Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариат мутаваққиф шуд


Умедҷони Амрохон, яке аз гумонбарони аслии ҳамла ба кормандони комиссариат

Умедҷони Амрохон, яке аз гумонбарони аслии ҳамла ба кормандони комиссариат

Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз даъвои гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар бораи шиканҷа шуданашон мурофиаи онҳоро муваққатан қатъ кардааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар пайи даъвои шаш гумонбари ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки гӯё аз сӯи маъмурони пулис шиканҷа шудаанд, баррасии парвандаи онҳоро муваққатан қатъ кардааст. Аз дафтари матбуоти додгоҳи пойтахт рӯзи 31 март ба Озодӣ гуфтанд, ки гумонбарон дар ҷараёни мурофиа аз шиканҷа шуданашон аз тарафи маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ шикоят карданд. Азбакси маҳалли ҳамла ба кормандони комиссариат дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аст, гумонбарон дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ин ноҳия нигоҳдорӣ мешаванд.

Ба қавли манбаъ, ҳоло парванда барои санҷиши оё латту кӯб шудан ё нашудани шаш гумонбари ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба Додситонии кулл фиристода шудааст.

"Бояд гумонбарон бо маъмурони пулисе, ки онҳоро шиканҷа кардаанд, рӯбарӯ карда шаванд ва осори латту кӯб тасдиқи худро ёбад. Ва, албатта, ин вақт мехоҳад. Танҳо баъд аз дарёфти посухи мақомоти Додситонии кулл мурофиа аз сар гирифта хоҳад шуд," – афзуд мусоҳиби мо.

Рӯзи аввали муҳокимаи гумонбарон. Моҳи феврали 2016

Рӯзи аввали муҳокимаи гумонбарон. Моҳи феврали 2016

Вакилони мудофеи 6 нафари гумонбар дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - Умедҷони Амрохон, Наврӯзҷон Мирзоев, Одилҷон Мирзоев, Ҷумъахони Давлатшоҳ, Шоҳинҷон Сафаров ва Шарифҷон Раҳматов ҳам гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир дар мурофиаи нафарони таҳти ҳимояташон танаффус эълон шудааст ва онҳо мунтазири посухи Додситонии кулл ҳастанд.

Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷони Амрохон, рӯзи 31 март ба Озодӣ гуфт, ки писараш тайи ин муддате, ки дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад, шиканҷа мешудааст ва то замоне ки худи додрас онро бо чашми худ надидааст, бовар накардааст. Ӯ гуфт, "бовар доштем, ки фарзандони мо аз рӯи қонун муҳокима мешаванд, вале интизор надоштем, шиканҷа мешаванд."

Субҳи 7 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Рӯзи 17 феврал дар Додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуд. Ин парванда аз се ҷилд иборат буда, додраси парванда Тоҳир Мӯсобекзода ва айбдоркунанда аз Додситонии кулл Бахтиёр Маҳмудзода мебошанд.

Муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, бо қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштани ду шахс ва бештар аз он" ва моддаи 32, қисми 3 ва "куштани шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хидматӣ", гунаҳкор дониста мешавад.

Бархе аз гумонбарон мисли Наврӯзҷон Мирзоев ва Одилҷон Мирзоев дар ҳамла ба кормандони комиссариат даст надошта, балки “барои огоҳ будан ва ба мақомот хабар надодан” дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

XS
SM
MD
LG