Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи таҷдиди назар қарори қозии хоболудро бекор кард


Додрас Евгений Махно
Додрас Евгений Махно

Дар заминаи қарори додгоҳи таҷдиди назар ҷавобгарҳо озод шуданд ва парванда барои санҷиши дубора ба додситонӣ интиқол ёфт.

Дурбини видеокамера Евгений Махно, қозии додгоҳи Балговешенски вилояти Амурро дар ҷараёни мурофеаи додгоҳӣ, дар ҳоли ғанаб сабт кард. Ин навор баъдан дар интернет нашр шуд ва қозиро бо айбдоршавандаҳо машҳур кард.

Ду айбдоршаванда - Андрей Налетов ва Сергей Хабаров, ки дар он мурофеаи машҳур, бо итиҳоми мардумфиребӣ дар соҳибкорӣ, шаш сол ҳукми зиндон гирифтанд, аз баракати хоби нобаҳангоми қозӣ озод шуданд ва паравандаи онҳо аз дигар баррасӣ хоҳад шуд. Владислав Никитенко, вакили айбдоршавандаҳо, ки қозии хоболудро банавор бардоштааст мегӯяд, ин саҳна исботи риоя нашудани "нормаҳои процессуалӣ"-и қонуни Русия буд. РИА Новости навиштааст, ки вакил мехост зерҳимояҳои худро озод кунад ва қозиро ба истеъфо бифиристад.

Аммо мақомот мегӯянд, ки ҳукми ин ду соҳибкор на барои он лағв шуд, ки қозиро дар ҷараёни мурофиа хоб бурда буд, балки гуфта мешавад, ки тафтишот бо иштибоҳҳо ҷараён гирифта буд.

Додрас Евгений Махно, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ хобаш бурда буд, баъди бедор шудан ду нафари муттаҳамро аз панҷ то шаш соли зиндон маҳкум кард. Навор дар моҳи январ дар интернет пахш шуд ва сару садои зиёд барпо кард. Матбуоти русӣ бо ишора ба ин ҳодиса ба мавзӯи беадолатиҳои судӣ дар ин кишвар рӯ овард ва вуҷуди масъалаи аз пеш тарҳрезӣ шудани ҳукми нафарони муттаҳамро матраҳ кард.

Тибқи иттилои хабарнигорон, чанде пеш аз ин ҳодиса, аксҳои дордрас-хонуми дигари рус, ки дар оғуши шишаи арақ дар як муҳити хонагӣ акс гирифтааст, дар Интернет шӯрӯ валвала хезонд.

Фаъолон мегӯянд, ки ғайриахлоқӣ будани рафтори ин додрасҳо баёнгари он аст, ки бисёри онҳо дар мақоми худ шахсони тасодуфӣ буда, низоми адлия ва додгоҳро ҷиддӣ ва сарнавиштсоз барои шаҳрвандони ин кишвар арзёбӣ намекунанд. Гурӯҳи дигари мунаққидон аз ноадолатиҳои судӣ дар Русия интиқод мекунанд.




XS
SM
MD
LG