Пайвандҳои дастрасӣ

Дар гузориши имсолаи созмони Transparency Internationa l- “Мизони ришвахорӣ дар ҷаҳон” 3 кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дохил нашуданд. Аммо на ба далели маҳви фасоду ришвахорӣ.

Ин гузориш бар асоси назархоҳиҳое таҳия шудааст, ки дар 107 кишвар аз моҳи сетябри соли 2012 то моҳи марти соли 2013 анҷом гирифтааст ва дар он бештар 114 00 нафар ширкат ҷустаанд. Аммо дар се кишвари Осиёи Миёна -Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон - барои таъйини мизони ришвахорӣ назархоҳӣ анҷом нагирифтааст.

Дебора Ҳардун - мудири бахши таҳқиқоти созмони Transparency International дар Берлин дар мусоҳибае ба радиои Озодӣ гуфт: “Мо мехостем дар гузориши худ ҳар чӣ бештар кишварҳои ҷаҳонро фаро бигирем. Вале бо назардошти сарчашмаҳои маҳдуд дар анҷоми чунин назархоҳӣ мо аз иҷрои ин тарҳ дар баъзе кишварҳо худдорӣ кардем ва натавонистем дар ин кишварҳо назархоҳӣ анҷом диҳем.”

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Қазоқистону Қирғизистон назархоҳӣ анҷом гирифтааст. Мизони ришвахорӣ дар Қазоқистон 34 ва дар Қирғизистон 45 дарсадро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёна хеле бештар аст.

Хонум Ҳардун бо назардошти ақидаи пурсидашудагон мегӯяд, ҳоло маълум шудааст, ки дар бисёре аз кишварҳо ришвахорӣ нисбат ба ду-се соли ахир бадтар шудааст. Ба гуфтаи вай, бештар аз нисфи пурсидашудагон бар ин боваранд, ки ришвахорӣ баръакс афзоиш ёфтааст. Аз ҳар даҳ нафари онҳо 9 нафарашон ҳамзамон қотеона изҳори омодагӣ кардаанд, ки метавонанд бо ришвахорӣ мубориза баранд ва ба вазъи мавҷуда таъсир гузоранд.

27 дарсад ё беш аз чаҳоряки пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар давоми 12 моҳи ахир маҷбур шудаанд ришва диҳанд, то дар муассисоти давлативу ҳукуматӣ кори худро иҷро кунанд. Вале аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз онҳо ришва хостаанд, вале онҳо аз додани ришва худдорӣ кардаанд. Онҳо надодани ришваро яке аз роҳҳои мубориза бо ришвахорӣ низ медонанд. Ин далел нишон медиҳад, ки ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахшҳои соҳибкорӣ метавонанд ба равандҳои ришвахорӣ ҷиддитар муқобилият кунанд ва мардумро аз ришвадиҳӣ боздоранд.

Угетт Лабелл - раҳбари мудирони Созмони Transparency International мегӯяд, мардум бовар доранд, ки ришвахориро метавонанд нигаҳ доранд ва шумораи одамоне, ки ҳозиранд аз суистифодаи мақомот ҳангоми қарордодҳои пинҳонӣ ё “харидани мақомот” пешгирӣ кунанд, хеле зиёд аст.

Гузориши “Мизони ришвахорӣ дар ҷаҳон” собит месозад, ки дар бисёре аз кишварҳо мардум ба ниҳодҳое, ки бояд бар зидди ришваву фасод мубориза кунанд, бовар надоранд. Дар 36 кишвар пулисро ниҳоди ришвахор ном бурдаанд. Дар ин кишварҳо аз 53 дарсади аҳолӣ пулис ришва талаб кардааст.

Дар 20 кишвари дигар мақомоти додгоҳиро ришвахор ва олуда бо фасод ном бурдаанд. Дар чунин кишварҳо ба ҳисоби миёна аз 30 дарсади аҳолӣ ришва талаб кардаанд. Онҳо одамоне будаанд, ки бо додгоҳ сару кор доштаанд.

Созмони Transparency International пештар дар як гузориши дигари худ Тоҷикистонро дар миёни 176 кишвар дар зинаи 157 ҷой дода буд, яъне аз ақиб дар зинаи 19 ва дар гурӯҳи 20 кишвари фасодзадаи ҷаҳон ҷой дорад. Худи мақомоти Тоҷикистон густариши ришва ва фасод дар ин кишварро эътироф мекунанд. Масалан, ҳафтае пеш Ҳусейн Сайфиддинов - дабири Шӯрои миллии мубориза бо ришвахорӣ эътироф кард, ки ҳамкории созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар мубориза бо ин падида камранг аст ва Тоҷикистон то ҳол дар ин кор ба натиҷаи дилхоҳ нарасидааст.

Ҳатто Раҳмон Давлатов - сардори раёсати амнияти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, яъне ниҳоде, ки бояд бо ришваву фасод мубориза кунад, дар баъзе ҳолатҳо худаш ба фасод даст мезанад. Вай ин нуктаро дар ҳамоише зери унвони “Масоили рушди ҳамкории иҷтимоӣ дар самти муқовимат бо коррупсия” изҳор дошт.

Дар гузориши кунунии Transparency International бо номи “Мизони ришвахорӣ дар ҷаҳон” омадааст, барои он ки вазъи ришвахорӣ дар ҷаҳон тағир ёбад, бояд худи мақомот ва сиёсатмадорон ибрати шахсӣ нишон диҳанд, дар бораи дороии худ ва хешовандонашон, дар бораи сарчашмаи ин даромадҳо декларатсия ё эълонномаҳо ба нашр расонанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар кишварҳои мухталиф шаҳрвандон кӯшишҳои раҳбарони худро дар мубориза бо ришвахорӣ камрангтар аз соли 2008 арзёбӣ кардаанд, соле, ки ҷаҳонро бӯҳрони молӣ фаро гирифта буд. Ҳоло шаҳрвандон ба самарбахшии муборизаи раҳбарони худ бар зидди ришваву фасод камтар умед мебанданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG