Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи се корманди комиссариятҳои ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Мӯъминобод барои "қаллобӣ" ва "вайрон намудани тартиби ба хизмат ҷалб намудани наваскарон", ба додгоҳ ирсол шудааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб ва Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб нисбати се корманди комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Мӯъминобод парванда боз намуда ва ба ирсол кардааст.

Бахтиёр Қурбоналиев, сардори шӯъбаи комиссариати ҳарбии Кӯлоб, Муҳаммадвафо Ҳасанов, ёрдамчии калони комиссари ҳарбии ноҳияи Мӯъминобод барои гирифтани пора ва додани билети ҳарбӣ ва озод намудан аз хизмат, боздошт ва нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо Маъруф Саидов, ёрдамчии зершӯъбаи комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб барои вайрон намудани тартиби ба хизмат ҷалб намудани наваскарон, гунаҳкор дониста мешавад.

Фирӯз Раҷабзода, додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб зимни нишасти хабариаш гуфт, ки Бахтиёр Қурбоналиев замони даъвати баҳорӣ аз як сокини шаҳр ба миқдори 2000 сомонӣ талаб карда ва даъватшавандаро аз хизмат дар артиш озод кардааст. Ҷаноби Раҷабзода афзуд, ки нисбати ин корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб бо моддаи 247, яъне "қаллобӣ" парванда боз шуда ва додгоҳ ӯро ҷарима кардааст.

Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб афзуд, ки Муҳаммадвафо Ҳасанов, ёрдамчии калони комиссари ҳарбии ноҳияи Мӯъминобод низ бо моддаи 247, яъне" қаллобӣ" гунаҳгор дониста шуда, ҳоло парвандаи ӯ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Фирӯз Раҷабзода гуфт, ки "Бахтиёр Қурбоналиев, сардори шӯъбаи Комиссариати ҳарбии Кӯлоб, дар даъвати баҳорӣ аз як сокини шаҳри Кӯлоб барои озод кардани фарзандаш аз хизмати ҳарбӣ 2000 сомонӣ талаб мекунад. Дар пайи шикояти волидайн, мо нисбаташ бо моддаи 247, яъне қаллобӣ парванда боз карда, ба додгоҳ равон кардем. Додгоҳ ҳукм содир кард ва ин корманди комиссариат ҷарима шуд. Корманди комисариати ҳарбии ноҳияи Мӯъминободро бошад Оҷонсии коррупсия боздошт карда буд ва кораш ҳоло дар додгоҳ аст."

Аммо Муҳаммадвафо Ҳасанов, ёрдамчии калони комиссари ҳарбии ноҳия ноҳияи Мӯъминобод рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ барои аз рӯйхати даъватшавандаҳо берун кардани исми як ҷавон, аз наздикони ӯ 1600 сомонӣ талаб карда ва замони гирифтани пора аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб дастгир шудааст.

Насими Сафаралӣ, муовини додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб гуфт, ки Маъруф Саидов, ёрдамчии зершӯъбаи комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб бо вайрон намудани тартиби ба хизмат ҷалб намудан парванда боз шуда ба додгоҳ ирсол шуд. Ҷаноби Сафаралӣ афзуд, ки ин корманди комиссариат ба маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб рафта, дар хонае, ки даъватшаванда вуҷуд надорад, бо соҳибхона муносибати дағалона кардааст. Ӯ мегӯяд, аз ин рӯ нисбати ин шахс парванда боз шуд..

"Даъватшаванда дар хона вуҷуд надорад, онҳо рафта соҳибхонаро ташвиш медиҳад ва дарашро мезананд. Хонадор ба мо шикоят бурд, мо дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъбаи вазорати корҳои дохила ин ҳолатро таҳқиқ кардем, ки исботи худро ёфт ва нисбати Маъруф Саидов парвандаи ҷиноӣ боз карда ба додгоҳ ирсол кардем",--гуфт Наими Сафаралӣ.

Зимнан, боздошти кормандони комиссариати шаҳру навоҳи минтақа Кӯлоб дар ҳолест, ки соли гузашта додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб нисбати як корманди комиссариат парванда боз карда ба додгоҳ ирсол карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG