Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чкаловск намояндагии донишкадаи фарҳангиву таълимии Конфутсийи Ҷумҳурии Чин таъсис шуд.

Дар шаҳри Чкаловск намояндагии донишкадаи фарҳангиву таълимии Конфутсийи Ҷумҳурии Чин таъсис шуд. Ин муассисаи таълимӣ дар назди Донишкадаи кӯҳиву металлургии Тоҷикистон дар Шоҳканд таъсис шудааст ва ба ихтиёри он як сохтмони сеошёна бо таҷҳизоти таълимӣ гузошта шудааст. Камолуддин Қозиев, муовини ректори Донишкадаи кӯҳиву металлургии Тоҷикистон дар Шоҳкант ба радиои Озодӣ гуфт, намояндагии донишкадаи Конфутсий бар асоси созишномаи соли 2014 имзошуда боз мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи донишкада рӯзи 20 август Шан Хунхун, ректори Донишгоҳи нафти Хитой, ки як шарики аслии донишкадаи Конфутсий маҳсуб меёбад, иштирок дошт. Ба гуфтаи ҷаноби Қозиев, донишкадаи Конфутсий асосан бо таълими забону фарҳанги чинӣ машғул хоҳад шуд. Вай гуфт, барои донишҷӯёни ин донишкада гурӯҳи омӯзиши ройгони забони чинӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин ба дигар хоҳишмандон, тоҷирону соҳибкорон ва коргароне, ки дар корхонаҳои чиноии воқеъ дар Тоҷикистон кор мекунанд, низ дар гурӯҳҳои дигар имкон ва шароити ёд гирифтани забони чиноӣ, ҳадди аққал дар сатҳи муошират ва ё ҳуҷҷатгузорӣ фароҳам карда мешавад.

Муовини ректори донишкадаи кӯҳиву металлургӣ афзуд, ин гурӯҳҳо давоми моҳҳои октябру ноябр боз хоҳанд шуд ва барои кор дар донишкадаи Конфутсий ва омӯзиши забони чиноӣ ба тоҷикон 3-4 омӯзгор аз кишвари Чин ба вилояти Суғд меоянд. Чин сармоягузори аслӣ ба иқтисод, ба хусус - саноати коркарди маъдани Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сол то сол дар минтақаи шимолии кишвар ҷои пойи бештаре пайдо мекунад. Ҳоло корхонаҳои тиллои Зарафшон, маъдани сурб ва рӯҳ дар Зарнисор (Олтинтопкани собиқ), “Хуаксин Ғаюр Семент” дар ноҳияи Ғафуров моли ин кишваранд. Ҳамчунин, Чин аз хосторони аслии таҷдиди корхонаи маъдани Адрасмон ва баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги дастнохӯрдаи нуқраи Кони Мансур дар канори Хуҷанд аст.

Ин омил, ҳамчунин ба умдатарин содиркунандаи молу матоъ ва маводи техникии мавриди ниёзи мардум табдил ёфтани Чин хоҳишмандони омӯзиши забони чиноиро бештар кардааст. Дар ҳоли кунунӣ дар Хуҷанд чандин маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ гурӯҳҳои чиниро боз кардаанд ва дар онҳо умдатан мактабхонҳо ва донишҷӯён ба таври пулакӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, бархе макотиби олӣ дар маркази вилояти Суғд барои донишҷӯёни худ гурӯҳҳои омӯзиши забони чиноӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG