Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои баҳсбарангез аз фирори сардори ОМОН ба Сурия


Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и ВКД Тоҷикистон

Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и ВКД Тоҷикистон

Яке аз наздикони сарҳанг ё полковники тоҷик, фармодеҳи Отряди таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ Гулмурод Ҳалимов хабарҳои ба Сурия рафтани ӯро рад кард.

Пайвандони полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабарҳо дар бораи гӯё ба сафи гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” пайвастани ӯро рад карданд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз шиносҳои Гулмуродов гуфтаанд, вай вақтҳои охир ба фаъолияти ин гурӯҳ таваҷҷӯҳ нишон медод ва ақидаҳои онро таблиғ мекард.

Субҳон, бародарзодаи полковник Ҳалимов, ки дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар манзили Гулмурод Ҳалимов худро корманди мақомоти пулис муаррифӣ кард, гуфт, “сарусадои матбуот дар мавриди гӯё аз Тоҷикистон фирор кардан ва ба “Давлати исломӣ” шомил шуданаш асос надорад”. Ӯ нахост, аз ин бештар сӯҳбат кунад ва ҳатто аз хабарнигори мо даъват кардааст, ҳарчӣ зудатр аз назди манзили онҳо дуртар биравад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки барои фаҳмидани асли қазия ба хонаи полковник Ҳалимов дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рафта буд, мегӯяд, дари хонаашро баста ёфтааст. Ба қавли ӯ, ҳангоме ки дар назди дари хонааш гаштугузор мекард, афроде дар як худрави сиёҳшишаи бидуни рақами давлатӣ бе ягон пурсишу посух ӯро аксбардорӣ карда рафтаанд. Зоҳиран, манзили Ҳалимов таҳти муроқибат қарор дорад. Субҳон, бародарзодаи Ҳалимов дар ҳамин ҳол ба назди хона расида, аксбардоронро кормандони Радиои Озодӣ гумон кардааст.

Куҷо будани сарҳанг Ҳалимов аз 7 май ба ин сӯ яке аз сархатҳои расонаҳост ва бархе аз онҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки полковник Ҳалимов шаҳодатномаи хидматӣ ва силоҳи худро дар коргоҳаш гузошта, нопадид гаштааст. Аз он вақт то ҳоло мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин хабарҳоро шарҳ надодаанд.

Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов

Рӯзи 8 май як манбаи наздик ба Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба Сурия рафтани Гулмурод Ҳалимов раҳбарони ин вазорат ва дигар мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ин манбаъ мегуфт, ҳануз сабаби аслии аз Вазорати корҳои дохилӣ рафтани полковник Ҳалимов рушан нест ва маълум нест, ки вай барканор шудааст ё фирор кардааст. Як манбаи дигари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегуяд Гулмурод Ҳалимов дар Маскав аст ва аз тафсилоти бештар худдорӣ карда мешавад.

Вале сешанбеи 12 май хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба нақли ҳамсӯҳбатони худ гуфт, ӯ вақтҳои охир ба “Давлати исломӣ” ва сохтору ақидаҳояш таваҷҷуҳ нишон дода, ба таблиғи ақидаҳои он пардохтааст ва даҳ нафарро ба ивази маблағ ба Сурия бурдааст. Манобеи Радиои Озодӣ сарҳанг Ҳалимовро ҳамчун як шахси ботақво ва намозхон тавсиф мекунанд.

Ба навиштаи ин оҷониси хабарӣ, “дӯстони Ҳалимов гуфтанд, ӯ вақтҳои охир аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти ДОИШ, ақидаи онҳо ва амалиёти ҷангияшон маълумоти комил ҷамъоварӣ мекарад. Вай фанатики ДОИШ шуда буд ва ақидаҳояшро дар миёни одамони наздикаш низ паҳн менамуд.”

Дӯстони сарҳанг гуфтаанд, машварати онҳо дар бораи ин ки аз чунин ақида даст бикашад, ӯро асабонӣ мекард. Хабаргузорӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар сафи мақомоти қудратӣ гуфтааст, "Гулмурод Ҳалимов аз ҳисоби шаҳрвандони бекори Тоҷикистон даҳ нафарроо низ бо худ ба Маскав бурдааст ва онҳоро рӯзи 2 май дар фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево”-и Маскав ба мушоҳида расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Икром Умарозода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, дар бораи дар куҷо будани Ҳалимов иттилое надорад. Вай фақат бо овардани ин ҷумла ки чизе намедонад, ба сафи нерӯҳи ДОИШ пайвастани Ҳалимовро рад ё тасдиқ накардааст.

Полковник Гулмурод Ҳалимов сокини деҳаи Чормағзакони ноҳияи Варзоб аз соли 2010 ба ин тараф дар системаи Вазорати корҳои дохилӣ хизмат намуда, соли 2012 сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG