Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ворид кардани иттиҳоми "таҷовуз" дар парвандаи қатли Нозима. САДО, ВИДЕО


Иттиҳоми таҷовуз ба номус дар парвандаи қатли Нозима Исомиддиноваи 16-сола, сокини ноҳияи Турсунзода, ворид нашудааст. Айбдоркунандаи давлатӣ Бахтиёр Маҳмудзода низ дар баҳси ин қазия дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ду ташхиси тиббии ҷасади Нозима нишонаҳои таҷовуз ба номусро ошкор накард.

Дар ҳоли ҳозир Абдулқосим Норматов ва Раҳимҷон Комилов – ду ҳамсинф ва сокинони ноҳияи Турсунзода – дар курсии айбдорӣ нишаста ва бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” муттаҳаманд. Волидони Нозима Исомиддинова мегӯянд, ки аз ворид нашудани иттиҳоми таҷовуз ба номус дар парвандаи қатли духтарашон сахт нигарон ҳастанд.

Иттиҳоми таҷовуз ба номус дар парвандаи қатли Нозима Исомиддинова ворид нашудааст ва айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, ки ду ташхиси тиббии ҷасади ин духтари 16-сола, нишонаҳои таҷовуз ба номусро ошкор накард.

Нодира Маҳмудова, модари Нозима рӯзи 20 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои расидагӣ ба ин қазия аз мақомот, бахусус Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президент ёрӣ хоҳад хост.

“Агар хомӯш биншинам, Абдулқосим афв мешавад ва боз ба номуси духтари дигари ноболиғ дастдарозӣ мекунад. Мақомот мегӯянд, ки ду дафъа ташхис кардаанд, вале моро аз натиҷаи он огоҳ нанамуданд. Ҳоло ҷараёни мурофиа ба шакле сурат мегирад, ки ки мехоҳанд ӯро аз ҷурми таҷовуз ба номус халос кунанд”,-афзуд ӯ. Нодира Маҳмудова, инчунин, иддао кард, Абдулқосим Норматов, ки ба куштори духтараш эътироф кардааст, набераи Ҳоҷӣ Камол, соҳибкор ва боғбони маъруфи ноҳияи Турсунзода аст ва ӯ гӯё ба раванди мурофиа таъсир гузоштааст.

Аммо Абдуқодир Норматов, падари Абдулқосим, ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, “як деҳқон ҳастам ва ба киштукор машғулам. Аз ҳамин ҳисоб зиндагиамро базӯр пеш мебарам (гиря мекунад). Дигар инки фарзанди ман боодобу намозхон аст. Кормандони СИЗО мегӯянд, фақат сараш дар саҷда ҳаст. Ман бовар надорам, ки фарзанди ман даст ба таҷовуз зада бошад. Лекин волидони Нозима мехоҳанд, моддаи таҷовуз ба номус дар парвандаи вай изофа шавад, ки ин беадолатӣ аст”.

Адвокат Олимҷон Турсунбоев, вакили хонаводаи Нозима Исомиддинова ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдулқосим Норматов дар нахустин рӯзи мурофиаи додгоҳӣ, ки 17 апрел баргузор шудааст, ба ҷурми куштор эътироф кардааст. Вале ӯ ҳам гуфт, ки ҳоло масъалаи таҷовуз ба номус дар миён нест.

Ҷасади Нозима Исомиддинова рӯзи 4 феврали имсол дар яке аз майдонҳои кишти ноҳияи Турсунзода бо 15 захми корд ва нишонаҳои таҷовуз ошкор шудааст. Хонаводааш мегӯянд, ки он бегоҳ духтар дар хонаи падарбузургаш буда ва ду гумонбари қатл вайро бо ҳадафи гуфтугӯ ба берун бурдаанд.

Ба қавли волидони ин духтари ноболиғ, дар аввал ташхиси тиббии ҷиноӣ иллати марги ӯро худкушӣ эълон кард. Мирзомуддин Исомиддинов, бобои духтар, ба суоли мо, ки оё худашон захми кордро дар ҷасад надида буданд, гуфт, “ҷасадро соати чаҳори рӯз дода таъкид карданд, ки зуд ба хок супорем. Мо ҷасадро дар зери рӯшноии чароғак ба хок супурдем.”

Баъдан ба делели шубҳаи додситонӣ ба ташхиси ҷиноӣ ва шикояти хонавода, парванда аз рӯи куштор боз шуда ва ҷасади духтарро барои ташхис аз хок берун овардаанд. Дертар Додситонии шаҳри Турсунзода бо такя ба тафтиши пешакӣ гуфт, ки духтар қурбонии “як моҷарои ошиқона” шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, робитаи ошиқонаи Нозимаи 16-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаб баъдан ба ҷанҷол печид ва боис ба кушта шуданаш шуд.

Навор аз бойгонӣ:

Ҷузъиёти қатли бераҳмонаи духтари 16-сола дар Турсунзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:08 0:00

Ҳоло барои пешниҳоди ташхиси бардурӯғ Мирзомуддин Мирзораҳимов, мудири шӯъбаи ташхиси тиббиву судии ноҳияи Турсунзода низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Аммо ба фарқ аз ду гумонбари куштор, ки рӯзи 19 апрел дар паси панҷараи толори додгоҳ буданд, Мирзораҳимов дар қатори одамони оддӣ нишаста буд.

Мавридҳои таҷовузи духтарон ва занон дар Тоҷикистон, ба истиснои ҳалатҳое мисли куштор, умдатан кам ошкор мешаванд, зеро ба гуфтаи ҷомеашиносон, занҳо аз ин метарсанд, ки дар ниҳояти амр онҳо гунаҳкор ва мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд. Парвандаи Нозима Исомиддинова аз қабили ҳамон парвандаҳои истисноист, ки падару модар таҷовуз шудани духтари худро эътироф мекунанд ва мехоҳанд, гунаҳкорон ҷазо бигиранд.

Ҳоло ин парванда таҳти назорати ҷиддии Додситонии кулли Тоҷикистон қарор дорад ва ҷаласаҳои он дар Додгоҳи Олии кишвар ҷараён мегиранд.

Навор аз бойгонӣ:

Дар Турсунзода ду мактабхон бо таҷовуз ба номус ва куштори ҳамсинфашон муттаҳам шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

XS
SM
MD
LG