Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии ИМА ба Тоҷикистон танҳо як мавзуъ меҳвар нахоҳад буд.

Афғонистон аз мавзӯҳои меҳварии мавриди гуфтугӯи хонум Клинтон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамин тавр ангезаи аслии сафари ӯ ба минтақа хоҳад буд.

АФҒОНИСТОН МАВЗӮИ МЕҲВАРӢ

Зеро дар даҳ соли пеш Амрико ба шарти кӯмак ба Афғонистон ва саркӯбии Толибон вориди минтақа шуда буд, ки ин рисолатро то поён ҳанӯз анҷом надодааст. Толибон ҳамчунон фаъоланд ва эҳёи дубораи Афғонистон идома дорад. Аммо дар ин миён роҳҳои икмолотии Амрико аз тариқи Покистон дучори мушкил шуда ва ду сол ба ин ҷониб масири шимол, ки аз Тоҷикистон ва Узбакистон убур мекунад, як роҳи аслии таъмини нерӯҳои НАТО ва кӯмакҳо барои бозсозии Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон аз ду тариқ борҳои НАТО-ро ба Афғонистон мефиристад.
Яке борҳое, ки ба фурудгоҳи Душанбе ворид мешаванд, яке тавасути роҳи оҳан ва ҳам маводе, ки тавассути фурудгоҳи Манаси Қирғизистон ҳам оварда мешавад, аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол мешавад. Коршиносон мегӯянд, сафари вазири хориҷаи Амрико ба минтақа далели ниёзи бештари Амрико ба Тоҷикистон ва Узбакистон пеш аз ҳам дар роҳи идомаи икмолоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аст.

Ниёз Мирзоев, мудири кафедраи равобити байналмилалӣ дар
Соли 2009

Соли 2009

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар чунин шароите, ки пеш омадааст, Амрико ба ҳарчи беҳбуди муносибот ва қаноат додани кишварҳои Осиёи Марказӣ феълан ниёз дорад.

Ӯ мегӯяд: «Вақтҳои охир муносибати Амрико бо Покистон, агарчанд ҳарду шарики стратегӣ ҳастанд, бад аст. Барои он, ки возеҳ аст, ки Покистон аз Толибон ҳимоят мекунад. Ва роҳҳои икмолоти нерӯҳои НАТО тавассути он кишвар рӯз аз рӯз мушкилтар мешавад. Вале агар Амрико аз Афғонистон ҳам баромаданӣ шавад, кӯшиш мекунад аз Осиёи Марказӣ дуртар наравад.»

НИГАРОНИИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА АЗ ХУРУҶИ НЕРӮҲОИ НАТО

Аз сӯи дигар, кишварҳои минтақа нигарони сарнавишти худ баъди хуруҷи НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 ҳастанд, дар ҳоле, ки НАТО аз як сӯ роҳи хуруҷи хуро меҷӯяд ва аз сӯи дигар бояд дар фикри мондан дар минтақа ба шеваи дигар бошад.

Оқои Мирзоев ҳамчунин афзуд, агар қарор аст, НАТО аз Афғонистон хориҷ шавад, ин роҳи хуруҷ танҳо аз Осиёи Марказӣ аст. Зеро бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҳоким, хуруҷи лашкари азими НАТО аз Афғонистон ба сурати куллӣ на аз роҳи Покистон, Ирон ва ё ҳатто на аз роҳи ҳавоӣ имконпазир нест.

Профессор Мирзоев мегӯяд, хоса, акнун, ки муносиботи Амрико ва Покистон ба сардӣ гароида аст, Вошингтон талош дорад, ҷои муносибат ва ҳамкориҳои худ бо он кишварро аз ҳисоби густариш бо Узбакистон ва Тоҷикистон то ҷойе ҷуброн кунад.

ОМОДАГИИ МИНТАҚА БА МАРҲИЛАИ БАЪД АЗ ХУРУҶ

Аз сӯи дигар, Абдуллоҳи Раҳанамо, таҳлилгари масоили сиёсӣ ба ин бовар аст, ки кишварҳои минтақа дар ҳоли омода кардани худ барои баъди соли 2014 қарор доранд. Ва сафари вазири корҳои хориҷии
Абдуллои Раҳнамо

Абдуллои Раҳнамо

Амрико низ дар ҳамин замина барои таҳияи як барномаи баъди хуруҷ аз Афғонистон дар минтақа хоҳад буд. Таҳлилгарони масоили сиёсӣ мегӯянд, ки ҳоло Ғарб амалан ба сурати низомӣ дар марзҳои нуфузи Русия ва Чин ҳузур пайдо кардааст, аммо баъди соли 2014 ин вазъият тағйир хоҳад кард.

Ва ба зудӣ минтақа шоҳиди сафороиҳои нави сиёсӣ ва низомӣ хоҳад шуд, ки ин сафороиҳо аз нерӯҳои дохилии Афғонистон оғоз мешавад. Ва Амрико бо пеш гирифтани як сиёсати нарм мехоҳад муносиботи худро бо кишварҳои шӯравии пешин дар Осиёи Миёна идома диҳад. Зеро имкони бозгашти Путин ба қудрат ва ҳамин тавр афзоиши таниши Ғарб бо Русия бештар шудааст.

Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд: «Бо эҳтимоли бозгашти Путин ба қудрат, имкони шитоб бахшидани ҳамгироиҳо миёни кишварҳори шӯравии пешин афзоиш меёбад. Ва танишҳову ихтилофоте, ки миёни Русия ва Ғарб ҳаст, имкони дорад суръати бештар касб кунд. Ва Русия дар он сурат аз шариконаш мавзеъгирии қотеътаре дар қиболи масъалаҳои калони байналмилалиро талаб мекунад. Ва ин боис мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар аксар марвидҳо мавзеъгириҳои худро ба сурати ғайри мустақим ҳам, ки бошад, мушаххастар кунанд.»

МУНОСИБАТИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБАКИСТОН БАРРАСӢ МЕШАВАД?

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ба ин далел аст, ки бо вуҷуди нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ва интиқодоти фаровони созмонҳои ғарбии дифоъ аз ҳуқуқ аз ин кишвар, Амрико, ки баъди соли 2004 муносиботаш бо Узбакистон сард шуда буд, дубора дар пайи эъмори ин муносибот шуд. Ва ахиран Барак Обама низ бо Ислом Каримов, ки дар матбуоти ғарбӣ умдатан диктатор унвон мешавад, суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Як масъалаи дигари мавриди гуфтугӯ дар сафари Ҳиллари Клинтон ба минтақа ҳатман муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон хоҳад буд. Ин муносибот аз чанд сол ба ин сӯ бад аст ва нишоне аз беҳбуд дар он дида намешавад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки Амркио мехоҳад бо роҳи ташвиқи ду ҷониб ба тавофуқ аз ин вазъят имтиёз бигирад ва аз сӯи дигар Тоҷикистон ва Узбакистон низ ҳар кадоме дар пайи ҷалби таваҷҷуҳи Ғарб ба ҷониби худ ҳастанд.

Аммо Сайфулло Муллоҷонов, устоди донишгоҳ ва коршиноси тоҷик бовар дорад, ки Осиёи Миёна дар ростои як тақсимбандӣ ва ё сафороии ҷадиди геополитикӣ қарор гирифтааст. Ӯ сафари хонум Клинтон ба минтақаро як шанси бузург барои Тоҷикистон ва Узбакистон медонад ва мегӯяд бояд аз ин шанс мақомоти Тоҷикистон ба навъи аҳсан истифода кунанд.

НИГАРОНӢ АЗ БОЗГАШТИ ПУТИН?

Оқои Муллоҷонов мегӯяд, албатта Амрико аз вазъияти Афғонистон ва бозгашти Путин ба қудрат нигарон аст, аммо боз ҳам ин маҷмуи масоил аст, ки ангезаи сафари вазири корҳои хориҷии Амркио ба минтақаро ташкил медиҳад, на танҳо як ё ду масъалаи ҷудогона. Ӯ мегӯяд:

«Ғарб ва Аврупо аз бозгашти Путин нороҳат ҳастанд, ки рӯшан аст. Масъалаи Эрон бештар доғ мешавад. Мушкили Афғонистон бештар печида мегардад. Вазъи ҳуқуқи башар ҳам дар минтақа боиси нигаронист. Аммо боз ҳам маҷмуи муносибатҳост, ки ангезаи сафари хонум Клинтонро ташкил медиҳад. Муҳим ин аст, ки ин як сафари таърихист, як шонси таърихист, ки мақомот битавонанд ба дурустӣ мавзеи кишварро мурарифӣ ва матраҳ кунанд.


Баҳси муносибати Тоҷикистон ва Узбакистон ҳатман матраҳ аст. Амрикоиҳо мехоҳанд кишварҳоро ба тарафи худашон барои ҳамкорӣ ҷалб кунанд. Ва ҳар тарафе, ки дар ин ҷо тавоно ва ҳушмандтар баромад, баранда аст. Албатта ин ба он маъно ҳам нест, ки ин сафар ҳамачиро ҳал хоҳад кард.»


МАВЗУИ ҲУҚУҚИ БАШАР НИЗ МАТРАҲ МЕШАВАД?

Аммо дар ин миён як идда аз рӯшанфикрон ва мудофеъони ҳуқуқ ба умеданд, ки назқи ҳуқуқи инсон, маҳдудиятҳои сиёсӣ ва маданӣ, маҳкумияти рӯзноманигорон ва ҳафтаномаҳо ва маҳудиятҳои мазҳабӣ низ аз мавзуъи гуфтугӯҳои хонум Клинтон бо мақомоти Тҷоикистон хоҳад буд. Ойниҳол Бобоназарова, аз мудофеони саршиноси ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Амрико бояд барномаи худро дар минтақа дар мусоидат ба таъмини озодиҳои иҷтимоӣ ва маданӣ тарҳрезӣ кунад. Дар ғайри сурат муваффақ нахоҳад шуд.

Хонум Бобоназарова бовар дорад, ки вазъи ҳуқуқи башар аз мавзуъҳои калидии мавриди гуфтугӯ ва ҳадафи асосии сафари вазири хориҷаи Амрико аст.


Ӯ мегӯяд: «Ҳуқуқи инсон ба ҳар ҳол бартарӣ дорад. Новобаста аз
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова


манфиатҳои Амрико, дар ҳар давлате, ки масалан бо Амрико дӯст ҳаст ё дӯст нест, Амрико масъалаи ҳуқуқи башар дар он давлатҳоро мебардорад. Дар ин сафар ҳам ҳуқуқи инсон дар меҳвари гуфтугӯҳо бояд қарор дошта бошад.»


Аммо аксари коршиносони масоили сиёсӣ ҳуқуқи башарро дар ин моваро ба истилоҳ «қурбошуда» ҳисоб мекунанд ва мегӯянд, ин мақтаи хоси замонӣ, ки фурсати сафбандиҳои нави геополитикиро пеш овардааст, маҷолу имкони пофишорӣ рӯи ҳуқуқи башарро аз Амрико дар ин сафар мегирад. Агарчанд ба нақзи ҳуқуқи башар, маҳдудиятҳои сиёсӣ ва матбуот ишорае дар ин сафар хоҳад шуд, аммо таъкиди ҷиддӣ нахоҳад шуд. Мисле, ки мегӯянд коршиносон ба робитаи Тоҷикистон ба Эрон ҳам дар ин сафар таъкид мешавад, аммо мавзӯъи меҳварии мулоқот нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG