Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара иддаои мансабдори баландпояи Қирғизистонро, ки гуфтааст, чоркӯҳиён роҳи қабристони қирғизҳоро бастаанд, қатъиян рад мекунанд.

Сокинони деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара мегӯянд, изҳороти Қурбонбой Искандаров, намояндаи вижаи давлати Қирғизистон дар масъалаи марзбандӣ дар бораи он ки гӯё як шаҳрванди Тоҷикистон дар як маҳалли марзии байни Чоркӯҳи Исфара ва Куктоши Бодканд роҳи қирғизҳоро ба суи қабристони онҳо бастааст, дур аз ҳақиқат меноманд.

Ин мақоми қирғиз ба расонаҳо гуфтааст, ки дар байни деҳаҳои Куктоши ноҳияи Бодканд ва ва Чоркӯҳи Исфара як қабристони қирғизҳо ҷойгир аст, ки як шаҳрванди тоҷик иншооте бунёд карда, роҳи қирғизҳоро ба сӯи гӯристон бастааст. Вай афзудааст, ки як гурӯҳ мутахассисонро барои маълум кардани ба кӣ тааллуқ доштани ин қабристон ба ҷои баҳс равон хоҳад кард.Искандаров гуфтаст, Қирғизистон сари имкони ивази 20 сотих замин барои роҳи қабристон дар маҳалли марзӣ низ бо ҷониби Тоҷикистон гуфтугӯ дорад.

Маҳаллаи Куктоши ноҳияи Бодканд дар канори ҷанубу шарқи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон воқеъ аст. Он ҷо сокинони деҳаи Сомониён (пешина Майский) – и ҷамоати Чоркӯҳ ва маҳалли Куктоши Бодканд канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Аз канори қитъаи роҳи 275-метрие мегузарад, ки Тоҷикистон чандин сол қабл онро барои бунёди роҳи мустақими Тамдиқ - Оқсой ба Қирғизистон барои 49 сол ба иҷора дод. Биноан ин минтақаи марзиро Қирғизистон барои худ хеле муҳим медонад.

Вале сокини маҳаллаи Сомониён Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, даъвои Бишкек дар мавриди он ки шаҳрванди Тоҷикистон дар ин маҳалли марзӣ роҳи қирғизҳоро ба қабристонашон бастааст, воқеият надорад.

Вай рӯзи 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт: “Он қабристон роҳе дорад, ки бо он мошини “Камаз” ҳам бемалол меравад. Дарвозаи калони оҳанин дорад. Раиси нави деҳаи Оқсой ҳам омада дид, ки чи хел роҳи васеъ дорад. Қабристон чӣ хел бе роҳ мешавад, кадом инсон роҳи гӯристонро мебандад? Аммо баъзеҳо даъво кардаанд, ки хонаи як тоҷики паҳлуи қабристонро канда, барои онҳо як роҳи нави қабристон кушоянд. Ҳол он ки дар он замини бобоии канори қабристон беш аз 100 сол наслҳои як авлоди чоркӯҳӣ зиндагӣ мекунанд.”

Ба гуфтаи сокинони Чоркӯҳ, қабристони маҳаллаи ҳоло марзии Сомониён қадимӣ буда, онро аслан тоҷикон бунёд карда, давраи шӯравӣ ва омадани қирғизҳо ба канори Чоркӯҳ, аз рӯи суннати мусалмонон, тоҷикону қирғизҳо мурдаҳои худро дар он якҷоя дафн мекарданд. Баъд шумораи сокинони қирғиз зиёд шуда, чоркӯҳиён он қабристонро дар ихтиёри сокинони Куктоши Бодканд гузоштаанд. Ва барои маҳалли худ қабристони дигаре сохтаанд. Бархе сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, ин муомила дар чорчӯби ивази 17 гектар замини ин маҳалҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта буд.

Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, вале байни сокинони Бодканд касоне пайдо шудаанд, ки бо сохтани чунин даъвоҳои бепоя ва паҳн кардани онҳо мехоҳанд, байни сокинони ин минтақаи марзӣ муноқиша ангезанд. Ин минтақа дар се соли охир шоҳиди чандин низоъи марзиву тирпаррониҳо шуда буд, ки дар онҳо як сокини Ворух куштаву наздик ба 20 сокинони осоиштаву низомии тоҷику қирғиз маҷрӯҳ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG