Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ, Райс ё Донилон?


Дар сурати тарки мақом кардани Клинтон, ҷои ӯ дар Департаменти давлатӣ насиби кӣ мешавад?

Аз рӯи арзёбиҳои сиёсатшиносон, Ҳилларӣ Клинтон дар вазифаи котиби давлатӣ бо заҳмату талошҳи зиёдаш аз муваффақтарин аъзои ҳукумати Барак Обама будааст. Вале ӯ пайваста гуфтааст, ки як мӯҳлати мақомдорӣ барои ӯ кифоят мекунад. Ҳоло, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ анҷом шуд, чӣ касе метавонад ҷойгузини ӯ дар мақоми котиби давлатӣ бошад?

Дар яке аз мусоҳибаҳои телевизиониаш бо шабакаи CNN моҳи марти соли 2011 ӯ гуфта буд, ки дигар намехоҳад дар вазифаи раҳбари сиёсати хориҷии кишвар ва ё вазири дифоъ, муовини президент ва ҳатто президенти Амрико кор кунад. Ҳилларӣ Клинтон, собиқ рақиби сиёсии Обама дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, дар давоми чор соли охир намояндаи сиёсати президент дар хориҷи кишвар буд. Дар чандин мусоҳибаҳояш вай гуфтааст, ки барояш танҳо як мӯҳлати кор дар вазифаҳои дипломатӣ кифоят мекунад. Бо назардошти он ки ӯ аз 111 кишвар
дидан карда 1,5 миллион километр роҳро тай кардааст, ин мавқеи Клинтон қобили дарк буда метвонад. Айни замон, Обама ҳам ба таври ошкоро гуфтааст, ки тарки мақом кардани ӯро намехоҳад ва ҳама талошашро ба харҷ медиҳад, то ки ӯро дар наздаш нигоҳ дорад. Бахусус, гуфтааст Обама, ба кӯмаки Клинтон дар умури Сурия ва Баҳори араб ниёз дорад.

Вале баъди эълони пирӯзии Барак Обама дар интихобот рӯзи 6 ноябр зимни посух додан ба саволҳои хабарнигорон Виктория Нуланд, сухангӯи департаменти давлатӣ гуфт, нақшаҳои Клинтон тағйир наёфтааст:

  • Фикр накунам, ки нақшаҳои котиби давлатӣ тағйир ёфта бошанд. Шумо чандин бор шунидед, ки ӯ ният дорад барои омадани нафари нав ба ҷои худ кумак карда баъдан аз паи зиндагии хусусии худ шавад ва истироҳат кунад. Вай мехоҳад аз паи навишту эҷод ва дигар корҳои мисли ин шавад.


Аз назари коршиносон, барои раҳбарии Департаменти давлатии Амрико шахс бояд пеш аз ҳама бо президенти кишвар муносиботи хуб дошта бошад. Лоуренс Ҳаас, собиқ узви Кохи Сафед ва як таҳлилгари шӯрои сиёсати хориҷии Амрико гуфт, ки “Котиби давлатӣ амалан сиёсати президентро амалӣ мекунад, аз ин рӯ шахсияти ӯ муҳим нест”. Вай гуфт, Клинтон масъулияти худро бахубӣ иҷро кард ва дар миёни ӯву президент ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надошт.

Пас, дар сурате, ки Обама натавонад фикри Клинтонро дигар кунад, дар курсии ӯ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
кӣ хоҳад нишаст?

Дар миёни номзадҳои эҳтимолии ин мақом то ҳол исми чанд нафар садо додааст. Яке аз серистеъмолтарин номҳо Ҷон Керрӣ, сенатори Массачусетс аст, ки ҳоло раҳбарии Кумитаи равобити хориҷии Сенатро ба ӯҳда дорад. Ӯ бо робитаҳои бисёр густардааш дар миёни сиёсатмадорони бонуфузи Ховари Миёна ва Чину Русия маъруфият касб кардааст. Сарқонуни Амрико тақозо мекунад, ки таъйини аъзои ҳукумат ба дӯши Сенат аст ва аз ин назар ӯ ҳеҷ мушкиле нахоҳад дошт, чун ӯ аз соли 1985 дар Конгресс аст. Вале қудрати ӯ ҳамчунин ба маънои заъфи ин номзад аст. Дар шароите, ки ҳизби ҷумҳурихоҳ Маҷлиси намояндагонро назорат мекунаду демократҳои Обама бо тафовути андак аксарияти Сенатро зери назар доранд, Обама, пеш аз қабули чунин қарор чандин бор фикр мекунад. Чунки дар сурати ба Департаменит давлатӣ гузаштани Керрӣ курсии ӯ дар Сенат ба ҷумҳурихоҳҳо мегузарад.

Сюзан Райс
Сюзан Райс
Яке дигар аз номзадҳои эҳтимолии мақоми вазири хориҷаи Амрико сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс аст. Ин хонуми сиёҳпӯст дар гузашта барои баъзе баёнияҳои зидду нақизаш интиқод шунидааст.

Масалан, баъди ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2012, яъне ҳамлаҳо болои консулгарии ИМА дар Бенғозии Либия, ки сафир ва се амрикоии дигарро кушта бар ҷой гузошт, ӯро бисёр танқид карданд.

Муҳофизакорон ӯро барои ба истеъфо даъват карданд. Дар сурате, ки Обама ӯро интихоб кунад, Райс бояд ба саволҳои начандон хушоянди аъзои Сенат посух диҳад.


Томас Донилон
Томас Донилон
Ва ниҳоят номзади дигари вирди забони маҳфилҳо Томас Донилон, мушовини амнияти миллии Обама аст.

Вай дар маъмурияти президенти собиқ Билл Клинтон дар вазифаи раиси ситод кор када солҳои 1990-ум то 2000-ум дар таҳаввулоти марбут ба тавсеаи НАТО нақши муҳим иҷро кардаст.

Таҳлилгар Ҳаас мегӯяд, ки дар муқоиса бо ду номзади дар боло зикршуда, ӯ як шахсияти ҳирфаӣ аст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG