Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори Душанбе дар ҳисоботи расмиаш аз кори мактабу муассисаҳои таълимии пойтахт изҳори ноқаноатмандӣ кардааст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар торнамои расми худ гуфтааст, бо вуҷуди дастгириҳои назаррас аз сӯи шаҳрдорӣ, “дар соли хониши 2012-2013 танҳо 6 нафар ба гирифтани медали нуқра сазовор шуданд. Ҳол он ки дар солҳои 2011 – 2012 4 хатмкунанда сазовори медали тилло ва 17 нафар ба медали нуқра ноил гардида буданд.»

Дар ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе доир ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2013 омадааст, нишони кам гирифтани муҳассилини мактабҳо “шаҳодат медиҳад, ки дар ташкили низоми таълиму тадрис дар системаи маорифи шаҳр аз ҷониби масъулин ба саҳлангориҳо роҳ дода шуданд, ки боиси паст шудани сифати дониш ва нишондодҳои соҳа гардид.”


Қаблан вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон низ хабар дод, ки дар соли таҳсили 2012-2013 толибилмеро, ки сазовори нишони тило бошад, пайдо карда натавонистааст.

Ҳамидуллохон Фақиров

Ҳамидуллохон Фақиров

Ҳамидуллохон Фақиров, сардори идораи маорифи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар асл аз муассисаҳои таълимии пойтахт довталабони медали тило ва нуқра зиёд буданд, аммо аз байни онҳо танҳо 6 нафар тавонистанд нишони нуқра ба даст оранд. Фақиров натиҷаҳои имсоларо ба барномаҳои озмун ва сахттар шудани меъёрҳои таҳсил бастагӣ медиҳад: «Шояд барномаҳо мушкил буданд. Имсол дар ҳақиқат ягон нафар медали тило нагирифт. Солҳои пешин бештар медали тилову нуқра мегирифтанд, аммо ин маънои онро надорад, ки сифати таълим дар мактабҳо паст шуда бошад.»

Аммо довталабони медали тилову нуқра мегӯянд, барномаҳои ин озмун ба барномаҳои таълимии мактаби миёна мутобиқ набуда, бар пояи барномаи таълимии донишгоҳҳо дуруст карда шудааст. Шаҳбоз Раҳимов, як хатмкарда аз шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи худаш, довталаби медали тило буд, мегӯяд: “Ба далели хеле мушкил будани барномаи озмун медал нагирифтам.”

Масъулони вазорати илму маориф мегӯянд, онҳое ки ба озмуни довталаби медали тилло ва нуқра роҳ меёбанд, аз санҷиши кумиссиюнҳои махсус мегузаранд ва ба вазорат пешниҳод мешаванд.

Наврӯз Хокироев

Наврӯз Хокироев

Наврӯз Хокироев, як масъули раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат ба Озодӣ гуфта буд, “бар асоси низомнома, нафароне ба рӯйхати довталабони медалҳои тило ва нуқра дохил мешаванд, ки синфи нӯҳро ҳам бо шаҳодатномаи аъло(сурх) хатм кардаанд.”

Тибқи иттилоъи ин вазорат, ба озмуни довталабони медалҳои тило ва нуқраи соли таҳсили 2012-2013 ҳуҷҷатҳои 128 нафар пешниҳод шуда буд, вале дар ниҳоят танҳо 14 нафар ва он ҳам ба медали нуқра сазовор дониста шуданд, аз ҷумла 6 хатмкардаи мактабҳои Душанбе. Ин дар ҳолест ки дар соли таҳсили 2011-2012 5 хатмкунанда медали тило ва 36 нафар нуқра гирифта буданд.

Нишони тило натанҳо баландтарин баҳо ба дониши хатмкунандагон аст, балки имтиёзҳои фаровоне ҳам дошта, роҳи толибилми медалдорро ба мактабҳои олӣ ҳамвортар мекунад. Дар 140 мактаби миёнаи воқеъ дар шаҳри Душанбе беш аз 7 ҳазор омӯзгор ба таълиму тадриси тақрибан 173 ҳазор шогирд машғуланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG