Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Чин. Ақаллияте, ки бо чиниву ӯйгурӣ дарс мехонанд


Тоҷикони Тошқурғон.
Тоҷикони Тошқурғон.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, барои таҳқиқи мушкили макотиби тоҷикони Чин як гурӯҳи омӯзиширо ба манотиқи зисти онҳо фиристодааст.

Бино бар хабарҳо, ҳудуди 50 ҳазор тоҷики Чин аз таҳсил бо забони модарӣ маҳрум буда, сарони ин ҷомеа борҳо хостори кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон шудаанд.

Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов гуфт, ин мавзуъ ҳудуди 5 сол пеш ба ин сӯ мавриди омӯзиши мақомоти Тоҷикистон қарор дорад: «Як гурӯҳ дар Донишгоҳи миллӣ ташкил кардаем, ки бо омӯзиши ин масъала машғул аст. Ин як масъалаи сиёсӣ ҳам ҳаст, хеле масъалаи нозук аст. Мо дар фикри ин ҳастем. Чор-панҷ соли пеш ҳам дар ин фикр будем. Фурсат, ки фароҳам шуд, бешак, масъалагузорӣ мекунем. Аммо як чӣ ҳаст: пеш аз он ки муроҷиат кунем, бояд факту далели зиёд бояд дошта бошем.»

Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон.
Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон.
Тоҷикони Чин як қисмати тоҷикони Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки пас аз суқути хонигарии Қӯқанду аморати Бухоро ва ташкилёбии Иттиҳоди Шӯравӣ робитаашон аз бақия тоҷикони минтақа ба куллӣ канда шуд. Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳоло теъдоди тоҷикони Чин тақрибан 50 ҳазор нафар аст, ки аз ин 35 ҳазор нафарро вахониҳо ва бақияро сарикӯлиҳо ташкил медиҳанд. Солҳои 50-уми асри 20 ҳукумати Чин уезди тоҷикони Тошқурғонро дар ҳайати ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғур, ё ба таъбири дигар, Туркистони Шарқӣ таъсис дод, аммо то ба имрӯз мактабе ба забони тоҷикӣ амал намекунад.

Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, ки барои ошноӣ бо вазъи тоҷикон ба Шинҷон сафар кардааст, мегӯяд, дар Хутан ду, дар Кошғар як деҳаи худмухтор вуҷуд доранд, ки пурра тоҷик ҳастанд ва Тоҷик-Тошқурғон пурра уезди тоҷикнишин шинохта мешавад: «Дар Чин мактаби тоҷикӣ, ки ба забонҳои вахонӣ ё сарикӯлӣ бошад, вуҷуд надорад. Онҳо то синфи ҳафтум ба забони уйғурӣ таҳсил мекунанд ва пас аз он мисли уйғурҳо бо забони чинӣ таҳсил мекунанд. Вазъият чунин аст. Фақат як қисми мардум дар назди халифаҳо ё муллоҳое, ки мегӯем, рафта, бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ таълим мегиранд. Ин шахсӣ ва дар назди халифаҳо аст. Мактаби расмӣ ба забони тоҷикӣ нест. Забони тоҷикии он ҷо ҳамон забонҳои вахонӣ ва сарикӯлӣ аст.»

Дар ҳамин ҳол, набуди мактабҳои тоҷикӣ дар Чин мавзӯест, ки сараш на фақат мақомоти Тоҷикистон, балки Чин ҳам бо эҳтиёт суҳбат мекунанд. Чанде қабл зимни муаррифии гузинаи тоҷикии «Контимост», маҷаллаи минтақавии Чин бо сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Фан Сян Чжун низ ин мавзӯъро ба миён гузоштем. Вай гуфт, шахсан ҳеҷ гоҳ дар уезди тоҷикнишин набуд, аммо
Фан Сян Чжун, сафири Чин дар Тоҷикистон.
Фан Сян Чжун, сафири Чин дар Тоҷикистон.
ҳукумати Чин дар қиболи ақаллиятҳои миллӣ сиёсати эҳтироми бузургро пиёда кардааст: “Аз ин хотир, тоҷикони Чин зиндагии хушбахтонае доранд. Сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволӣ онҳо боло меравад. Чин ба расму анъанаи ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром дорад. Дар он ҷоҳое, ки имкон ҳаст, албатта, ҳукумати Чин ҷонибдорӣ ва кӯмак мекунад. Барои донистани ин ҳама бояд бо чашмони худ ҳамаро дид ва ба овозаҳо набояд такя кард.”

Сафири Чин дар Тоҷикистон ба ду суол дар робита ба макотиби тоҷикӣ дар Шинҷон посухҳои дипломатӣ дод ва ҳоло маълум нест, ки дар ин робита ин кишвари абарқудрат барномае дорад, ё хайр. Аммо коршиносон мегӯянд, аз миёни 56 ақаллияти миллӣ, ки дар Чин ба сар мебаранд, тоҷикон воқеан аз имтиёзҳо бархӯрдоранд, аз ҷумла агар уйғурҳо ҳуқуқи беш аз ду фарзанд ва миллати асосӣ - ханҳо беш аз як фарзанд доштан надоранд, ба тоҷикон иҷоза дода шудааст, ки ҳар қадар ки хоҳанд, фарзанд таваллуд кунанд.

Аммо огаҳони ҳол бар инанд, ки адами таълиму тадриси тоҷикӣ тайи сад соли ахир теъдоди бузурге аз тоҷикон бо миллатҳои дигар, қабл аз ҳама уйғурҳо омехта шуда, ҳувияти миллӣ ва куллан миллияти хешро аз даст додаанд. Иддае аз коршиносон ҳам бар инанд, ки чиниҳо нисбати форсзабонон ҳассосияти вижае доранд ва ҳеҷ гоҳ дар фикри ба миён овардани маорифи тоҷикӣ дар Шинҷонро надоштанд. Онҳо мегӯянд, эҳёи забони форсӣ ба гунае бозгашт ба гузаштаи исломии Шинҷонро дорад, ки ба табъи сиёсатҳои Пекин рост намеояд, аз ин хотир, дар саросари дунё сармояи ин абарқудрат гардиш мехӯрад, аммо барои сохтмони макотиб барои 50 ҳазор тоҷики узви хонаводаи 1, 5 – миллиардаи чинӣ, маблағ вуҷуд надорад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, сиёсатшинос, ки ҳамкориҳои Чину Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, азбаски ду кишвар ҳоло марҳалаи “тилоӣ”-и худро паси сар мекунанд, масоили маориф ба сатҳи поён фуруд омадаанд. Вай афзуд, умуман чиниҳо ба забони тоҷикӣ, ё форсӣ таваҷҷӯҳ надоранд: “Соли 2006 банда дар Донишгоҳи ақаллиятҳои миллӣ дар Юннан будам. Таваҷҷӯҳ кардам, ки он ҷо аз Туркия омада, ба забони туркӣ лексия мехонанд ва забони туркиро ҳам меомӯзанд, аммо форсиву тоҷикӣ омӯхта намешавад. Аз онҳо пурсидам, ки чаро шӯъбаи эроншиносӣ, лоақал забони тоҷикӣ ё дарӣ боз намекунед? Гӯё ки таваҷҷӯҳ карданд, аммо то ба ҳол натиҷае нест.”

Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон ба ин некбинанд, ки замоне масъалаи мактабҳои тоҷикӣ дар Чин низ ҳалли мусбати худро пайдо мекунад, чун ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф хеле рушд карда, танҳо соли равон 135 донишҷӯи тоҷик баро таҳсил ба Чин рафтаанд. Бино ба иттилои расмӣ, бори аввал 35 нафари инҳо маълумоти тахассусӣ хоҳанд гирифт, дар ҳоле ки бақия танҳо барои омӯхтани забони чинӣ мераванд. Аммо вазири маорифи Тоҷикистон барои таҳсили тоҷикони Чин дар донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон барномае дар даст надорад. Таври маълум, таъсиси мактабҳои тоҷикӣ барои тоҷикони Чин бе таҳияи кардҳои зарурӣ номумкин хоҳад буд.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳалли ин масъала, бахусус омода кардани омӯзгорон Эрон ва Афғонистон низ метавонанд саҳм гиранд, танҳо зарур аст, Чин масъаларо эътироф кунад ва ба ҳалли он ризоият диҳад.

Филме дар бораи тоҷикони Чин
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG