Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи марги мармузи сарбозе, ки мақомоти қисми низомӣ мегуфтанд, нон дар гулӯяш дармонда, сабаби маргаш шудааст, ба додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд рафтааст.

Додситони ҳарбии гарнизони Суғд таҳқиқи парвандаи сарбози қисми ҳарбии марзбонии воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ сержанти хурд Давлатов Фаррухро, ки бар асоси моддаи 391, қисми 2, банди «а» ба«сӯиистифода аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан» айбдор мешуд, анҷом дода, барои муҳокима ба додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд фиристодааст.

Дафтари матбуоти додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд рӯзи 5 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда дар авоили ҳамин ҳафта вориди додгоҳ шуд ва феълан мавриди омӯзиши раёсати додгоҳ қарор дорад. Намояндаи додгоҳ гуфт, пас аз омӯзиш парванда ба ихтиёри додрас дода хоҳад шуд.

Тавре додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд мегӯяд сержанти хурди марзбонӣ Давлатов, ки худ аз шаҳри Кӯлдоб будааст, рӯзи 17-уми апрел сарбози қатории ҳамин қисми ҳарбии «28 50» Акмал Давлатов - зодаи ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлобро ба мушт чунон зарбаи сахт мезанад, ки ӯ нафасгир шуда, дар роҳ беморхона мефавтад.

Додгоҳи ҳарбӣ меафзояд, айбдоршаванда Фаррух Давлатов дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор кардааст ва ду шоҳид низ ҳастанд, ки лаҳзаи зарба задани сержанти хурдро бо чашмони худ дидаанд, вале қазовати ниҳоиро додгоҳ хоҳад кард.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, "Фаррух Давлатов шоми 17-уми апрел се навсарбоз, аз ҷумла Акмал Давлатовро пас аз хӯроки шом ба «Хонаи маишӣ»-и қисми ҳарбӣ даъват карда, онҳоро бо мушту лагад зада, сипас ба таври ногаҳонӣ дар шиками Акмал мезанад, ки дар натиҷа ғизои хӯрдааш ба шуши ӯ олуда шуда, боиси маргаш мешавад." Аммо намояндагони қисми ҳарбии «28 50» ҳангоми интиқоли ҷасади Акмал ба ноҳияи Ҳамадонӣ ба волидонаш гуфтаанд, ки гӯё вай ҳангоми нон хӯрдан гулӯгир шуда фавтидааст.

Додситонии ҳарбии гарнизони Суғд аммо мегӯяд, экспертизаи тиббӣ-судии Исфара мушаххас кард, ки марги Акмал Давлатов дар натиҷаи «нафасгирӣ» (асфиксияи механикӣ) рух додааст.

Ҳуқуқшиносони мубориза бо шиканҷадар ҳамин ҳол мегӯянд, бо назардошти ин ки байни Давлатов Акмал ва Давлатов Фаррух тобеъияти хизматӣ вуҷуд дошт, кирдори ӯ бояд бо моддаи 373, яъне «таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст» таъин мешуд, на бо моддаи 391, яъне фаро рафтан аз ҳадди салоҳияти хидматӣ.

Волидони Акмал Давлатов мегӯянд, ки ӯ 21 сол дошт ва шаш моҳ пеш тариқи "облава" ба хизмат рафта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG