Пайвандҳои дастрасӣ

Соле баъд - Сайҳун ҳамоно "шаҳри орзуҳо" аст? ВИДЕО


Тарҳи манзили бисёрошёнаи "Навобод", ки бояд дар ҳудуди шаҳри Сайҳун бунёд шавад

Тарҳи манзили бисёрошёнаи "Навобод", ки бояд дар ҳудуди шаҳри Сайҳун бунёд шавад

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз таъхир дар бунёди инфрасохтории шаҳри Сайҳун изҳори нигаронӣ кард ва аз зердастонаш хост, ки барои суръат бахшидани корҳои сохтмони манзилҳову ободонии ин шаҳри тозабунёд иқдом кунанд. Рӯзи чоршанбеи 5-уми октябр раиси вилоят дар муроҷиат ба зердастонаш гуфт, ки бояд ба сокинони камбизоати минтақа дар дастрасӣ ба манзили зист дар шаҳраки нави Сайҳун дасти ёрӣ дароз кунанд.

Вай гуфт: “Ман ба раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳам раиси Хуҷанд, ҳам ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтам, ки ба одамони камбизоат як-ду мошин сангу хок ва регро то назди замини наздиҳавлигиашон бепул дастрас кунед. Фақат ба оилаҳои камбизоат. Инро дар назар бигиред.”

Даромади оилавии Малика Бобоева барои зиндагии ҳаррӯза базӯр мерасад. Ду писари ӯ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳамчунин таҳти таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар он кишвар аз даромади хуб маҳрум шудаанд. "Дар ин ҳолат фикри хонасозиро ақиб андохтем”

Бунёди шаҳри навбунёди Сайҳун, воқеъ дар 10-километрии шимоли Хуҷанд соли 2014 босуръат оғоз ёфт ва баъди як соли кори пуршиддати сохтмон таҳти таъсири бӯҳрони молӣ ҳамин тавр босуръат боздошта шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Қодирӣ, дар 2 соли гузашта беш аз 6 ҳазор сокини эҳтиёҷманд дар Сайҳун соҳиби 6-10-сотихӣ замин шуданд. Вале то кунун танҳо ҳудуди 500 нафар ба сохтани девору бунёди манзил шурӯъ кардаанд. Раиси Суғд таъкид кард, агар сокинони соҳиби замин дар Сайҳун ба сохтмон сар накунанд, баъд аз 3 соли гирифтани қитъаҳо аз ҳақи соҳибӣ ба ин заминҳо маҳрум мешаванд ва ин заминҳо ба касони дигари дар навбатистода дода мешавад.

Малика Бобоева, зане аз шаҳри Хуҷанд аст, ки баъд аз 10 соли навбат аз аввалинҳо дар шаҳри Сайҳун соҳиб 6 сотих замин шудааст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳи шавҳар ва се фарзанди бузургсолаш дар як хонаи якҳуҷраии танг зиндагӣ доранд ва 2 сол пеш ният доштанд соли дигар хонаи нави худро дар Сайҳун бӯрёкӯбон кунанд. Аммо бӯҳрони молӣ ин нияти онҳоро барбод дод. Хонум Бобоева гуфт, даромади оилавии онҳо барои зиндагии ҳаррӯза "базӯр мерасад". Ду писари ӯ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳамчунин таҳти таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар он кишвар аз даромади хуб маҳрум шудаанд. "Дар ин ҳолат фикри хонасозиро ақиб андохтем”, гуфт ӯ.

5 маи соли 2015 маросими ифтитоҳи тарҳи шаҳри нави Сайҳун бо иштироки президент баргузор шуд

5 маи соли 2015 маросими ифтитоҳи тарҳи шаҳри нави Сайҳун бо иштироки президент баргузор шуд

Малика Бобоева гуфт, ки кори ҳадди аққале, ки аз дасти онҳо омад,ободу сабз кардани замини назди ҳавлиашон дар Сайҳун буд, вале ин кор ҳам ба сабаби набуди хати обу барқ дар маҳаллаашон нотамом монд.

Яҳё Баҳодуров, раҳбари як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ширкаташ мехост барои фурӯш ба сокинони миёнаҳоли шаҳри Сайҳун биноҳои дорои манзилҳои як ва дуҳуҷраии арзон бисозад. Онҳо ҳанӯз тобистони соли гузашта лоиҳаи бунёди се бинои 12-ошёна дар шаҳраки Сайҳунро рӯи даст гирифта буданд, вале бо сабаби "бӯҳрони иқтисодӣ ва набудани маблағ ҳама кор қатъ шуд". Ба қавли Баҳодуров, вазъи дигар ширкатҳо ҳам ҳамингуна аст.

Шаҳрсозӣ дар шимоли Тоҷикистон аз барномаҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон буд, ки се сол пеш иҷрои ӯ шурӯъ шуд. Дар тӯли соли 2015 сохтмони шаҳри Сайҳун дар канори Хуҷанд, Маҳпарӣ дар канори Исфара, Баҳористон дар канори Истаравшан ва Меҳробод дар назди Мастчоҳ оғоз гардид. Ин шаҳрҳо бо гунҷоиши аз 200 то 300 ҳазор аҳолӣ қарор аст сокинони эҳтиёҷманд ба манзил ва беҳтар кардани шароити зистро бо замину манзили худӣ таъмин кунад.

93 дар сади замини ин кишвар кӯҳистон аст ва таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва ҷойҳои корӣ аз мушкилоти рақами аввали ин ҷумҳурии дорои 8,5 миллион ҷамъият мебошад.

Тирамоҳи соли ҷорӣ мақомоти Суғд ба бахше аз корҳо суръат бахшиданд, аз ҷумла хатҳои нави обу барқ ва бунёди роҳҳоро дар Сайҳун ва чор шаҳри дигари навбунёди минтақаро идома дода, сокинонро ба суръат бахшидани ободкории замини наздиҳавливу сохтани хонаи шахсӣ ташвиқ карданд.

Ин аввалин таҷрибаи бунёди шаҳрҳои нави дорои бинову иншоот ва инфрасохтори муосир дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон аст. 93 дар сади замини ин кишвар кӯҳистон аст ва таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва ҷойҳои корӣ аз мушкилоти рақами аввали ин ҷумҳурии дорои 8,5 миллион ҷамъият мебошад. Аз ибтидои солҳои 1990-ум, бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар то аввалҳои даҳаи дуюми асри 21 ҳукумат аз тақсими замин ба сокинон барои хонасозӣ худдорӣ мекард ва ҳазорон хонаводаҳо дар манзилҳои танг ва шароити ногуворе ба сар мебурданд. Билохира, соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур дар бораи додани қитъаҳои замин барои сохтани манзил ба сокинон қарор кард. Биноба омори расмӣ, дар 6 соли охир беш аз 86 ҳазор сокини эҳтиёҷманди вилояти Суғд соҳиби қитаъҳои замин барои бунёди манзили шахсӣ шуданд.

Видео-гузориш аз шаҳри Сайҳун аз 20 апрели соли 2016:

XS
SM
MD
LG