Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Суғд: cӯитафоҳум ё шикофи навбатӣ?


Бахши Ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар остонаи интихоботи парлумонӣ боз ду пора шуд.

Як гурӯҳ фаъолони Ҳизби демократ дар Суғд раҳбари нави худро, ки дар пайи муноқишаҳои дохилии худ соли равон ба курсии раҳбарӣ нишаста буд, эътироф надоранд.

Муноқишаҳои нави дохилиҳизбии демократҳои Суғд сари соҳибӣ ба курсии раҳбарии бахш дар ҳолест, ки раҳбари нави онҳо Абдуҷаббор Юлдошев эълон карда буд, ин навбат дар интихоботи парлумонӣ иштироки фаъолона хоҳанд дошт ва а барои соҳибии курсиҳои парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ сабқат хоҳанд кард. Ҷаноби Юлдошев моҳи марти соли равон, ба гуфтаи худаш, дар конфаронси ҳизбаш дар Хуҷанд бо роҳи овоздиҳӣ баргузида шуда, то ин авохир аз муттаҳид шудани аъзои ҳизбаш дар атрофи ӯ суҳбат мекард. Вале ахиран гурӯҳе аз собиқадорон ва фаъолони ин ҳизб аз раҳбари нави худ ҷудо шуда, ба ҷои ӯ нафари дигарро дар маснади раҳбарӣ дидан мехоҳанд. Кор то ҷое расида, ки ахиран ба маҳфилҳои гуногун гоҳе ду нафар ба ҳайси раиси Ҳизби демократ даъват мешаванд.

Вале Файзулло Файзиев, аз собиқадорони ҳизби демократ дар Хуҷанд мегӯяд, мухолифони Абдуҷаббор Юлдошев, раиси нави бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғдро таъиншуда аз сӯи Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби мазкур медонанд ва қабул надоранд: “Аъзои фаъол ва собиқадори Ҳизби демократ ягон кас хабар надорад, ки кай ва дар куҷо Юлдошев раҳбари бахши вилоятӣ интихоб шудааст. Аз ин нуқтаи назар мегӯем, ки Юлдошев раҳбари қонунӣ намебошад. Раҳбари воқеӣ Муқим Муҳаммадҷоновро медонем, чунки

Абдуҷаббор Юлдошев
Абдуҷаббор Юлдошев

вай то соли ҷорӣ муовини аввали раиси бахш буд ва вақте, ки раҳбари пешина аз вазифа рафт, ирои вазифаи раисӣ то баргузории конфаронси навбатӣ ё ғайринавбатӣ ва интихоби раиси нав, ба таври автоматикӣ бар ӯҳдаи Муҳаммадҷонов меафтад.”

Раҳбари пештараи бахши Ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Равшан Аҳмадов моҳи марти соли равон дар пайи мухолифаташ бо раҳбари ҳизби мазкур аз вазифаи худ истеъфо дод ва Тоҷикистонро ба қасди муҳоҷирати корӣ дар Русия тарк кард.

Ба думбол Абдуҷаббор Юлдошев, раиси кунунии бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон кард, ки вай дар конфаронси вилоятии ҳизбаш раҳбари нав интихоб шудааст. Теъдоди аъзои ин ҳизб дар вилояти Суғд ҳудуди 3 ҳазор гуфта мешавад, вале аксари кулли онҳо кайҳо фаъолият дар ҳизби худро қатъ кардааанд.

Масъулони Ҳизби демократ дар Хуҷанд мегӯянд, дар сурати баргузории интихоботи шаффофу озод, фаъолони камшумори онҳо бо барномаҳои ҷолиб тавони ҷалби раъи зиёди мардумро доранд. Аз ин рӯ, мақомот аз онҳо меҳаросанд ва дар остонаи интихоботҳо бо роҳу усулҳои мухталиф ва умдатан ба таври ғайримустақим, ба ҷудоиандозӣ байни онҳо иқдом мекунанд.

Ҷаноби Юлдошев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даъвои гурӯҳе аз фаъолои ҳизбашро, ки раҳбарии вайро “қонунӣ” ва “дуруст” намедонанд, ба хотири пора кардани ҳизбаш дар остонаи интихоботи парлумонӣ унвон кард: “Ин як иғвои навбатӣ ва ҷудоиандозӣ байни аъзои Ҳизби демократ дар пешорӯи интихоботи навбатӣ аст. Дар интихоботи раисҷумҳур соли гузашта ҳам Равшан Аҳмадов ва муовини аввалаш – Муқим Муҳаммадҷонов ҳамин хел ҷудоиандозиро ташкил карда буданд, ин навбат ҳам дар остонаи интихоботи парлумонӣ як гурӯҳ аъзои Ҳизби демократ мақсад доранд доранд, ки ҳизби худро бадном кунанд. Онҳо намехоҳанд, ки нуфузи ҳизби мо боло раваду дар интихобот овози зиёд ба даст орад ва намояндагони Ҳизби демократ ҳам дар парлумон ворид шаванд.”

Шикоф байни фаъолони бахши суғдии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2014 дар ҷараёни интихоботи раисҷумҳур аз он сар зада буд. Равшан Аҳмадов ва бархе ҷонибдорони содиқи вай аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карданд ва аъзои Ҳизби демократро ба раъйи мухолиф додан ба раиси ҳизби худ ва дигар аз довталабони курсии раисҷумҳурӣ - Саидҷаъфар Исмонов даъват карданд. Моҳи декабр ҷаноби Исмонов ин ду фаъоли саркашро, ба гуфтаи Равшан Аҳмадов, “барои он ки қоидаи бозии интихобот” – ро вайрон кардаанд, дар ҷаласаи шӯрои сиёсии марказии ҳизбаш аз сафи ҳизби демократ хориҷ кард.

XS
SM
MD
LG