Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори вазнини қарзҳои бонкӣ


Муштариён дар Тоҷикистон 1 миллиарду 612 миллион сомонӣ қарз гирифта, аммо натавонистаанд ин маблағҳоро ба бонкҳо бозпас гардонанд. Бонкҳо талош мекунанд бо роҳи фурӯхтани гарави гузоштаи муштарӣ қарзашонро ситонанд.

Султон, сокини шаҳри Истаравшан, як сол пеш аз бонк барои ривоҷ додани кораш доллар қарз гирифта буд, аммо наметавонад қарзро сари вақт баргардонад. Султон қассоб аст ва мегӯяд, дар ин миён қурби доллар нисбат ба сомонӣ ба шиддат боло рафт ва аз сӯи дигар харидорони гӯшт ҳам кам шуданд.

"Ҳоло аз ду бонк қарздорам. Баъд аз тағйир ёфтани қурби доллар зарар дидам. Чунки бар замми фоизҳои бонк ҳар моҳ 2400 сомонӣ бештар ба бонк пул месупорам," -- шикоят кард соҳиби дӯкони гӯштфурӯшӣ.

Ин танҳо Султон нест, ки ба хотири равнақи кораш аз бонк қарз гирифта, аммо фоидае ба даст наовард. Даромади садҳо муштарии бонкҳо дар пайи коҳиш ёфтани интиқоли пул аз хориҷи кишвар ва таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт ва онҳо дигар имкони саривақт богардондани қарзи бонкиро надоранд.

Бинобар маълумоти тозаи Оҷонсии омор то санаи 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои падохтношуда дар бонкҳо ба 1 миллиарду 612 миллион сомонӣ расидааст, ки аз ин ҳудуди 30 дарсадаш бо пули миллӣ ва 70 дарсади дигараш қарз бо асъори хориҷист.

Далер Ҷӯраев, муовини роҳбари аввали Бюрои кредитӣ дар Тоҷикистон, 24 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соли равон бокҳо натавонистаанд пули худро аз қарздорҳо сари вақт дастрас кунанд. "Агар солҳои қаблӣ аз ҳисоби умумии қарзҳои додашон танҳо 3-4 фоизашон саривақт барнамегашт, ҳоло ҳаҷми қарзҳои саривақт пардохтношуда ба 10-11 дарсад расидааст. Ҳаст бонкҳо ва ташкилоти хурди қарзӣ, ки ҳаҷми қарзҳои сарвақт пардохтношудаашон аз портфели умумии қарзҳо ба 30 дарсад расидааст," -- гуфт Далер Ҷӯравев.

Бонкҳои Тоҷикистон дар сурати сари вақт пардохт нашудани қарзи бонк талош мекунанд ё аз кафилҳо (поручитель) ва ё бо роҳи фурӯхтани гарави гузоштаи муштарӣ қарзашонро ситонанд. Ду бонки тиҷоратӣ ва ё як ташкилоти қарзӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки бо назардошти дар вазъияти душвор қарор гирифтани муштариҳо ба онҳо ду имтиёз пешниҳод мешавад:

-тамдид кардани мӯҳлати пардохти қарз

-қатъ кардани фоизҳои изофашаванда ба қарз.

Аммо Баҳром Шарифов, таҳлилгари умури бонкӣ, ки собиқаи кор дар “Агроинвестбонк”-ро дорад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бонкҳо, ҳатто дар ҳолати ноилоҷӣ қарор гирифтани муштарӣ ҳамимкон надоранд, қарзи ӯро бубахшанд. “Бонкҳо қисми маблағашонро аз худи аҳолӣ ба амонат гирифтаанд. Онҳо дар назди амонатгузоронашон ҳам масъулият доранд, ки дар муддати муайян ин маблағро бо фоизҳояш ба амонатгузорон бозпас бигардонанд. Ба ҳамин хотир 10 ва ё бист сол ҳам гузарад, бонкҳои Тоҷикистон имкон надоранд ба касе пули қарзҳои гирифтаашонро бибахшанд,” -- гуфт Баҳром Шарифов.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, зиёд шудани қарзҳои пардохтношуда қабл аз ҳама ба ҷаҳиши қурби доллар нисбат ба сомонӣ рабт дорад. Чунки дар як муддати кӯтоҳ қарзи гирифтаи одамон ба маротиб зиёд шуд ва бисёриҳо имкони бозгардондани пулро аз даст доданд. Гузашта аз ин ба гуфтаи Шарифов даромади аҳолӣ дар пайи бӯҳрон ва иҷро нашудани қисмати даромади будҷа иҷрод коҳиш ёфт ва ин омилҳо пардохти саривақтии қарзро номумкин карданд.

Муштариҳои бонкҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, мизони баҳраи қарзҳои бонкӣ дар кишвар ниҳоят гарон аст ва ин бозпас додани қарзро дучанд мушкил мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон бонкҳо бо фоизи солонаи аз 14 то 38 дарсад баҳра дар як сол ба муштариёнашон қарз медиҳанд.

Ниҳоят гарон будани мизони фоизҳои бонкиро Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ низ эътироф кард ва гуфт, ба хотири поин бурдани мизони баҳраи қарҳои бонки онҳо нархи воқеии ҳар навъи қарзро дар бонкҳои алоҳида таҳлил мекунанд. Ӯ гуфт, “вақти он расидааст, ки бонкҳо ба мардум хизмат кунанд, на мардум ба бонкҳо”.

XS
SM
MD
LG