Пайвандҳои дастрасӣ

​Мақомоти ҳукумати вилояти Суғд бештар аз сад биноеро, ки ба ҳайси масҷид фаъолият дошта, аммо аз қайди расмӣ нагузаштаанд, ба бунгоҳи тиббӣ ё боғчаи бачагон табдил додаанд.

Мақомоти Суғд 108 биноеро, ки дар гузашта ба ҳайси масҷид ба мардум хидмат мекарданд, ба марказҳои фарҳангӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаи кӯдакон ва дафтари кумитаи маҳаллаҳо табдил додаанд. Намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шимоли кишвар 21 июл гуфтанд, ки ин биноҳо аслан иҷозаномаи Кумитаи заминро надошта, ҳамчун масҷид сабтином ҳам нагардидаанд.

Обид Шарофов, раҳбари Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Суғд гуфт, ин тасмим маънои аз байн бурдани масҷидҳоро надорад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, "дар баъзе аз маҳалҳо ҳар сари қадам масҷид сохтаанд, агарчӣ мактаби миёна надоранд."

Ҷаноби Шарофов афзуд, он масҷидҳои басташудае, ки таърихи бештар аз 100 сол доранд, ба ҳайси ёдгориҳои фарҳангиву фароғатӣ нигаҳ дошта мешаванд. "Масоҷиди дигари барҳамдодашуда ба бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаи кӯдакон, чойхона, дафтари кумитаи маҳаллаҳо ва мисли ин марказҳои иҷтимоӣ табдил дода шуданд," -- афзуд ӯ.

Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати Суғд мегӯяд, сабти ном ва ҳуҷҷатгузории масоҷид бар асоси қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" аз соли 2009 сурат гирифта, аслан масҷиду намозгоҳҳое барҳам дода мешаванд, ки ба талаботи ин қонун ҷавобгӯ нестанд.

Санҷиши масоҷид ва сабтиному барҳам додани бархе ибодатгоҳҳо танҳо хоси вилояти Суғд нест. Аз соли 2009 то кунун дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ба дари даҳҳо масҷиди "ғайриқонунӣ" қуфл зада шудааст. Мақомоти Суғд мегӯянд, ин кор ба хотири танзими фаъолияти масҷидҳои кишвар, ки тибқи қонун "иттиҳодияҳои динӣ" маҳсуб меёбанд, бо машварату маслиҳати ходимони дин ва сокинон роҳандозӣ мешавад.

Мавлуда Ҷӯраева, мудири Идораи дини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз 45 масҷиди ин ноҳия, ки баъд аз санҷиш “ғайриқонунӣ” дониста шуданд, бо машварати сокинон набастани 7 масҷидро зарур донистаанд. "Баъзе маҳалҳо чанд масҷид дорад, ки ба тариқи ҳашар сохта шудаанд. Аммо намозгузоронаш кам. Барои ҳамин бо дастури ҳукумат ва машварати халқ онҳоро ба иншооти зарурӣ барои ҳамон маҳал, масалан бунгоҳи тиббӣ табдил додем. Ин кор бо дархосту ризояти сокинони он маҳалла ва бо таҳияи протокол сурат гирифт," -- илова кард ин мақомдор.

Мусоҳиби мо афзуд, дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 138 масҷиди ҷомеъ ва 5-вақта фаъол аст. Абдуҷамол Ҳомидов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи “Сурх”-и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам мегӯяд, “ба ин масҷидҳое, ки барҳам доданд, ҳамагӣ чор - панҷ намозгузор меомаду бас. Ин масҷидҳо сетрификати истифодаи замин надоштанд, аз қайди расмӣ нагузашта ва ё дар канори роҳҳо худсарона сохта шуда буданд.”

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносони маҳаллӣ бар онанд, ки ҳадафи давлат аз барҳам додани баъзе аз масҷидҳо танҳо ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми маҳалҳо нест. Аброри Комил, коршиноси маҳаллӣ дар умури дин гуфт, эҳтимол мақомот аз ин тариқ мехоҳанд фаъолияти масоҷид ва намозгузорнашро таҳти назорат гирифта, аз пайвастани онҳо ба ҳар гуна равияҳо ҷилавгирӣ намоянд.

"Шумори масҷидҳо дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон хеле зиёд шуданд ва ҷавонону бачаҳо аз мактабу донишгоҳҳо дида, бештар ба масҷидҳо рӯ оварданд. Бархе сокинон таълимоти нодурусти исломӣ гирифта, ба гурӯҳҳои тундрави ба ном динӣ шомил шуданд. Вазъи барҳамхӯрдаи ҷаҳони шарқи наздик ба Тоҷикистон, хусусан дар Сурияву Ироқу Афғонистони ҳамсоя давлати Тоҷикистонро водор кард фаъолияти масҷиду мадрасаҳо ва ходимони диниро зери назорат бигирад ва ба танзим дарорад," – хулоса кард Аброри Комил.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, вале бастани масҷидҳои “ғайриқонунӣ” умдатан сокинони солхӯрдаву дардманди маҳаллаҳоро, ки акнун барои намозхонӣ дуртар, ба масҷиди дигар мераванд, норозӣ кардааст.

Ба қавли масъулони шуъбаи дини ҳукумати Суғд, дар ҳоли ҳозир дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 1059 масҷиди расмӣ, аз ҷумла 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъву 955 панҷвақта амал мекунанд. Ҳамчунин, шуъбаи дин санадҳои 28 масҷиди панҷвақта, ки фаъолияти онҳоро муваққатан қатъ карда буд, баъд аз санҷиш барои сабтином ба Кумитаи дин пешниҳод кардааст. Дар ҳоли ҳозир ба сари 1900 сокини Суғд як масҷид рост меояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG