанд ва ширкатҳо бо дарки бартарии низоми нав, ихтиёран ба он мегузаштанд, на маҷбурӣ.

Бо ин ҳам бо истиқбол аз ин навгонии ҷорикардаи Кумитаи андоз Петрушков гуфт, ин ниҳод ҳанӯз ба як ислоҳоти системавӣ ниёз дорад. Чунки ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, ҳоло ҳам нозирони андоз барои ҳарчи бештар ҷарима бастани соҳибкорон манфиатдоранд ва натиҷаи кори онҳо аз рӯи шумораи ҷаримаҳояшон баҳо дода мешавад.

Ҳол он ки, ба гуфтаи Петрушков, кори нозирони андоз бояд комилан баръакс баҳогузорӣ шавад, яъне як нозир дар як моҳ ба чанд андозсупоранда ҷиҳати дуруст супурдани он кӯмак кардааст, на ҷарима.

Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, ҷорӣ кардани низоми нави андозсупорӣ соҳибкорон ва ширкатҳоро аз санҷишҳои нозирони андоз озод намекунад. Нозирони андоз ҳамоно ҳақ доранд сари чанд вақт ҳуҷҷатҳои харҷу дахл ва андозҳои супоридаи ширкатҳо ва соҳибкоронро тафтиш кунанд.

Тоҷикистон соли 2013 Кодекси нави андозро қабул кард, ки тибқи он дар кишвар 11 навъи андоз ситонида мешавад ва қарор аст, соли 2017 як навъи дигари андоз− “андоз аз истифодаи роҳ” низ бекор карда шавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар наздик ба 155 000 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Қисме аз ин афрод бо воситаи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва пантент кор мекунанд ва боқимондаашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG