Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири иқлим ва чанд нуқтаи осебпазири Тоҷикистон


Тағйири иқлим боиси афзоиши мавориди офатҳои табиӣ шудааст
Тағйири иқлим боиси афзоиши мавориди офатҳои табиӣ шудааст

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки Тоҷикистон дар баробари таъсири тағйири иқлим хеле осебпазир буда, тағйири иқлим боиси об шудани пиряхҳо, афзоиши обхезиҳо ва рӯ задани бемориҳои гуногун шудааст.

Раҳбарони тақрибан 150 кишвари ҷаҳон рӯзи 30 ноябр дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса, ба анҷумани махсуси масоили тағйири иқлим оғоз бахшиданд. Дар ин анҷумани таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид, ки то 11 декабр давом мекунад, қарор аст, як паймони ҷаҳонии мубориза бо таъсири тағйири иқлим имзо шавад. Ин созишнома маҳдуд сохтани партоби газҳои гулхонаӣ - як сабабгори асосии гармшавии сайёраро барои даврони баъд аз соли 2020 танзим хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар раъси як ҳайат ба анҷумани Порис рафтааст ва 30 ноябр дар бораи асароти тағйири иқлим ба муҳити зист, иқтисод ва рӯзгори мардуми кишвараш суханронӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони масоили муҳити зисти Тоҷикистон, ин кишварро дар муқобили асароти тағйири иқлим нисбат ба ҳамаи кишварҳои дигари минтақа дар як ҳоли бештар осебпазир тасвир мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, баланд шудани гармои ҳаво дар Тоҷикистон сабаби об шудани пиряхҳо, афзоиши мавридҳои обхезию сел ва рӯ задани бемориҳои гуногун шудааст.

Тибқи мушоҳидаҳои коршиносон, тайи 60 соли охир ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи ҷадвали Селсий баланд шуда, теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриоддии гидрометеорологӣ бештар ва ба сурати шадидтар рӯй медиҳанд. Танҳо дар селҳои моҳи июли соли ҷорӣ дар Бадахшон ба камияш 7 нафар ҳалок шуда, ба иқтисоди Тоҷикистон, ба ҳисоби мақомот, ҳудуди 600 миллион сомонӣ, муодили қариб 100 миллион доллар хисорот ворид шудааст.

Давоми даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, мушоҳида мешавад. Тибқи натоиҷи таҳқиқоти анҷомшуда, ба иллати тағйири иқлим дар ҳудуди Тоҷикистон то як ҳазор пирях (сеяки пиряхҳои минтақа), ки манбаи асосии оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, нобуд гардидаанд.

Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, дар қарни 20 ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон то 30 дарсад кам шудааст ва дар сурати идомаи гармоиши курраи Замин захираҳои об дар Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта ва ин амр метавонад барои аҳолии минтақа паёмадҳои номатлубе дошта бошад.

Бино ба иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, шиддати обшавии пиряхҳои Федченко, Хирсон, Кашолях, Ғармо ва даҳҳо пиряхҳои хурду бузург, ки дар болооби рӯдхонаҳои Техарв, Рохарв, Шихарв ва Вравзи ноҳияи Ванҷ қарор доранд, дар соли ҷорӣ афзоиш ёфта, боиси омадани селҳои харобиовар шудааст. Аз ҷумла, пиряхи Федченко, ки бузургтарин пирях дар Осиёи Марказӣ буда, 77 километр дарозӣ дорад, ба таври маъмул 3,5 сантиметр дар як шабонарӯз об мешуд, аммо дар соли ҷорӣ обшавӣ дар ин пирях то 5 сантиметр ба назар расидааст. Дар Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор пирях мавҷуд аст.

Абдулҳамид Қаюмов
Абдулҳамид Қаюмов

Дар ҳамин ҳол, доктор Абдулҳамид Қаюмов, масъули тарҳи “Тағйирёбии муҳити зисти Тоҷикистон”, рӯзи 30 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, обшавии пиряхҳо ва ҷорӣ шудани селобу обхезиҳо нишонаҳои ошкори таъсири тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон аст. Аммо ба гуфтаи доктор Қаюмов, нишонаҳое аз ин гуна таъсир вуҷуд дорад, ки ба чашм ноаён буда, вале ба вазъи саломатии сокинон асари номатлуб мегузорад ва ба афзоиши мавридҳои марги кӯдакону куҳансолон сабаб мешавад.

Ӯ гуфт, "бар асоси пажӯҳиши муштараки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон тағйирёбии иқлим боиси афзоиши бемориҳои сироятӣ ва амрози сактаи қалбу сактаи мағз шудааст. Ин вазъият барои сокинони Тоҷикистон хеле ташвишовар аст."

Зимнан, ду сол қабл, пажӯҳиши муштараки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди асари тағйири иқлим ба саломатии инсон муаррифӣ шуда буд. Тибқи он, дар зарфи 15 соли ахир мизони бемориҳои сироятӣ, фавти одамон аз фишору баланди хун ва сактаи қалб дар Тоҷикистон 10 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бо назардошти натиҷаҳои ин пажӯҳиш, барои коҳиши таъсири тағйири иқлим дар Тоҷикистон Стратегияи миллӣ барои солҳои 2011- 2020 таҳия шудааст. Ин санад пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии мардум, рушди маърифати экологии онҳо ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дахл мекунад.

XS
SM
MD
LG