Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбаст дар ташкили кобинаи нави Афғонистон


Гуфтугӯҳо бар сари ташкили кобинаи нав миёни намояндагон раиси ҷумҳур ва раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, ба назар мерасад, ки ба бунбаст расидааст.

Аъзоёни кумитаи ташкили кобинаи ҳукумати Афғонистон мегӯянд, ки ин кумита то ба ҳол сездаҳ нишаст баргузор кардааст, аммо бинобар мухолифатҳо миёни намояндагони ҳар ду тараф, гуфтугӯ бенатиҷа ба поён расидааст.

Асадулло Саодатӣ, намояндаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар кумитаи ташкили кобина мегӯяд, ки талаби намояндагони раиси иҷроия доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар тақсимси панҷоҳдарсадии курсиҳои кобина мухолифи Қонуни асосӣ ва созишномаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ аст. Оқои Саодатӣ ҳушдор додааст, ки ин хостҳо натиҷаҳои матлуберо ба дунбол нахоҳад дошт ва ташкили давлат бар асоси ин тақозо барои онҳо пазируфтанӣ нахоҳад буд:

"Намояндагони раиси иҷроия комилан баҳсашон ин аст, ки бояд ибтидо курсиҳо, ки ҳамонон вазоратхонаҳо, консулгариҳо, вилоятҳо, сафоратҳо тақсим шавад, баъд дар мавриди афрод баҳс сурат бигирад. Диди мо ин аст, ки ин тақозо хилофи Қонуни асосӣ ва тавофуқномаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ аст ва ҳар ду тим бояд мушорикати одилона дошта бошанд. Курсиҳо моликияти шахсии касе нест, ки бар сари он тасмим бигирад ва ташкили инчунин давлат барои мо пазуруфтанӣ нест."

Аммо намояндагони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, нахуствазир ё раиси иҷроия дар бораи ташкили кобина ва хостҳояшон нигоҳи хушбинона доранд. Саид Ҳусайн Олими Балхӣ, намояндаи раиси иҷроия дар кумитаи муштараки ташкили кобина мегӯяд, ки онҳо талабҳои фаротар аз Қонуни асосиро дар гузишин ва тақсими курсиҳо матраҳ накардаанд, балки бар таъйини афрод бо меъёрҳое, ки бояд як вазир дошта бошад, таъкид кардаанд. Оқои Балхӣ бовар дорад, ки кобина бидуни кадом мушкиле ба зудӣ ташкил хоҳад шуд:

"Дар таъбир ва тафсири идорати иқтисодӣ намояндагони раиси ҷумҳур бархӯрди салиқаӣ мекунанд. Ин бо алфоз бозӣ кардан аст, вақте мегӯянд, ки мушорикат мехоҳем, яъне чӣ? Яъне аз ин тим бошад ва аз он тим ҳам? Дар тавофуқномаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ омадааст, ки раҳбарии идороти калидӣ аз ҳар ду тим баробар бошад. Қарор набуд, ки намояндагони раиси ҷумҳур дар кумитаи муштарак ин мавзӯъро ингуна матраҳ мекарданд ва бо ин шакл ворид шудан муфид нахоҳад буд."

Ҳарчанд умедвориҳо бар он буд то пас аз поёни мӯҳлати 45 рӯз кобинаи нави Афғонистон эълом гардад, аммо ихтилофи назар миёни намояндагони ду тараф талошҳои кумитаи ташкили кобинаро ба мушкил рӯбарӯ сохтааст.

Дар ҳамин ҳол шуморе аз намояндагони доктор Абдулллоҳ Абдуллоҳ тақсими панҷоҳ дарсади ҳама курсиҳо ва мақомҳо дар ҳукуматро ба ҷуз аз мақомҳое, ки аз роҳи рақобати озод гумошта мешаванд, ҳаққи раиси иҷроия медонанд ва намояндагони раиси ҷумҳурро ба нодида гирифтани мувофиқатномаи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ муттаҳам месозанд.

Аммо намояндагони Ашрафғанӣ мегӯянд, ки онҳо тақсими курсиҳоро на, балки бар ташкили кобина бо мушорикати ду тарафро мехоҳанд ва тақсими курсиҳо ҳаққи ҳеҷ кас нест, ки бар сари он ихтилофи назарҳоро доман бизананд.

XS
SM
MD
LG