Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ 4 дарсад пешбинӣ карда, гуфтааст, ки ин рақам дар соли оянда ба 4,5 дарсад баробар хоҳад шуд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, бино ба пешбинии онҳо рушди иқтисоди кишвар фақат дар соли ҷорӣ ба 6,5 мерасад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ, ки 8 июн дар торнамои расмии ин ниҳоди байналмилалии молӣ нашр шуд, ба рукуди амиқи иқтисодӣ дар Русия ишора карда ва гуфтааст, дар пайи кам шудани пули интиқолии муҳоҷирон аз ин кишвар иқтисоди Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ зарба дидаанд. Коршиносони дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе аз шарҳи нуқтаҳои ин гузориш ва усулу меъёрҳо барои арзёбии дурнамои рушди иқтисодӣ худдорӣ карданд.

Вале бар асоси "Гузориши рушди Осиё-2016", ки моҳи марти соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Рушди Осиё дар Душанбе муаррифӣ шуд, поинравии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ идома ёфта ва рушди иқтисоди кишвар дар соли 2016 дар сатҳи 3,8 дарсад хоҳад буд. Муаллифони ин гузориш сабаби аслии коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба кам шудани мизони пули муҳоҷирон ва бозгашти шумори зиёди онҳо ба ватан ва беқурбшавии пули миллии сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ марбут дониста буданд.

Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия пули камтар фиристоданд

Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия пули камтар фиристоданд

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мизони рушди иқтисоди кишварро дар соли ҷорӣ ба ҳисоби 6,5 дарсад пешбинӣ кардааст. Фарҳоди Воситиён, муовини сардори Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти ин вазорат, рӯзи 10 июн ба Озодӣ гуфт, истифода аз захира ва имконоти дохилӣ боис ба боло рафтани мизони рушди иқтисодӣ хоҳад шуд. Ӯ бунёди корхонаҳои нав, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро аз ҷумлаи захираю имконоти дохилӣ ном бурд.

"Дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 161 корхонаи истеҳсолӣ ба кор медарояд, ки ин нишонаи рушд аст. Аз сӯи дигар, баҳои нафт дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёфта ва иқтисоди Русия беҳбуд меёбад. Дар натиҷа ҷойҳои нави кор барои муҳоҷирони тоҷик пайдо шуда ва миқдори пули интиқолӣ ба кишвар зиёд хоаҳд шуд,” – гуфт ӯ.

Баҳром Шарифов, коршиноси тоҷик, сабаби тафовут дар пешбиниҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро ба замони таҳияи ин гузоришҳо марбут медонад. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар охирҳои соли гузашта ва аввалҳои соли ҷорӣ, ки нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ 27-30 доллар буд, таҳия шудааст, ки аз шароити ҳозира фарқ дорад. Ӯ афзуд, “дар ин гузориш аз коҳиши 2,5-дарсадии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ сухан рафта ва аз ҳамин зовия ба иқтисоди давлатҳо баҳо дода шудааст. Дар ин гузориш имконоти дохилии Тоҷикистон дар назар гирифта нашудааст. Истифода аз имконоту захираҳои дохилӣ ба кишварҳои тараққиёбандае чун Тоҷикистон рабт дорад.”

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 60 дарсади корхонаҳои саноатии кишвар аз фаъолият бозмонда ё бо тавоноии хеле кам кор мекунанд. Аз ҷониби дигар, ҳанӯз рӯшан нест, ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия чи вақт лағв шуда ва ҷойҳои кор барои муҳоҷирони тоҷик фароҳам хоҳанд шуд.

Зулфиқори Исмоилиён

Зулфиқори Исмоилиён

Ба бовари Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, арзёбии на танҳо ниҳодҳои давлати Тоҷикистон, балки созмонҳои байналмилалӣ дар бораи вазъ ва дурнамои рушди иқтисоди кишвар воқеӣ набуда ва манобеи расмии Тоҷикистон бар пояи маҳсулоти истеҳсолшуда, балки бар асоси рақамҳои болоравии нархҳо дар бозор ва дар муқоиса ба нархҳои соли гузашта мизони рушдро муайян мекунанд. Ӯ гуфт: “70 дарсади омори расмӣ зиёданависӣ аст. Масалан, ду сол қабл дар ноҳияи Қубодиён ҳисобот доданд, ки дар майдони 100 гектар замин картошка кишт шудааст. Вақте комиссия санҷид, маълум гардид, ки майдони кишт танҳо 10 гектар будааст. Бар асоси ин оморҳо сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле боло буда ва ба кумакҳои байналмилалӣ ниёзе нахоҳад дошт. Аммо дар асл ин тавр нест. Сатҳи бекорию фақр дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Дар Тоҷикистон моли рақобатпазир истеҳсол намешавад, ки ба бозори ҷаҳонӣ содир шавад.”

Инчунин, ба қавли ин иқтисоддон, беш аз 7 дарсад боло рафтани мизони таваррум, бӯҳрони иқтисодӣ ва беқурбшавии пули миллии сомонӣ ӯро ба рушди ҳудуди ҳафтдарсадии иқтисоди кишвар хушбин намекунад. “Ҳудуди 4 баробар афзоиш ёфтани воридот нисбат ба содирот дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон на нишонаи рушд, балки рукуди иқтисодӣ аст,” – хулоса кард Зулфиқори Исмоилиён.

Коршиносон мегӯянд, барои рушди пайвастаи иқтисоди Тоҷикистон боло бурдани мизони истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ислоҳот дар бахши тиҷорат, ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди кишвар, коҳиши вобастагӣ аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастёбӣ ба амнияти энергетикӣ зарур аст. Созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла, Бонки рушди Осиё гуфтааст, ки 70 дарсади аҳолӣ ва бештари корхонаҳои саноатӣ дар фасли зимистон аз бебарқӣ азият кашида, ин мушкил монеи асосӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон шудааст ва хисороти солонаи он тақрибан ба 3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) баробар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG