Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Турсунзода маросими оғози татбиқи тарҳи пурсарусадои CASA-1000, бо ширкати Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон баргузор шуд

Субҳи имрӯз, панҷшанбеи 12 май дар шаҳри Турсунзода бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон, расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшиддати барқи КАСА-1000 баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи КАСА-1000-ро барои ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда "рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ" хонд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки дар назар аст тавассути КАСА-1000 солона то 5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи аз назари экологӣ тоза аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон

интиқол дода шавад.

CASA-1000 яке аз тарҳҳои муҳими минтақавӣ аст, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Сармоягузорони аслии ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои саҳмгузорӣ дар бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон изҳори омодагӣ кардаанд.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовар дар шимоли Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд.

Дарозии шабакаи барқи CASA-1000 1222 километрро ташкил медиҳад ва 1 300 мегават нерӯи барқро аз нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон ба Ҷануби Осиё интиқол медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG