Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомеашиносони тоҷик бо ишора ба камранг шудани арзишҳои миллӣ мегӯянд, равобити фарзандон бо волидон ҳеҷ гоҳ ба ин андоза сард набуд.

Вақте раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз минбар эълом дошт, ки дар кишвар 26 ҳодисаи қасд ба ҷони волидайн намудани фарзандон сабт шудааст, бисёриҳо, аз ҷумла журналисти тоҷик Меҳриниссо Назарова мисраъҳои ҷовидонаи Ҳофизро ба ба ёд оварданд, “Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам...” Дар идомаи ғазал гуфта мешавад, “духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар, писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.”

Меҳриниссо ба ин рақамҳо бовар дорад, чун худаш чанд мавриди хушунати фарзанд бар волидонро пажҳиш кардааст. Вай мегӯяд, бархе аз чунин рӯйдодҳо ба “қатлҳои номусӣ” шабоҳат доранд: «Дар ноҳияи Ашт писар модари худро зиёд азият дода, оқибат ӯро дар ҷойи хобаш аз пой афтонд ва бо кӯрпа болояшро пӯшонида аз хона берун рафт. Модар дар ҳамон ҷо ҳалок шуд. Ҳамчунин як ҳодисаи дигар дар шаҳри Истаравшан рух дод. Модар, ки ахлоқаш вайрон шуда буд,чанд дафъа писараш огоҳӣ гирифт ва дар ниҳоят писар модарро бо зарби се корд ба қатл расонад.»


Ба нақли Меҳриниссо Назарова, ин ҷавоне, ки бинобар бадахлоқии модараш ӯро ба қатл расондааст, бо ҳукми додгоҳ 26 сол зиндонӣ шуд ва аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ кард: «Вақте ки ҳукми судро хонданд ба ӯ сухани охирин дода шуд. Ин ҷавони завлона ба даст, дастонашро ба сӯи боло бардошта гуфт, ки ман гуноҳ содир кардаам. Новобаст аз он, ки вай ахлоқаш бад буд, ӯ модари ман буд ва шири сафедам дод. Гуфт, худованд гуноҳи маро бубахшад ва арвоҳи модарам низ аз он ҷумла. Бо ин гапҳо ҷавон сахт гиря кард ва аз кори кардааш сахт пушаймон буд.»

Марҳабо Ҷабборова, вакили МН

Марҳабо Ҷабборова, вакили МН

Меҳриниссо Назарова мегӯяд, ин фарзандон асосан бинобар ғурури ҷавонӣ ва ё тарбияи нодуруст даст ба чунин ҷиноят задаанд. Марҳабо Ҷабборова, вакили порлумони Тоҷикистон иллати асосиро дур шудани насли наврас аз арзишҳои милливу динӣ меномад ва меафзояд:

«Аз сӯи дигар ин таъсири манфии замони ҷаҳонишавист, ки иттилооту мухобирот ва технологиядар ҳоли рушд аст. Насли наварас неку бадро аз ҳамдигар ҷудо кардан наметавонад ва мо худ дар як замони хеле ҳасос зиндагӣ мекунем ва нисбати ҳамин масъала камтаваҷҷӯҳи менамоем. Мо банди корем ва фаромӯш кардаем, ки насли имрӯза аз наслҳои пешин ба кулли фарқ доранд ва аз мо вақти зиёдро барои тавваҷӯҳ кардан ба онҳо тақозо мекунанд. Шояд мо ба дашноми онҳо ва ё ягон кирдори дигарашон чашм мепӯшем ва оқибат кор то ба чунин ҷиноятҳо мерасад.»

Ба ақидаи Марҳабо Ҷаборова, суқути маънавии қисме аз намояндагони насли ҷавон, барои ҷомеаи тоҷик метавонад паёмади ногувор ва даҳшатовар дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол Намоз Бобоев, раҳбари мактаби махсуси кӯдакони душвортарбия қотили волидайн шудани фарзандонро таъсири фарҳанги беруна медонад. Вай мегӯяд, «аллакай бачаҳои мо дигар шудаанд, ҳурмату эҳтиром дар нисбати падару модар кам шуааст. Ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандро хуб тарбия кунад, аммо баъзе вазъиятҳое вуҷуд дорад, ки фарзанд аз ихтиёри падару модар берун мешавад ва дигар ба онҳо итоат намекунад. Ҳоло мо худ шоҳиди онем, ки новобаста ба насиҳатҳои зиёд дар мактабҳо ва ҳатто тарики васоити омма, аммо тарбияи онҳо баръакс бадтар шуда истодааст. Ва ман фикр мекунам, онҳо бештар аз ҳама зери таъсири филмҳо ва барномаҳое, мондаанд, ки пур аз хушунат ва кушторанд.»

Бобоҷони Қаюмов, равоншиноси тоҷик

Бобоҷони Қаюмов, равоншиноси тоҷик

Аммо аз дидгоҳи Бобоҷон Қаюмов, равоншиноси тоҷик, решаи чунин ҷиноят аз ҷойи дигар об мехӯрад. Аз нигоҳи ин равоншинос, заминаи пайдоиши ҷинояткорӣ дар ниҳоди насли наврас аз камбуди муҳаббат ва шикасти робитаҳост, ки як навъи бадбиниро дар нисбати ҳатто падару модар ба миён меорад.

Бобоҷон Қаюмов афзуд, «пажӯҳишҳо собит кардаанд, ки камбуди муҳаббат заминаи аслии хушунат аст. Яъне дур аз падар ва модар ба воя расидан ба таври табиӣ камбуди муҳаббатро ба вуҷуд меорад. Ҳамин ташнагӣ ба як уқда табдил мешавад. Ва кӯдак нисбат ба дигарон наметавонад эҳтиром ва муҳаббат дошта бошад. Пархошгарӣ, бадбинӣ ва ҷинояткорӣ аз ҳамин айём сар мешавад. Ин барои ҷомеаи мо хеле хатарнок аст, аммо мутаасифона сар ин масъала касе андеша намекунад.»

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, аллакай эҳтироми самимиву воқеӣ нисбати волидайн ки аз суннатҳои қадимаи тоҷикон, маҳсуб мешавад, тақрибан рӯ ба нестӣ оварда, ҷомеа бо “самарае” рӯбарӯст, ки дарахташро худ шинондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG