Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз Толибон даъват кард, ки ба музокироти сулҳ бипайванданд.

Ин даъват рӯзи 31 октябр дар нишасти минтақавӣ дар Чин садо дод, ки ба мавзӯи имрӯзи Афғонистони ихтисос ёфтааст. Президенти Афғонистон гуфт, сулҳ дар авалияти кор аст ва аз мухолифони ҳукумати Кобул, «бахусус Толибон» даъват кард, ки ба музокироти сиёсии дохилии Афғонистон шарик шаванд.

Нахуствазири Чин Лӣ Кетсян ҳамчунин аз гурӯҳҳо ва ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ дар Афғонистон хост, ки «хусумату душманиро канор гузошта, ба ҷараёни барқарории сулҳ дар кишвар» ҳамроҳ шаванд.

Кетсян ваъда дод, ки 244 миллион долларро барои омӯзиш додани мардуми Афғонистон дар соҳаҳои мухталифи кору шуғл ихтисос дода, ҳамчунин барои 500 донишҷӯи афғон бурси таҳсил дар донишгоҳҳои Чинро фароҳам меорад.

Дар ин нишаст, ки рӯзи 31-уми октябр дар Пекин, пойтахти Чин ҷараён гирифт, раисиҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай, сарвазири Чин Ли Кетсян, ҳайтаҳои баландпоя аз 14 кишвари узви барномаи «Дили Осиё», 16 кишвари ҳомии ин раванд ва 12 созмони байнулмилалӣ ширкат доранд. Дар он роҳҳои мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба раванди сулҳ ва бозсозии Афғонистон баррасӣ мешаванд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов

намояндагӣ мекунад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар паёме ба Чорумин ҳамоиши кишварҳои гурӯҳи «Дили Осиё» барои ҳимоят аз «раванди Истамбул дар робита ба Афғонистон» бори дигар ташаббусҳои Тоҷикистонро барои ҳифзи субот, бозсозӣ ва рушди Афғонистон дар миён гузошт. Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳамсоягони ҳамҷавори Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро ба ёрмандӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар, ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризми фаромиллӣ, омӯзониши мутахассисон даъват кардааст.

Дар ҳошияи ҳамоиши Пекин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар дидоре бо ҳамтои чиноии худ Ван И равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ кард. Бино бар хабаре дар торнамои Сафорати Тоҷикистон дар Чин, ду кишвар дар масъалаи Афғонистон бо ҳам ҳамкории наздик доранд. Ван И ба нақши истисноии Тоҷикистон дар имдоди ҷаҳонӣ ба Афғонистон баҳои баланд дод ва изҳори умедворӣ кард, ки Чин ва Тоҷикистон бо таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ ба эҳёи осоишта ва гузори нарми Афғонистон ба сулҳу суботи доимӣ кӯмак хоҳанд кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар ҳошияи нишасти Пекин ҳамчунин бо ҳамтои қирғизи худ Эрлан Абдилдаев мулоқот дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG