Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 моҳи зиндони Далер Табаров


Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров

Далер Табаров, писари дуввуми Исҳоқ Табаров ва яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов аз ҷониби додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба муддати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд. 6 ҳамроҳи дигари Далер Табаров барои ҷурмҳои мухталиф ба мӯҳлатҳои аз 6 моҳ то 9,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Як мақоми Додгоҳи шаҳри Ваҳдат рӯзи 3 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Далер Табаров, ки бо моддаи 347 қисми 1, яъне “хабар надодан” айбдор дониста мешуд, рӯзи 2 июн содир шуд. Ба иттилои ин манбаъ, дар мурофиаи додгоҳии рӯзи панҷшанбе сокинони дигари ноҳияи Ваҳдат - Хуршед Бутаев, Абдураҳмон Назаров ва Насимҷон Шафиев тибқи моддаи 347 Кодекси ҷиноӣ, яъне “хабар надодан” ба муддати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Додгоҳи Ваҳдат мегӯяд ин чаҳор нафар хабари қасди оташ задани мактабу омӯзишгоҳҳои шаҳри Ваҳдат аз тарафи сокини ҳамин ноҳия Аъзам Бухариевро медонистанд, вале ин хабарро ба мақомот нарасонидаанд. Гуноҳи Бухариев ин будааст, ки бо чопи 167 нусха варақа аз муалимони мактабу омӯзишгоҳҳои шаҳри Ваҳдат даъват кардааст, ки “аз сари духтарон ҳиҷобро нагиранд, чунки аз нигоҳи ислому дунявият нодуруст мебошад”. Додгоҳ гуфт, ки Бухариев мехост чанд мактабу омӯзишгоҳҳоро оташ занад, вале баъдан аз ин нияташ пушаймон шуда, ҷиноятро содир накардааст. Худи Бухариев бо ҷурми “терроризм” ва “барангехтани адовати миллию нажодӣ” ба мӯҳлати 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ гуфт, ки Аъзам Бухариев ин варақаҳоро дар компютери Шӯҳратулло Расулов, сокини дигари ноҳияи Ваҳдат ба нашр расонидааст ва ӯ низ бо ҷурми “терроризм” ва “барангехтани кинаву адовати динӣ ва нажодӣ” ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳи Ваҳдат мегӯяд, ки дар мурофиаҳо аз ҳуқуқи айбдоршудаҳо адвокат Исҳоқ Табаров ҳимоят мекард.

Далер Табаров рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд ва ӯ писари дуюми Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов мебошад, ки пушти панҷара рафт. Ду ҳафта пеш аз боздошти Далер, бародараш Фирӯз Табарови 27-сола, писари калонии адвокати маъруф Исҳоқ Табаров аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд. Исҳоқ Табаров рӯзи 15 феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати писараш Фирӯз дар рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ "бераҳмона" аст.

Писари Исҳоқ Табаров барои ташкил ва ширкат дар созмони экстремистӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия гунаҳкор дониста мешавад. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, шоми 3 июли соли 2015 Фирӯз дар масҷиди марказии шаҳри Ваҳдат ба таври ғайриқонунӣ дастгир шуда, дар паи шиканҷаву зӯроварии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Созмонҳои мудофеи озодии баён мегӯянд, мавриди пайгард қарор додани фарзандони Табаров идомаи фишор болои ҳимоятчиёни ҳуқуқии Зайд Саидов мебошад, ки баъди эълони нияти ташкили як ҳизби сиёсӣ баҳори соли 2013 боздошт ва декабри он сол ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Исҳоқ Табаров ҳам мегӯяд, ки муҷозоти фарзандонаш ба фаъолияти касбии ӯ дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи соҳибкори маъруф рабт мегирад. То Исҳоқ Табаров, адвокати дигари ӯ Фахриддин Зокиров ҳам як дафъа зиндонӣ шуда, вакили ошкоргӯяш Шӯҳрат Қудратов барои нияти додани пора ба мӯҳлати 3,5 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG