Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерал Дӯстум аз Русия кумаки низомӣ хост


Генерал Дӯстум бо Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон

Генерал Дӯстум бо Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон

Дар пайи ҳамлаҳои густардаи гурӯҳи Толибон дар бахши аъзами Афғонистон Абдулрашид Дӯстум, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон ба кумаки Русия, мутаффиқи қаблӣ умед бастааст.

Абдулрашид Дӯстум, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон ва хатмкардаи Академияи низомии Иттиҳоди Шӯравӣ умедвор аст, ки бо истифода аз собиқаи дӯстӣ бо Маскав барои беҳбуди вазъияти амниятӣ дар Афғонистон аз Русия кумаки низомӣ дарёфт кунад. Генерал Дӯстум дар ҷараёни дидораш аз Русия дар ҳафтаи гузашта бо мақомоти баландпояи амниятии он кишвар мулоқот карда ва дархост намудааст, то ин кишвар барои артиши 350-ҳазорнафарии Афғонистон силоҳҳои вазнин ва чархболҳои ҷангӣ бидиҳад.

Султон Файзӣ, сухангӯйи Дӯстум дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "Русия дар садад аст барои нерӯҳои заминӣ ва ҳавоии Афғонистон кумакҳои низомӣ ирсол кунад. Ҳоло артиши Афғонистон ба ҳавопаймоҳои ҷангӣ, силоҳу муҳимоти муосири ҷангӣ ниёз дорад. Мо дар заминаи мубориза бо терроризм ба пуштибонии Русия ниёз дорем."

Файзӣ афзуд, Маскав ваъда додааст, пешниҳоди дархости кумаки низомӣ ба Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон, Султон Файзӣ гуфт, ки дар мулоқоти генерал Дӯстум бо мақомоти баландпояи Русия мавзӯи вуруди эҳтимолии нерӯҳои заминии Русия ба Афғонистон матраҳ нашудааст. Дар зимн, дар ҷараёни ширкати нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷангҳои Афғонистон дар солҳои 1979-1989 ҳудуди 15 ҳазор сарбози Шӯравӣ кушта шуда буд.

Дидори генерал Абдулрашид Дӯстум ба Маскав замоне сурат гирифтааст, ки гурӯҳи Толибон дар чанд вилояти Афғонистон ҳамлаҳоеро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи Толибон бо як ҳамлаи ғофилгир аз се ҷониб вориди шаҳри Кундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон шуданд. Ҳукумати Афғонистон ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ хонда ва эълон карда буд, ки дар он ҷангҷӯёни шабакаи "Ал-Қоида", Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ даст доштаанд.

Дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон таъкид шуда буд, ки нерӯҳои тозанафас аз Тахор, Балх ва Кобул ба Кундуз расида ва ин шаҳр аз дасти гурӯҳи Толибон озод шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG