Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб рӯзи 24-уми август мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани (вокзал) Душанбе ба тарафи Кӯлоб ҳаракат кард.

Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар сафар шоирон Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Низом Қосим ва Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳо ҳамроҳӣ кардаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳини ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ифтитоҳи ин шоҳроҳро барои мардуми Тоҷикистон ва ба хусус сокинони Хатлон рӯзи таърихӣ хондааст. Оқои Раҳмон гуфтааст, "дар арафаи биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳими мо амалӣ гардид."

Масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ки ин роҳ дорои аҳамияти иқтисодӣ буда ва бо бунёди он, роҳи оҳани қаблии Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки бо убури марз 432 километро дар бар мегирифт, 313 километр ихтисор шуд ва дарозии он ҳоло 119 километрро ташкил медиҳад.

Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин шоҳроҳ 3 нақб бо дарозии 3643 метр, инчунин, 8 пул бо дарозии 683 метр бунёд шудааст. Мутахассисон ба ин боваранд, ки даромади солонаи иқтисодии ин тарҳ 46 миллион сомониро дар бар мегирад, ки тибқи пешбиниҳо, давоми даҳ соли оянда ҳама хароҷотеро, ки барои он сарф шудааст, ҷуброн хоҳад кард.

Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, бунёди ин роҳи оҳан вилояти Хатлонро аз инзивои иртибототӣ ва иқтисодӣ раҳо хоҳад кард. Дар зимн, баъд аз он ки Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Тирмиз хароб кард, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло мувоҷеҳ шуданд. Нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт. Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қатъ шудани равуои қатораҳо тариқи Амузанг–Хатлон, чор соли пеш дар соли 2012 ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷануб бо марказ – ба сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб иқдом кард.

Ҳамакнун роҳи оҳани мазкур ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам барои боркашонӣ истифода хоҳад буд. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон яке аз қисматҳои ин роҳи оҳан аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам як соли пеш дар оғози сохтмони нақбҳои роҳи оҳан дар ин масир таъкид карда буд, ки қимати интиқоли бор аз пойтахт ба ҷануби Тоҷикистон аз 120 сомонии қаблӣ то 30 сомонӣ поин хоҳад омад.

Масъулони ширкати Роҳи Оҳан мегӯянд, боз шудани ин роҳ имкони ба таври муназзам интиқол додани молу коло миёни пойтахт ва қисмати ҷанубии кишварро фароҳам месозад. Ҳадди имкон воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон метавонад мизони болоравии нархро дар бозорҳои пойтахт, танзим кунад. Инчунин содироти маҳсулоти кишоварзии ҷануби Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бештар хоҳад шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 977 километр роҳи оҳан вуҷуд дорад ва бар асоси омори расмӣ, дар 25 соли истиқлолият 208 километр роҳи оҳан нав сохта шудааст, ки дарозтарини онҳо роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб аст, ки 132 километр дарозӣ дорад.

Дар шаш аввали моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ дар роҳи оҳани Тоҷикистон наздик ба 3 миллион тоннаро ташкил додааст, ки нисбати як соли пеш се дарсад зиёд будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG