Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳои кӯдакона: Аз "Анбоз"-у "Аладдин" то "Пайрав"


Дар Тоҷикистон 26 нашрияи кӯдакона чоп мешавад, вале толибилмони тоҷик мегӯянд, ин нашрияҳо аксаран хостҳои онҳоро бароварда карда наметавонанд.

Абдурасул Зубайдови 10-сола, ки дар яке аз мактабҳои пойтахт таҳсил мекунад, ёд надорад, бори охир кай нашрияи кӯдакона хондааст. Зеро матолиби ин нашрияҳо, ба қавли ӯ, аз шеъру афсона иборат аст ва барояш ҷолиб нест. Чун Абдурасул бовар дорад, ки синни ӯ аз марҳилаи афсонахонӣ гузаштааст.

Ӯ мегӯяд, "барои ман хондани хабарҳо ва пур кардани кроссвордҳо писанд аст. Афсонаро намехонам, чунки маъқул нест. Аввал газетаи “Алладин” мехаридем, онро бисёртар мехондем, ҳоло дигар нест."

Ҳамакнун барои Абдурасул ва ҳамсолони дигараш, ки нашрияҳои кӯдаконаи кишвар, хостаҳояшонро бароварда намесозанд, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим гирифтааст, бо таҳияи нашрияи наве бо номи “Пайрав” ин холигоҳро пур кунад. Обуна ба ин нашрия, ки қарор аст, аз оғози соли 2016 моҳе ду бор чоп шавад, аз моҳи сентябр шурӯъ шудааст.

Ноилшо Нуралиев.
Ноилшо Нуралиев.

Ноилшо Нуралиев, сардабири нашрияи “Омӯзгор”, нашрияи дигари Вазорати маориф ва илм рӯзи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорат мехоҳад, ҳамзамон камбуди адабиёти бачагона дар кишварро тавассути “Пайрав” пур кунад: "Матлабҳое, ки дар ин нашрия чоп мешавад, пурра ба мактаббачаҳо рабт мегирад, яъне дар ҳашт саҳифаи он матлабҳо вобаста ба синну сол аст. Барои онҳо на афсона, балки асарҳои бадеиро пешниҳод хоҳем кард. “Пайрав” ҳамчунин барои пайдо кардани истеъдодҳои наврас, эҷодиёти онҳоро низ нашр хоҳад кард.”

Нашрияҳои кӯдакона: Аз "Анбоз"-у "Алладин" то "Пайрав"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Феълан дар Тоҷикистон 26 номгӯ нашрияҳои кӯдакона чоп мешавад, ки тибқи омори расмӣ, моҳе куллан ҳудуди 30 000 нусха ба чоп мерасанд. Маъмултарини онҳо маҷаллаи наврасону ҷавонон «Истиқбол» (собиқ «Машъал»), маҷаллаи кӯдакон «Чашма», моҳномаи «Анбоз» (собиқ «Пионери Тоҷикистон») мебошанд. Дар қатори онҳо рӯзномаю маҷаллаҳои хусусии «Зангӯла», «Навниҳол», «Гул-гул», «Гулчин», «Сомониён», «Ворисони Сомониён», «Афсонаҳо», «Боғи дониш», «Субҳи дониш», «Ғунчаҳои умед», «Парвин», «Бойчечак», «Уқувчилар», «Устоз», «Замондош»-ро метавон ном гирифт, ки барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёна нашр мешаванд.

Абдулвоҳиди Зевар.
Абдулвоҳиди Зевар.

Аммо Абдулвоҳиди Зевар, муҳаррири маҷаллаи кӯдаконаи «Чашма» мегӯяд, сифати нашрияҳои мазкурро метавон танҳо бо нашрияҳои дигари худи Тоҷикистон муқоиса кард, чун қобили қиёс бо матбуоти кӯдакони кишварҳои дигар нест. Ба ақидаи ӯ, нашрияҳои кӯдакона аз нигоҳи мӯҳтаво сифати хуб надоранд ва ҳам ба камбуди мутахасисони ҳирфаӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Абдулвоҳиди Зевар афзуд: “Дар Иттифоқи нависандагон бахши адабиёти бачагонаро бастанд, дар итиҳодияи рӯзноманигрон бошад, шӯъбае вуҷуд надорад, ки нашрияҳои кӯдаконаро танзим кунад ва ё ҳам дар факултаҳои журналистика дар донишгоҳҳои кишвар барои ин нашрияҳо кадр омода намекунанд. Бо ин ҳол намешавад барои хонандаи хурдсол матлабҳои ҷолибу хонданӣ таҳия ва пешниҳод кард.”

Бетаваҷҷуҳии толибилмон ба нашрияҳои даврии бачагона волидони онҳоро ҳам нигарон кардааст. Аксари онҳо мегӯянд, ҳоло дигар ин холигоҳро асосан бозиҳои компютерӣ ва смартфону интернет пур кардааст. Маҳтоб Каримова, сокини пойтахт гуфт, се сол пеш барои ду фарзандаш чанд номгӯи маҷаллаҳои кӯдаконаро мехарид, аммо ҳоло

кӯдаконаш нашрия намехонанд: “Дар замони Шӯравӣ нашрияҳо вобаста ба зиндагии наврасон матлаб омода мекард. Ҳоло намедонам, ё бачаҳо пеш рафтаанд ваё матбуот қафо мондааст, ки фарзандон ба он завқ надоранд.”

Барнои Қодирдухт, сардабири «Истиқбол» - маҷаллаи наврасону ҷавонон мегӯяд, ҳарчанд имрӯз фанновариҳо рушд кардаву таваҷҷӯҳи бачаҳоро ба худ ҷалб кардааст, вале ба бовари , ягон фанноварӣ наметавонад, “ҷои як шеъри хуб ё ҳикояи ҷолибро бигирад.”

Таҳлилгарон мегӯянд, вақти он расидааст, ки масъалаи нашрияҳои кӯдакона мавриди таҳқиқи алоҳида қарор гирифта, ба вазъи онҳо аҳамияти бештар дода шавад. 5 сол пеш ҳам Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо як дастур обунаи нашрияҳои кӯдаконаро ки аксаран тобеъи Вазорати фарҳанганд, дар муассисаҳои таълимӣ манъ карда буд. Ва акнун ин ниҳод худ барои “газетхон” кардани хонандагони мактабҳо дастбакор шудааст.

XS
SM
MD
LG