Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки гумонбари садамаи маргборе, ки рӯзи 7 март боиси марги як ва ҷароҳати ду мактабхони дигар гардид, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе будааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки гумонбари садамаи маргборе дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 7 март рух дод, Ҳусейн Қурбонов, як марди 25-солаи сокини пойтахт мебошад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як масъули ВКД хабар дод, ки ин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Л.Шералӣ ба самти кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти умуми №14 бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, се ноболиғро пахш кард. Дар натиҷа яке аз ин се мактабхон ба ҳалокат расида ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон мунтақил шуданд.

Баъди боздошти ронандаи гумонбар, таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст. Аз рӯи сӯҳбатҳои шоҳидон, баъди рух додани садама, ронанда кӯшиш кард аз маҳалли ҳодиса фирор кунад, вале баъди муддате боздошт шуд.

Садами маргбор қабл аз зӯҳри 7 март дар гузаргоҳи назди мактаби тоҷикию русии рақами 14, ки дар канори роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, рух дод. Хонандагони синфҳои панҷ Карима Қурбонова, Ширин Қаюмова ва Сафина Наврӯзова ҳангоми убур аз гузаргоҳ зери чархи мошини тамғаи "Опел" мондаанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҳангоми гузаштан аз роҳ троллейбус, ки аз хати якум мегузашт ба наврасон роҳ дода, аммо мошини сабукрави хатти дуввум бо суръати баланд ҳаракатро идома дода ва хонандаҳоро пахш кардааст. Модари як хонандаи мактаби рақами 14, ки шоҳиди ин ҳодиса буд, мегӯяд: “Духтарчаҳо даст ба дасти якдигар дода аз роҳ мегузаштанд. Мошин бо суръати баланд меомад ва онҳоро зер кард. Дидам, ки кӯдакҳо париданд, ман дод задам ва дигарашро дар ёд надорам.”

Дар паи ин ҳодиса Карима Қурбоноваи 11-сола бо осеби ҷиддии косахонаи сар фавтида, Сафина Наврӯзова ва Ширин Қаюмова, ду хонандаи дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳоло вазъи саломатии Сафина миёна ва Ширин нисбатан беҳтар арзёбӣ мешавад. Наздикони Ширин аз нақли ӯ мегӯянд, ин ҳодиса ҳангоми танаффус рух додааст. Хонандагон ба хотири харидани яхмос хостанд ба тарафи муқобили роҳ гузаранд ва ба садама дучор шудаанд.

Шарофат Қаюмова, модаркалони Ширин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Одатан мошини мактаб онҳоро то хона меорад, аммо як-ду рӯз пеш фаҳмидам, ки аз роҳ гузашта ҳамроҳи дугонааш бо маршрутка омадааст, хавотир шудам, сарзанишаш кардам, аммо Ширин гуфт ҳамроҳ бо як зани калонсол аз роҳ гузашт. Дилам то имрӯз сиёҳ буд, мисле, ки чи ҳодисае мешавад ва шуд. Хушбахтона дидам, саломатиаш чандон бад нест. Дасту пояш зарб хӯрдааст, рӯяш ҳам чанд ҷо харошидагӣ. Мехостам мактаб ба ин масъала ҷиддӣ таваҷҷӯҳ кунад, чун мактаб дар сари роҳи мошингард аст ва онҳо бояд хонандаҳоро беназорат намонанд ”.

Шарофат Қаюмова, бибии Ширин

Шарофат Қаюмова, бибии Ширин

Шоҳидон рӯзи 7 март гуфтанд, ки ронанда, ки баъд аз пахш кардани наврасон талоши гурехтанро дошт, вале боздошт шуд. Ба гуфтаи волидони хонандаҳо, ин аввалин чунин ҳодисаи маргбор дар назди мактаби 14 нест. Гуфта мешавад, 5 соли пеш як ҳамсабақи ин духтарҳо ҳам дар пайи чунин як садама аз дунё гузаштааст ва ҳамчунин моҳи сентябри соли равон айнан дар ҳамин гузаргоҳ хонандаи дигаре зери чархи мошин монд. Манзура, модари яке аз хонандаҳои мактаби рақами 14 мегӯяд: “Ронандаҳо қоидаҳои роҳро риоя намекунанд. Бояд онҳо дар гузаргоҳ эҳтиёт кунанд. Ин гузаргоҳ чароғак надорад. Дар ҳама ҷо камера ҳаст, ин ҷо нест.”

Ин фоҷеаи хунин, риоя нашудани қоидаҳои роҳ ва махсусан мушкили набуди чароғак дар назди мактаби рақами 14 ва дигар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳрро вирди забонҳо кардааст.

Атрофи мактаби тоҷикию русии рақами 14 панҷарапеч аст ва маъмурияти мактаб мегӯянд, онҳо пайваста ба кӯдакон дар мавриди қоидаҳои роҳ таъкидҳо мекунанд. Волидони хонандагони мактаб барои бехтарии фарзандони худ қаблан чанд бор ба ниҳодҳои масъул барои насби чароғак дар назди гузаргоҳи мактаб муроҷиат карда будаанд. Аммо ин муроҷиат ҷиддӣ гирифта нашудааст. Кӯдакон маъмулан тавассути гузаргоҳ аз роҳи сермошин убур мекардаанд, гузаргоҳе, ки на ҳамеша ронандагон ҳангоми ҳаракат эҳтиёт мекунанд ва ба пиёдагарди хурдсолро роҳ медиҳанд.

Бино ба омори расмӣ, дар як соли гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард беш аз 400 нафар ба ҳалокат расидааст. Аксаран қурбониҳои садамаҳо хурдсолон мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG