Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав, пойтахти Русия, ду маркази омӯзиши забони тоҷикӣ фаъол аст. Омӯзгорон мегӯянд, ки ба далели зиёд шудани сафи талабгорон қабули онҳо аз тариқи имтиҳон сурат мегирад.

Анна Новичкова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар яке аз мактабҳои пойтахти Русия, тоза ба омӯхтани забони тоҷикӣ шуруъ кардааст. Ӯ рӯзи 21 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар синфе, ки дарс медиҳад, чор кӯдаки тоҷик низ ҳастанд ва баъди аз худ кардани забони тоҷикӣ муошират бо онҳо осонтар хоҳад шуд.

Ҳоло дар Маскав ду маркази омӯзиши забони тоҷикӣ фаъол аст. Яке аз давраҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар Китобхонаи давлатии адабиёти хориҷии Маскав мегузарад ва таълими забони тоҷикиро дар онҷо Наврӯз Гулзода бар дӯш дорад. Ба қавли омӯзгори тоҷик, талабот ба омӯхтани забони тоҷикӣ дар миёни мардуми рус зиёд аст ва бинобар ҳамин, муҳассилонро ба курсҳо тариқи имтиҳон қабул мекунанд.

Ин гурӯҳи чоруми донишомӯзон аст, ки дар доираи барномаи "Мактаби забонҳои ҳамсоя" барои омӯзиши забони тоҷикӣ, ташкил шудааст. Наврӯз Гулзода мегӯяд, азбаски ин навбат шогирдонаш қавӣ ва донишманданд, барномаи дарсиро низ ба сатҳи онҳо мувофиқ гардондааст. Шояд ҳамин бошад, ки баъзе аз муҳассилин аз нозукиҳои забони тоҷикӣ назар ба соҳибони забон, маълумоти бештар пайдо кардаанд.

Наврӯз Гулзода

Наврӯз Гулзода

Дар баробари курси мазкур, дар Маскав забони тоҷикиро дар Донишгоҳи давлатии забонҳо низ меомӯзанд. Аз соли 2015, тоҷикӣ ба риштаи алоҳида, ҳамчун забони асосӣ барои як гурӯҳи донишҷуён ҷудо шуд. 8 толибилми рус, ҳамарӯза соатҳои тӯлонӣ аз пайи омӯхтани забону адабиёти тоҷик ҳастанд ва ба назар мерасад, ки онҳо натиҷаҳои хуб ҳам доранд.

Анастасия Кристова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии забонҳои Маскав сӯҳбаташро бо ин шоҳбайти устод Рӯдакӣ оғоз кард:

"Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад...

Ин забон бароям мушкил аст. Ман боре бо он сарукор надоштам. Илова бар ин дар мактаб забони англисиро меомӯхтам. Новобаста ба ин талош хоҳам кард, то забони тоҷикиро пурра биомӯзам."

Аз нақли донишҷӯён маълум шуд, омӯзиши забони тоҷикиро ихтиёрӣ интихоб кардаанд ва ба ин боваранд, ки баъд аз хатми донишгоҳ ҳатман соҳиби ҷои кор мешаванд, чун талабгор ба мутахассиси донандаи забони тоҷикӣ хеле зиёд аст.

Настя Доного, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии забони Маскав, мегӯяд, "вақте ба гурӯҳи омӯзиши забони тоҷикӣ пайвастам, барои ман муҳим буд назари волидонамро бидонам. Онҳо маро дастгирӣ карданд. Бахусус падарам гуфт, ки интихобам дуруст аст. Ва, албатта, зимни муошират бо хешу табор, дарки онҳо, вобаста ба сатҳи шуурашон гуногун аст. Соҳибмаълумоташон ҳасад мебаранд ва мегӯянд, ки забони наҷиб аст, дигарон бошанд ҳайратзада мешаванд ва мепурсанд, ки чаро тоҷикиро интихоб кардӣ?"

Дарсҳои гурӯҳ дар Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ мегузарад. Ин марказ соли 2013 бо дастгирии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сохтори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ташкил шудааст. Наврӯз Гулзода, ки марказро раҳбарӣ дорад, мегӯяд, барои тарбияи донишҷуёни риштаи забони тоҷикӣ барномаи комиле тартиб додааст ва мақсад дорад аз шогирдонаш мутахассиси қавӣ омода кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG