Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Захираи барф дар ҳавзаҳои рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки миллионҳо нафар аз мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ, як гӯшаи хушки курраи Замин аз онҳо об мехӯранд, соли гузашта ба ҳадди миёна 25 дар сад кам шудааст.

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ки ҳар сол ҳавзаҳои рӯдхонаҳои бузургро таҳқиқ мекунад, гуфт, захираҳои барф имсол нисбат ба соли 2012 шасту ду дар сад ва дар муқоиса ба соли 2013, бисту ҳафт дар сад кам аст.

Маҳмад Сафаров, мудири Муасиссаи давлатии обуҳавошиносӣ рӯзи 20-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, мушоҳидаҳои ҳавзаҳо бо чархбол рӯзи 28-уми феврал ба анҷом расид ва натиҷаҳояш хушҳолкунанда нест: “Захираи барф дар соли 2014 дар ҳавзаи дарёи Вахш 77 фоизи меъёри моҳонаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2013, 43 фоиз кам мебошад. Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон захираҳои барф 94 фоизи меъёри моҳонаро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2013 44 фоиз ва дар ҳавзаи дарёи Варзоб 74 фоиз ва ё аз соли 2013 29 фоиз кам мебошад. “

Маҳмад Сафаров афзуд, баръакси дигар ҳавзаҳо, захираи барф дар саргаҳи рӯдхонаи Қизилсуи минтақаи Кӯлоб 111 дар садро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2013, сӣ дар сад зиёд аст. Аммо дар яке аз ҳавзаҳои ҳаётии рӯдхонаи азими Ому вазъ ин гуна хуб нест ва баръакс мояи нигаронии ҳавошиносон шудааст. Дар ҳавзаи дарёи Панҷ, ки аз оби он Узбакистону Қазоқистону Туркманистон ҳам баҳраи зиёд мебаранд, ду моҳи зимистони имсол барф кам борида ва ба гуфтаи Маҳмад Сафаров 33 дар сади меъёри солонаро ташкил додааст ва захираҳои барф нисбат ба соли 2013 панҷоҳ дар сад кам аст.

Маҳмад Сафаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ захираҳои барф дар саргаҳи рӯдхонаҳои кишвар то рӯзи 28 феврал дар умум 75 дар садро ташкил медиҳад. Тобистони гарму тӯлонии гузашта, ки ба обшавии босуръати барфу пиряхҳо мусоидат кард ва боришоти ками барф дар фасли сармо сабаби кам ҷамъ шудани барф дар ҳавзаҳои рӯдхонаҳои кишвар шудааст. Аммо моҳи март, ки сард буд, то ҳадде ба беҳтар шудани вазъ дар ҳавзаҳои рӯдхонаҳои кишвар мусоидат кардааст.

Маҳмад Сафаров дар ин бора мегӯяд: “Ҳоло мо медонем, ки барф дар моҳи март дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳои Тоҷикистон захира шудааст. Имрӯз агар ба рақамҳои миёна назар кунем, захираи барф тақрибан то 20-уми март ба меъёри моҳона, ё ки 100 фоиз расидааст. Фақат ташвишовараш ҳамин аст, ки дар ҳавзаи дарёи Панҷ, яъне минтақаи Бадахшон захираи барф ҳоло ҳам кам мебошад.“

Ба гуфтаи мутахассиси тоҷик, бо назардошти афзудани захираҳои барф дар ҳавзаи рӯдхонаҳо, мумкин аст, дар мавсими обёрӣ, ки аз моҳи апрел то сентябр идома мекунад, дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон оби кофӣ ҷорӣ бишавад. Ба қавли Маҳмад Сафаров, метавон гуфт, ки сатҳи дарёҳо дар замони обёрӣ ба меъёр наздик мешавад. Аммо маълум нест, ки кам будани захираҳои барф дар ҳавзаҳои рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки 60 дар сади захираҳои оби Осиёи Марказиро дорад, ба вазъи обёрӣ дар Узбакистону Қазоқистону Туркманистон чӣ гуна таъсир мегузорад, ки назар ба Тоҷикистон киштзорҳои васеътар доранд ва оби зиёдеро истифода мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG