Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Устоди “Шашмақом” ва ҳунарпешаи маъруфи театр Борис Наматиев дар рушди фарҳанги Тоҷикистон нақши сазоворе дорад. Яке аз шоҳкорҳои ӯ таронаи “Зулфи парешон” аст. Дар ин видео яке аз охирин ҳунарнамоиҳои ӯ бо ин тарона дар маҳфиле дар Байтулмуқаддас(Йерусалим) сабт шудааст.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Борис Наматиев дар канори Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Аъло Аълоев, Малика Қаландарова, аз зумраи намояндагони барҷастаи яҳудиёни Бухорост, ки дар рушди фарҳанги Тоҷикистон дар асри 20 саҳми бузург гузоштаанд.

Борис Наматиев соли 1930 дар Бухоро ба дунё омадааст. Ҳанӯз 14 сол дошт, ки ба ҳунарнамоӣ дар театри тамошобини ҷавони Бухоро ба кор шурӯъ кард. Дар соли 1948, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, Наматиевро ба театри Лоҳутии шаҳри Душанбе даъват карданд. Ӯ ибтидо дар ин театр ҳамчун доирадаст кор мекард, вале як рӯз иттифоқан, вақте иҷрокунандаи нақши асосии намоишномаи “Шаби ҳафтум” (бар асоси қиссаҳои “Ҳазору як шаб”) бемор шуд, ин нақшро ба Наматиев супурданд.

Ва ӯ дар тӯли 44 сол – аз соли 1948 то 1992, ки ӯ аз ба далели оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Исроил кӯчид, аз ситораҳои рақами яки театри академии Лоҳутӣ буд. Ӯро дар театри Лоҳутӣ ҳама бо муҳаббат ва эҳтиром “Борис-ака” ном мебурданд.

Борис Наматиев соли 1970 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 1989 баъди намоишномаи “Шамшер ва сухан” унвони Ҳунарманди мардумии кишварро ба даст овард.

Борис Наматиев ҳамин тавр, аз хонандаҳои эътирофшудаи “Шашмақом" буд ва дар соли 1988 албоми таронаҳояшро бо номи “Зулфи парешон” ва дар соли 1990 албоми дувумашро нашр кард.

Борис Наматиев баъди ҳиҷрат аз Тоҷикистон ҳамеша ба дӯстонаш мегуфт, ки то ҳол Душанберо ёд мекунад ва афсӯс мехӯрд, ки вазъи саломатиаш дигар иҷозат намедиҳад, ки ӯ як бори дигар ба Тоҷикистон баргардад ва дар кӯчаҳои ҷавонии худ бори дигар қадам занад.

Борис Наматиев рӯзи 19 январи соли 2016 дар синни 86 дар Байтулмуқаддас(Йерусалим) аз олам чашм пӯшид.

Дар ин видео, ки писари низ ҳунарманди Борис Наматиев – Рафаэл Наматиев – дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, яке аз охирин ҳунарнамоиҳои ӯ дар маҳфиле дар Байтулмуқаддас(Йерусалим) сабт шудааст. Бо онки беш аз 80 сол дошт, Борис Наматиев шоҳкори умраш – “Зулфи парешон”-ро дар инҷо ҳам бо чунин овози қавӣ иҷро кард, ки ҳама ба ваҷд омаданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG