Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ҳам “Ҳотами Той” дорад?


Владимир Потанин, миллиардери рус

Владимир Потанин, миллиардери рус

Владимир Потанин нахустин миллиардери рус аст, ки мехоҳад нисфи дороиҳои худро сарфи корҳои хайрия кунад.

Потанин, ки ҷамъи дороиҳояш 14,5 миллиард доллар баровард мешавад, эълон кардааст, ки бо ин иқдом мехоҳад шонаи фарзандони худро аз “бори гарони сарвати беш аз ҳадд холӣ кунад.”

Гурӯҳи миллиардерҳое, ки мехоҳанд дастикам нисфи дороии худро ба сандуқҳои хайрия бисупоранд, то имрӯз 105 сармоядори бузургро дар бар мегирад. Аммо оё соҳибкорҳои тоҷик низ метавонанд аз чунин ибтикор пайравӣ кунанд ва ҳадди ақал як бахши сарвати худро бо дигарон ба ҳам бинанд?


Владимир Потанин, молики ширкати “Интеррос”, гуфтааст, ба The Giving Pledge мепайвандад, чунки “ин ибтикори фавқулодда шоистаи дастгирист.” Соҳибкори 52-солаи рус, ки дороии бузургашро асосан дар солҳои 90 дар ҷараёни хусусигардонии корхонаҳои бузурги саноатии Русия ба даст овардааст, дар номааш ба The Giving Pledge навиштааст, мехоҳад бо ин иқдом фарзандони худро аз бори гарони сарвати беш аз ҳадде, ки “метавонад онҳоро аз азми мустақилона ба чизе ноил шудан дар зиндагӣ маҳрум созад”, халос кунад.

Ташаббуси хайри Гейтсу Баффет

Маъракаи The Giving Pledge дар моҳи июни соли 2010 аз ҷониби миллардерҳои амрикоӣ Билл Гейтс ва Уоррен Баффет таъсис ёфт. Онҳо аз боқӣ сарватмандҳои дунё низ даъват карданд, ки дастикам нисфи сарвати худро на ба фарзандон, балки ба сандуқҳои хайрия васият кунанд. Ибтидо ин маърака танҳо дар Амрико ҳаводорӣ пайдо кард ва 93 узви аввали ин гурӯҳ танҳо аз Амрико буданд. Вале тавре ба назар мерасад, батадриҷ аз дигар гӯшаҳои дунё низ афроди сарватманд ба ин маҳфили “Ҳотамҳои Той”-и муосир ҳамроҳ мешаванд.

Билл Гейтс

Билл Гейтс

Дар ҳоли ҳозир, The Giving Pledge 105 миллиардерро муттаҳид мекунад, ки ҷамъи дороиҳояшон 500 миллиард доллар баровард мешавад. Яъне агар ин мардум ба ваъдаи худ вафо карда, нисфи сарвати худро ба сандуқҳои хайрия васият кунанд, барои анҷоми корҳои хайр аз ҳисоби танҳо ҳамин 105 “бойбобо” дастикам 250 миллиард доллар ҷамъ хоҳад шуд, ки албатта, пули андак нест ва метавонад ба ҳалли мушкили даҳҳо миллион мардуми ниёзманд ва иҷрои тарҳҳои муҳими иҷтимоӣ дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон кумаки қобили мулоҳиза расонад.

Русия дар ҳоли ҳозир ватани 131 миллиардер аст, ки ҷамъи сарвати онҳо 450 миллиард доллар ҳисоб мешавад. Аксари онҳо чун Потанин дар солҳои 90 бо “шарофат”-и хусусигардонӣ, иртиботи наздик бо мақомоти аввал ва фасод дар як муддати хеле кӯтоҳ даст ба чунин сарват ёфтаанд ва аз ин рӯ, назарҳо дар ҷомиаи Русия нисбат ба ин тоифа асосан бадбинона аст. Вале Потанин аз ин миён нахустин нафарест, ки мехоҳад бо ихтиёри худ шонаашро аз нисфи ин давлати бузург холӣ кунад. Ва шояд ба ҳамин хотир, ки ҳамин бадбинӣ нисбат ба манбаъи дороиҳои худро то ҷое рафъ кунад ва бигӯяд, ки ҳарчӣ аз мардум гирифтам, ба ҳамин мардум бармегардонам. Зимнан шарики собиқи тиҷории ӯ Михаил Прохоров дар пешорӯи интихоботи соли гузаштаи раёсатҷумҳурии Русия низ эълон карда буд, ки дар сурати расидан ба мақоми президентӣ аз баҳри 13 миллиард доллар дороияш хоҳад гузашт. Вале Прохоров дар ниҳоят танҳо севум шуд ва аз чунин “талафоти бузург”-и молӣ наҷот ёфт.

Тоҷикистон: Бояд аввал Гейтсу Потанин сохт...

Зайд Саидов, соҳибкори маъруфи тоҷик

Зайд Саидов, соҳибкори маъруфи тоҷик

Албатта, дар Тоҷикистон ҳанӯз сарватмандоне, чун Гейтс, Баффет ё Потанин “насабзидаанд”, ҳарчанд ба ҳисоби Tax Justice Network, як муассисаи мустақили бритониёӣ, то соли 2011 танҳо аз Тоҷикистон 2,3 миллиард доллар ба минтақаҳои оффшорӣ рафтааст. Вале оё сарватмандони тоҷик низ омода ҳастанд, ки аз он сарвати дар муқоиса бо миллиардҳои Потанин камтари худ ҳам як бахшеро бо дигар мардуми мӯҳтоҷ ба ҳам бинанд?

Зайд Саидов, молики “Тоҷсохтмон Интенешнал”, яке аз ширкатҳои бузурги сохтмонии Тоҷикистон, мегӯяд, тоҷирони тоҷик аз лиҳози тавоноии молӣ ҳамсанги миллиардерҳои аввали дунё нестанд, вале ба сурати умум, ибтикори Потанин як амали савоб ва намунаи ибрат аст, аз ҷумла барои сарватмандони тоҷик: “Назари ман бисёр хуб аст, чунки ҳам аҳамияти тарбиявӣ дорад ин амал ва ҳам нишон медиҳад, ки шахс бояд худаш заҳмат бикашад ва бо меҳнати ҳалоли худ соҳиби давлату сармоя шавад. Вақте аз падар захираҳои бузурги моливу корхонаҳо ва сармояи зиёд мерос мегирад, шояд танбал шавад. “

Фалсафаи закот

Рӯҳонии тоҷик Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, шариати исломӣ ба ҳар мусалмон иҷозат медиҳад, ки тамоми давлати худро дар зиндагиаш сарфи корҳои хайрия ё ба ҳар каси дилхоҳ тӯҳфа кунад, вале баъди марг танҳо сеяки дороии худро метавонад ба бегонагон васият кунад, зеро боқӣ меросаш ҳаққи ворисони ӯст. Ин рӯҳонӣ меафзояд, дар Ислом меъёрҳои дигаре, чун садақаву закот низ ҳаст, ки натиҷаву савобаш тоза шудани моли мардуми дорост, вале фалсафааш – рафъи ҳар навъ бадбинӣ байни қишрҳои дорову нодори ҷомиа:

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик

“Ҳадафи асосии закот то як андоза таъмин кардани баробари иҷтимоист. Агар дар ҷомиа як гурӯҳи хурд бойи бой шаваду мардуми зиёд камбағал бимонад ва агар ин аз ҳадд гузашт, ҳар бало пеш омада метавонад. Барои ҳамин, закоту ҳамаи садақаҳое, ки ҳаст, ба хотири кам кардани фарқи байни табақаи бою камбағал аст. Ҳамзамон закот дар дили табақаҳои мухталифи ҷомиа нисбат ба ҳамдигар тухми меҳру муҳаббат мекорад.”

Ҳаҷми закот тақрибан дувуним фоиз аз ҷамъи дороии ҳар мусалмони воҷибулзакот аст, ки бояд соле як бор бояд байни мардуми ниёзманд тақсим кунад. Пардохти андози давлатӣ аз закот маоф намекунад. Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, албатта, на ҳама, вале шумори зиёди мардуми доро дар Тоҷикистон закоти худро месупорад: “Ҳисоби пулӣ – пулу тилову нуқраву ин чизҳо – 2,5 фоиз аст. Ҳисоби чорво дигар аст, вале тақрибан ҳамин аст, чунки закоти 40 гӯсфанд як гӯсфанд, ки ҳамон 2,5 фоиз мешавад. Онҳое ки мусалмони воқеъиянду ибодатҳоро ба ҷо меоранд, закоти худро медиҳанд. Дар моҳи Рамазон ман нафаронеро ҳам дидам, ки то 10 000 доллар закот доданд. Аммо онҳое, ки парвои рӯзаву намоз надоранд, парвои закот ҳам надоранд.”

Тоҷикистон, ба бовари бисёриҳо, то ҳол дар марҳалаи ибтидоии гузариш ба сохти сармоядорӣ пой мезанад ва нухбагони майдони тиҷораташ ҳанӯз ба андӯхтани сармояи ҳарчӣ бештар бартарӣ медиҳанд, то ба ҷустани савоб. Вале Зайд Саидов, раҳбари ширкати “Тоҷсохтмон” мӯътақид аст, ки амали савоб ба баракати кори ҳар тоҷир меафзояд ва аз Тоҷикистон ҳам дар оянда ҳатман “Ҳотамҳои Той”-и ҳампои Гейтс ё Потанин бар хоҳанд хест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG