Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи қарори кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, интихоботи миёнадавраии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Кӯлоб - 37, рӯзи 16 декабри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Муҳибулло Додоҷонов, муовини раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодй гуфт, мувофиқи қарори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ваколати Ҳумдин Шарифов - намояндаи мардумй аз ҳавзаи интихоботии № 37-и минтақаи Кӯлоб бино ба сабаби вафоташ аз 1 октябри соли равон қатъ карда шуд ва сар аз 17 октябр аҳзоби сиёсии Тоҷикистон метавонанд номзадҳои худро ба ҷойи ин намояндаи мардумй дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирй - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи мардумй дар порлумони кишвар гуфт, ҲНИТ аз ширкат дар ин интихобот худдорй мекунад, зеро ба тарзи демократй ва шаффоф гузаштани он шубҳа дорад.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бар ин бовар аст, ки ин интихоботи миёнадавраӣ низ ба монанди интихоботи пешин бидуни рақобати аслй ва ҷавобгуи қавонини демократй баргузор мегардад. Ва ба гуфтаи вай, ширкати аҳзоби мухолиф дар он маъное надорад.

Ва аммо Ҷурахон Буриев, раиси дастгоҳи ҲХДТ дар сӯҳбат бо радиои Озодй баён дошт, ки ҳизби онҳо дар интихоботи миёнадавраии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб-37 ҳатман ширкат ва номзади худро пешниҳод хоҳад кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 курсӣ дорад, ки аксари онҳо дар ихтиёри ҲХДТ мебошад. Танҳо се курсиро Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва дутои онро ҲНИТ аз худ кардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG