Пайвандҳои дастрасӣ

Давоми қиссаи "латукӯби як шаҳрванд, гӯё бо амри корманди Додгоҳи Олӣ


Видеои латукӯби сардори истодгоҳи мошинҳо дар маҳаллаи”Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ба яке аз наворҳои пурбинанда табдил ёфт. Бинандагон тақозо мекунанд, гунаҳкорони ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Маҳмадалӣ Шарифов, сардори Шӯъбаи “зинаи кассатсионӣ ва назорат бар парвандаҳои оилавӣ”-и Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки аз тарафи Қиёмиддин Ҳакимов, сардори истодгоҳи мошинҳо, воқеъ дар маҳаллаи”Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе, ба зӯроварӣ ва хушунат нисбаташ айбдор мешавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин даъво ягон асос надорад.

Вакили дифои ҷаноби Ҳакимов иддао дорад, ки миёнаҳои моҳи октябр зерҳимояи ӯ -- Қиёмиддин Ҳакимов ва корманди Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Шарифов бар сари маблағи хариди як мошин баҳси телефонӣ доштанд ва ба думбол гӯё корманди додгоҳ ӯро таҳдид кардааст, ки “ҳамин ҳоло бачаҳо рафта, бо ту гапзанон мекунанд”. Ба гуфтаи ӯ, “баъди лаҳзае панҷ нафар дар тавқифгоҳи мошинҳо, воқеъ дар маҳаллаи”Дӯстӣ”-и пойтахт ҳозир шуданд ва ба Қиёмиддин Ҳакимов ҳуҷум карданд”.

Латукӯби дастҷамъонаи Ҳакимов дар навори дурбинҳои дидбонии истодгоҳ сабт шудааст. Аммо ҷаноби Шарифов мегӯяд: “Дар навори дурбинҳое, ки ҳолати латту куби корманди тавақуфгоҳи мошин сабт шудааст, акси ман нест ва ман дар онҷо набудам ва ин кори дасти намебошад. Ин тӯҳмат аст ва барои рехтани обрӯйи ман ҳамчун корманди Додгоҳи олӣ бофта шудааст” -- мегӯяд ҷаноби Шарифов. Вай ҳамчунин меафзояд, ҳеч гуна гуфтугӯи телефоние бо ҷабрдида надоштааст.

Саҳнаи латукӯби Ҳакимро яке аз дурбинҳои атроф сабт кардааст, ки дар он чеҳраи баъзе ҳамлагарон намоён аст. Ҳамон рӯз кормандони фаврии шӯъбаи 3-юми Раёсати корҳои ҷустуҷӯии вазорати умури дохилии Тоҷикистон Сафар Ҳусейнов ва Беҳрӯз Бобоев ба ҷои ҳодиса омада, далелҳои шайъиро аксбардорӣ карда ва наворро бо аризаи шикоятии зарардида бо худ бурданд.

Вале даъвогар мегӯяд, ки ходимони пулис на танҳо парвандаро пеш набурданд, балки ба ӯ машварат доданд, ки аз даъвояш бигзарад. “Онҳо гуфтанд, ки ҳамлагарҳои ман кайҳо билет гирифта ба Русия гурехтанд ва сар ба сар шуданам бо корманди додгоҳ ба зарари худам анҷом хоҳад шуд”, - мегӯяд вай.

Аммо Маҳмадалӣ Шарифов мегӯяд, чанд рӯз пеш ӯро ба Раёсати амнияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват намуда, масъалаи даст доштани ӯро дар ҳодисаи латукӯби сокини пойтахт пурсида баёноташро гирифтаанд: “Маро шиносҳои Рустам Қурбонови адвокат ва Қиёмиддин Ҳакимов дар раёсати амнияти ВКД даъват карданд дар ҳоле ки онҳо ҳуқуқи даъвати маро ҳамчун корманди суд надоштанд ва ман талаб кардам, расмӣ даъват кунанд. Дар онҷо ба ман дӯғ заданд, ман гуфтам, ки барои ин шикоят кадом далел вуҷуд надорад, ман дар сабти видеоӣ нестам ва ҳеҷ дастуре аз тариқи телефон надодаам ва ин рафтори онҳо шаъну шарафи маро паст зад,” -- меафзояд Маҳмадалӣ Шарифов сардори Шӯъбаи зинаи кассатсионӣ ва назорат бар парвандаҳои оилавии Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Ҳамзамон ҷаноби Шарифов гуфт, Қиёмиддин аз ӯ не, балки аз бародараш "20 000 доллар қарздор аст ва азбаски қарзро баргардонида наметавонад, зидди вай барои қаллобӣ парванда кушодан даркор аст". Вай меафзояд, “факти асосӣ дар ин баҳс видеоролик аст. Ман дар ҳамон видеоролик нестам, тамом! Ин боз мегӯям, тӯҳмат аст! Беҳтар аст то анҷоми тафтишот сабр кунем,” -- гуфт ҷаноби Шарифов. Вай гуфт, ки барои ҳимоят аз шаъну шарафаш вакили мудофеъ гирифтааст ва ба ӯ ваколатнома ҳам додааст, то ин ки дар ин баҳс аз вай ҳимояти ҳуқуқӣ карда шавад.

Қиёмиддин Ҳакимов, як сокини пойтахти Тоҷикистон иддао дорад, ки гурӯҳи ношиносе ӯро бо дастури Маҳмадалӣ Шарифов, корманди Додгоҳи олии кишвар латту кӯб ва 8 рӯз дар бемористон бистарӣ кард. Ин сокини пойтахт дар номаи шикояташ ба унвони вазири умури дохилии Тоҷикистон навиштааст, ки ҳамлагарон ӯро дар маҳалли кораш, тавқифгоҳи мошинҳо бо мушту лагад аз пой дароварданд ва беш аз 2 ҳазор доллараш низ гум шуд.

Рустам Қурбонов, вакили Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, ки аз Қиёмиддин Ҳакимов ҳимоят мекунад, рӯзи 15 декабр навореро ба Радиои Озодӣ пешниҳод кард, ки дар он манзараи лату кӯби Ҳакимов сабт шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Маҳмадалӣ Шарифов корманди ҳамин ниҳод буда дар бахши “зинаи кассатсионӣ ва назорат бар парвандаҳои оилавӣ” фаъолият мекунад. Аммо дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ аз қазияи мазкур изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки нафаре аз рӯи ходими онҳо шикоят накардааст.

Бо ин ҳол, наздикони ҷабрдида Қиёмиддин Ҳакимов, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад мегӯянд, ки то замони муҷозот шудани корманди Додгоҳи олӣ, ки дастандаркори аслии маъюб шудани фарзандашон шудааст, аз шикоят даст намебардоранд ва ба идораҳои боло муроҷиат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG