Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи фаврии Оҷонсии зидди фасод ва Бонки миллии Тоҷикистон 22 саррофи шаҳри Душанберо ба иттиҳоми "вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ" ҷарима баст.

Гурӯҳи фаврии муштараки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллии Тоҷикистон 22 корманди саррофиҳои пойтахтро ба иттиҳоми "вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъор" ҷарима бастааст. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ 2 декабр ба Озодӣ гуфт, ки ин иқдом дар доираи санҷиши фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари кишвар дар ду рӯзи охир анҷом шудааст.

Ӯ гуфт, "дар пайи ин санҷиши якҷоя дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори "Тоҷиксодиротбонк", "Тоҷпромбонк", "Соҳибкорбонк" ва Ташкилоти амонатию қарзии хурди "Васлат" ҳолатҳои худсарона муайян кардани қурби асъор, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ва дигар камбудҳо ошкор шуд. Ин ниҳодҳои молӣ ба маблағи калон - аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд."

Ба қавли сухангӯи Бонки миллӣ, 22 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъор, ҳамин тавр, аз кор сабукдӯш шуда, аз ҳаққи фаъолият дар нуқтаҳои мубодилаи асъор низ маҳрум гардидаанд. Манбаъ афзуд, дар ҳоли ҳозир барои ба таври сунъӣ боло бурдани қурби доллар дар саррофиҳо Алиаҳмад Назаров - корманди ташкилоти амонатию қарзии хурди "Васлат", Аминҷон Валиев - корманди “Азизӣ-Молия”, Бахтиёр Бобоназаров ва Абубакр Зафар Саидзода, кормандони "Вориси замон", Алишер Азимзода ва Ибодулло Саодатов аз "Тоҷиксодиротбонк" боздошт шудаанд.

Абдуғаффор Қурбонов гуфт, ки дар пайи ин чораҳои Бонки миллӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вазъият дар бозори фурӯши асъор ба эътидол омада ва арзиши асъори хориҷӣ, аз ҷумла, доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ поин рафтааст. Гуфта мешавад, ҳоло дар бозори ғайрирасмии асъор арзиши 1 доллар аз 7 сомонию 40 дирами қаблӣ то 7 сомонию 10 дирам коҳиш ёфтааст. Аммо дар нуқтаи асъори бонкҳо 1 доллар ба 6 сомонию 80 дирам баробар аст.

Рӯзи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон нуқтаҳои мубодилаи асъорро дар болоравии сунъии арзиши доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам карда ва шеваи мубодилаи асъорро дар ин кишвар тағйир дод. Тибқи дастури Бонки миллӣ аз ин ба баъд танҳо бонкҳо ба мубодилаи асъор машғул хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 2 декабр дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки барои паст кардани шиддати болоравии қурби доллар, ба бозорҳои кишвар як миллион юан - пули миллии Чинро ворид мекунанд. Ӯ гуфт, ба муомилот баровардани юан барои тоҷироне, ки аз Чин мол ворид мекунанд, имкон медиҳад, бидуни мушкил пулҳояшонро мубодила кунанд.

"Ин барои таҷруба аст. Агар дидем, ки юан вазъро тағйир дод ва мушкили сокинонро осон кард, бештар ба муомилот мебарорем," -- афзуд ӯ.

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистону Чин як созишномаи навро ба имзо расонданд, ки бар асоси он тоҷирони тоҷик имкон доранд, мустақим пули миллии сомониро бо юан иваз карда, аз Чин молу маҳсулот ворид намоянд. Тибқи ин созишнома, ҷониби Чин дар муддати се соли оянда ба Тоҷикистон тақрибан 3 миллиарду 177 миллион юан, муодили 500 миллион доллар, медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG