Пайвандҳои дастрасӣ

Орзуи хобҳои шаби ҳар диктатор аст, ки дар вақти дилхоҳаш тавонад, интернетро мисли барқ хомӯш ва дастнорас кунад. Вале оё дар амал чунин коре имконпазир аст?

Ҳамон гуна ки раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, сармоягузоронро дилпур мекунад, ки таҳримҳои Ғарб зидди Русия таъсири чандоне нахоҳанд дошт, мегӯяд, Кремл ҳаргиз нақша надоштааст, ки интернетро барои шаҳрвандон дастнорас намояд.

Вале ӯ афзуд, мансабдорони ҳукуматаш аз чораҳои иловагие кор хоҳанд гирифт, ки аз таблиғи тундгароӣ, бегонаситезӣ, терроризм ва фаҳшои кӯдакона пешгирӣ кунад.

Шарҳи Путин дар айни авҷи баҳсҳои густардае садо дод, ки гӯё Русия мехоҳад, интернетро зери назорат гирад ва ё ҳатто худро комилан аз он ҷудо кунад, чун он сохта ва моли Ғарб аст.

Охири моҳи сентябр Кремл эълом дошт, ки на он, балки Ғарб мехоҳад, Русияро аз интернет ҷудо намояд.

Аммо, қатъи назар аз он ки тарҳи ҷудоӣ аз шабакаи ҷаҳонӣ моли кист, пурсише пеш меояд, ки оё кишвареро ҷудо кардан аз интернет мумкин аст ва он чӣ гуна рӯй дода метавонад?

Ҳукумати Миср дар рӯзҳои пурошӯби Баҳори Араб дар соли 2011 барои панҷ рӯз интернетро дар ин кишвар қатъ кард. Сурия дар соли 2011 се дафъа интернетро хомӯш кард. Непал ва Мианмар низ чунин ҳолатро барои як давраи хеле кӯтоҳ таҷриба кардаанд. Чин дастрасии аҳолии вилояти Шинҷонро дар ҷараёни нооромиҳои соли 2009 қатъ кард. Чунин таҷриба дар соли 2012 дар Тоҷикистон низ озмоиш шуд ва на танҳо интернет, балки телефонҳои ҳамроҳ ё мобил низ аз кор монданд.

Қатъи пурраи интернет дар як кишвар ба он бастагӣ дорад, ки дар ин кишвар чанд ширкати таъминкунандаи интернет мавҷуд аст, ки пайвандро аз хориҷи кишвар харидаанд. Ин назари Ҷим Ковӣ, коршиноси аршади Дин, як ширкати интернетшиносист. Чӣ қадар ки ширкат зиёд бояд ҳамон қадар барои як ҳукумат қатъи пурраи интернет мушкилтар даст хоҳад дод.

Миср чизе камтар аз 10 пайванд дорад ва Сурия ҳамагӣ 2. Биноан, қатъи комили интернет барои Миср мушкилтар ва барои Сурия осонтар аст. Аммо Дар Русия шумораи ширкатҳое, ки хатти пайвандии худро аз хориҷи кишвар харидаанд, ба 300 адад мерасад. Яъне ба ҳукумати Русия зарур меояд, ки ҳамаи ин фароҳамкунандагони интернетро маҷбур ба қатъи хат кунад. Ин кор имконпазир аст, аммо вақт ва заҳмати бештареро талаб мекунад.

Роҳи дигари Русия на қатъи пурраи интернет, балки бехтан ё филтр кардани муҳтавои он аст. Маскав аллакай чанд торнамои мухолифро баст ва қонуни танзими кори блогнависонро ба тасвиб расонд.

Русия ин талабро низ кардааст, ки ширкатҳои интернетии хориҷӣ бояд ба қонунҳои Русия итоат кунанд. “Роскомнадзор”, танзимгари кори расонаҳои ахбори ом дар Русия, ба Facebook, Twitter ва Google ном фиристода, аз онҳо хост, дар ин бунгоҳ сабти ном шаванд ва бойгонии шашмоҳаи худро дар қаламрави Русия нигаҳдорӣ кунанд.

Ҷим Ковӣ мегӯяд, ҳукумати Русия ҳамчунин метавонад минтақаи муайяне аз кишварро аз интернет ҷудо кунад. Ба воҳидҳои хурди минтақаӣ тақсим шудани ширкати азими “Ростелеком” дар солҳои 1990 ин имкониятро акнун дастрас кардааст.

Вале оё дар ҳолати қатъи комили интернет ё сахт шудани назорат бар он корбарон чи роҳҳое барои гузаштан аз ин мушкилотро доранд?

Агар ширкатҳои интернетрасон коpи худро қатъ кардаанд, аммо хадамоти мобилӣ фаъол аст, корбарон метавонанд, аз телефонҳои ҳушманди худ ба воситаи 3G вориди интернет шаванд.

Чораи дигар, он ҳам дар ҳоли доштани обуна, интернетест, ки бо занг задан ба фароҳамкунандаи хориҷ дастрас шуда метавонад. Албатта, харҷи занги байнулмилалӣ бештар ва суръати интернет дар ин ҳол камтар хоҳад шуд. Дар ҷараёни ошӯбҳои Миср ва қатъ шудани интернет дар ин ҷо дар соли 2011 ширкатҳои dial-up ё шуморагири интернетрасони аврупоӣ ба мисриҳо хидмат карда буданд.

Ҳоло фанновариҳое пайдо шудаанд, ки ба истиснои қатъи пурраи интернет дар ҳамаи ҳолатҳои дигар метавонанд, баста шудани сомонаҳоро паси сар кунанд. Яке аз онҳо, ки аллакай истифода мешавад, Tor ё шабакаи нақбҳои шаффофи рамзишудаест, ки тарафи савум наметавонад онҳоро дидбонӣ ё маҳдуд кунад. Дар сурати густариши ин фанноварӣ назорат ба сомонаҳои интернетӣ ғайримикон низ шуда метавонад. Ба ибораи дигар, маълумот аз сомонаи мухолиф барои расидан то компютери Шумо аз чандин пайванди рамзишуда мегузарад ва ширкати фароҳамкунандаи интернет ё ҳама гуна тарафи сеюм аз имкони дидани он маҳрум хоҳанд буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG