Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ кампири "доно"-ро 14600 сомонӣ муҷозот кард


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини ҳамин ноҳия Назарбибӣ Шералиеваро барои сабти ном кардани 5 набера ҳамчун фарзандони худ ва бо ин васила соҳиби нафақа шудан, бо амали қаллобӣ муҷозот кард.

Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки додгоҳ барои бо роҳи қаллобӣ беш аз дувуним сол соҳиби нафақа шудан Назарбибӣ Шералиеваро дар шакли ҷарима ҳудуди 14 ҳазору 600 сомонӣ муҷозот кард.

Назирбиби Шералиева барои пеш аз мӯҳлат баромадан ба нафақа шаҳодатномаи таваллуди наберааш Мунираро ба ҷои ному насаби модари кӯдак Шералиева Зарина, номи худаш «Шералиева Назирбибӣ» сабт намуда, бо зодномаи тақаллубӣ ҳамчун модари панҷ нафар фарзанд ба Раёсати оҷонсии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои таъин намудани нафақа пешниҳод кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ Назарбибӣ эътироф кардааст, ки Раёсати оҷонсии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия ҳуҷҷатҳои ӯро тасдиқ карда барои вай нафақа таъин кардааст. Ва ӯ бо ин «васила» аз таърихи 30 июли соли 2010 то 1 уми феврали соли 2013 ғайриқонунӣ ҳар моҳ нафақа дарёфт кардааст, ки маҷмӯан ба 5 ҳазору 968 сомонию 97 дирам баробар будааст

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ Назарбибӣ Шералиеваро бо моддаҳои 340 қисми 2 «огоҳи накардани мақомоти аз амали ғайриқонунӣ ва бо моддаи 247 қисми 1 «қаллобӣ» гунаҳкор донист, ки тибқи ин моддаҳои -и Қонуни ҷазои Тоҷикистон ҷазоҳои алтернативӣ дар намуди ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ кардааст.

Аммо додгоҳ бо назардошти моддаи 247 қисми 2, агар гунаҳгор то содир шудани ҳукми додгоҳ зарари моддиро пӯшиш диҳад, дар нисбати ӯ ҷазои ҷарима таъин карда мешавад, Назарбибиро ба андозаи сесаду шасту панҷ нишондиҳанда ё худ баробар ба 14600 сомонӣ ҷазо таъин кард.
XS
SM
MD
LG