Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи боздошти адвокат ё вакили дифоъ - Бузургмеҳр Ёров, фаъолияти Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ қатъ ва вакилони дифое, ки дар он ҷамъ омада буданд, пароканда шуданд.

Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дунболи дастгир шудани вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров амалан аз фаъолият мондааст. Бузургмеҳр Ёров, раҳбарии ин кумитаро бар дӯш дошт ва аз ҳуқуқҳои чанд тан аз фаъолони ҲНИТ, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ин ҳизб низ ҳимоят мекард. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи ҲНИТ адвокатҳо ё вакилони дифоъ ва пайвандони афроди боздоштшударо гирди ҳам оварда буд.

Бузургмеҳр Ёров, як рӯз қабл аз боздошташ дар рӯзи 27- уми сентябр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳо 7 узви боздоштшудаи ҲНИТ- ро бо вакили дифоъ таъмин намуданд ва дар сурати муроҷиати наздикони боздоштшудаҳои дигар, ба онҳо ҳам кӯмаки ҳуқуқӣ хоҳанд кард.

Бархе аз вакилони Кумитаи дифоъ ҳам дар чанд рӯзи кор рӯи парвандаи зерҳимояҳои худ тавонистанд бо онҳо мулоқот ва дар ҷараёни нахустин бозпурсиашон низ ширкат намоянд. Аммо баъди боздошти Бузургмеҳр Ёров, наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ мегӯянд, дигар вакилонашон бо онҳо тамос нагирифтаанд ва бархе ҳам аллакай аз идомаи кор бо онҳо даст кашидаанд. Вакилони дифои Зарафо Раҳмонӣ адвокатҳо - Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов буданд. Пайвандони Зарафо Раҳмонӣ ҳатто баъди таъсиси ин кумита, аз вакили дифои давлатӣ даст кашида буданд.

Ҳамакнун пайвандони Зарафо Раҳмонӣ мегӯянд, пас аз боздошти Бузургмеҳр Ёров дигар вакилони кумита бо онҳо дар тамос нестанд. Яке аз пайвандони Зарафо дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ бидуни овардани номаш гуфт, “мо ҳамин рӯзи душанбе бояд бо Зарафо вомехӯрдем, аммо дар ин рӯз Бузургмеҳр Ёров боздошт шуд ва кори мо ҳам ҳамин тавр монд. Бо Нуриддин Маҳкамов ҳам дигар тамос нагирифтем ва намедонем, ки кори моро идома медиҳанд ё не.”

Пайвандони Зубайдуллои Розиқ, яке дигар аз боздоштшудаҳои ҲНИТ низ аз вакили дифоъ маҳрум шуданд. Ба гуфтаи онҳо, Таманно Ашӯрова, вакили дифоъ аз Коллегияи адвокатураи мавсум ба “Сипар” ва узви кумитаи навтаъсиси дифоъ, ки барои ҳимоя аз ҳуқуқи Зубайдуллоҳи Розиқ изҳори омодагӣ карда буд, дар пайи боздошти Бузургмеҳр Ёров ба наздикони зерҳимояаш гуфтааст, бемор асту ба рухсатӣ меравад.

Аммо Таманно Ашӯрова аъзо будан дар Кумитаи дифоъ аз боздоштшудагони ҲНИТ-ро рад кард. Вай ҳамзамон таъкид кард, ки ҳеҷ гоҳ вакили дифои боздоштшудагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон набудааст. Таманно Ашӯрова гуфт, ки на бемор аст ва на ба рухсатӣ рафтааст ва ба фаъолияти адвокатии худ идома медиҳад.

Ба ин тартиб, Билол Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, онҳо ҳоло дар пайи дарёфти вакили дигар барои ҳимояи ҳуқуқи падари боздотшудаашон ҳастанд: “Мо дигар рафтему ариза навиштем, ки адвокат ё вакили дигар мегирем. Ҳоло дубора дар ҷустуҷӯи адвокат ҳастем”.

Аммо Нуриддин Маҳкамов, адвокати Коллегияи адвокатураи “Сипар” ва узви кумитаи навтаъсиси дифоъ, ки ба ҳайси вакили Зарафо Раҳмонӣ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, фаъолони ҲНИТ, муаррифӣ шуда буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ҳимояи ҳуқуқи зерҳимояҳояш даст накашидааст, аммо ҳоло бештар сари қазияи Бузургмеҳр Ёров кор мебарад.

Ҷаноби Маҳкамов мегӯяд, боздошти Бузургмеҳр Ёров ба таъсиси Кумитаи дифоъ аз фаъолони ҲНИТ рабт дошт ва баъди боздошти раҳбари он кумита ҳам дигар парешон шудаву аз кор монд.

Бо ин ҳам ба гуфтаи Нуриддин Маҳкамов, на вакилони дифоъ, балки пайвандони зерҳимояҳои онҳо, яъне наздикони боздоштшудаҳоии ҲНИТ, баъди боздошти Бузургмеҳр Ёров ҳамкориро бо онҳо қатъ карданд: “Аслан аъзоёни кумита, яъне вакилону хешовандони боздоштшудаҳо барои ҳмояи ҳуқуқи онҳо муштарак маблағ ҷамъ оварда буд. Баъди бурдани Ёров, наздикони боздоштшудаҳо омада пули худро талаб карда, кори вакилонро рад карданд.”

Зимнан, Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи фаъолони боздоштшудаҳои ҲНИТ дар ҳоле таъсис дода шуд, ки бархе аз пайвандони афроди боздоштшуда аз мушкили дарёфти вакили дифоъ шикоят мекарданд ва аз ҷои нигаҳдорӣ ва сарнавишти пайвандонӣ дар маҳбас будаи худ хабар надоштанд.

Бузургмеҳр Ёров қабл аз боздошт ҳам яке аз ҳадафҳои кумитаи ҷамъиятии дифоъро кӯмаку дастгирии хонаводаи афроди боздоштшудаи ҲНИТ унвон карда буд.

Ҳамакнун бо созмони ифротгаро эълон шудани ҲНИТ ва боздошту ҷинояткор муаррифӣ шудани вакиле, ки ҳифзи аъзои боздоштшудаи ин ҳизбро ба ӯҳда гирифта буд, умеди наздикони 13 нафари боздоштшударо ба озодии онҳо кам ва дубора онҳоро ба мушкили “бевакилӣ” рӯ ба рӯ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Амнести Интернашнал ё Созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар бо пахши як баёния ахиран боздошти Бузургмеҳр Ёровро, як воситаи “маҳдуд сохтани дастрасии аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ба вакилони дифоъ” арзёбӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG