Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз сокинон аз вобаста шудани ҷавонон ба марказҳои букмекерӣ дар Тоҷикистон нигаронанд, аммо масъулони ин ширкатҳо мегӯянд, фаъолияташон бар асоси қонун аст ва пирӯзиву бохти муштариҳо ба бахту иродаашон рабт дорад.

Марказҳои букмекерӣ ё макони шартбандӣ барои бозиҳои варзишӣ дар Тоҷикистон торафт муштариёни худро, ки андешаи пайдо кардани пули бисёр аммо бо роҳи осонро доранд, афзоиш медиҳад.

Дар ин гуна марказҳо муштариён қабл аз бозии дастаҳои варзишӣ ба пирӯзии онҳо шарт мебанданд. Дар сурати пирӯзии дастаҳои мавриди назар муштариёни ин марказҳо то даҳҳо баробар аз маблағи гузоштаашон фоида мегиранд, вале дар ҳоли мағлуб шудани даста, маблағи гузоштаашонро мебозанд.

На ҳамсар, на хонаву дар...

Давлаталӣ Миралиев, сокини 32-солаи Душанбе, дар пайи гирифторӣ ба шартбандӣ дар бозии дастаҳои футбол аз ҳамсар, хона ва мошинаш маҳрум гаштааст. Ин ҷавон, ки дар пайи муҳоҷират ба Русия дар Душанбе соҳиби хонаву мошин шуда буд, давоми як ҳафта маблағи хонаву мошинашро, ки дар маҷмуъ 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, бой додааст.

Давлаталӣ рӯзи 20 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, мисли бемор то як соли пеш гирифтори шартбандӣ дар марказҳои букмекерӣ гашта буд ва ин вазъ то аз даст додани ҳама дороиаш идома кард. Ӯ ҳоло аз шартбандӣ дар ин марказҳо даст кашида ва дар яке аз бозорҳои пойтахт ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз кардааст. “Вақте хонаву мошинро бой додам, занам аз хона баромада рафт. Ҳама наздикон аз ман рӯй гардонданд. Бори дуюм зан гирифтам, аммо саҳар аз хонаи иҷора бо нияти кор берун мешудам, вале рост ба бозӣ мерафтам. Ин занам ҳам аз ман ҷудо шуд,” – нақл кард ӯ.

27 ҳазор сомонӣ бурди Қурбашӣ

Аммо Қурбашӣ Ашӯрҷонов, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, аксаран шартбандӣ ҳангоми пешгӯӣ дар бораи пирӯзии дастаҳо дуруст мебарояд. Қурбашӣ мегӯяд, ҳатто дар яке аз шартбандиҳо пули калоне ба даст овардааст.

Ба қавли ӯ, “дар Ҷоми Аврупо ба ғалабаи 9 даста бар рақибонаш шарт бастам. Гуфтам, ки инҳо рақибонашонро шикаст медиҳанд. Дар охир ҳарфам дуруст баромад ва ман соҳиби 27 ҳазор сомонӣ шудам. Аз сад ё ду сад сомонӣ бештар набохтаам, аммо ҳамеша 200 сомонӣ боло пул мебарам.” Дар Душанбе ҳудуди 400 Маркази букмекерӣ фаъолият мекунад, ки ба ҳисоби миёна наздик ба 4 ҳазор муштарӣ дорад. Бархе аз бузургсолон аз вобастагии ҷавонон ба шартбандиҳо дар ин марказҳо ҷиддан нигаронанд.

Ҳикматулло Одинаев, як бузургсоли сокини Душанбе мегӯяд, шоҳиди сарсону саргардонии чанде аз ҷавонҳо дар пайи бохт дар ин марказҳо шудааст. Ӯ мегӯяд, “талабаи мактабхон аз мактаб, донишҷӯ аз донишгоҳ аз пушти ин бозиҳо мондааст. Рӯзи дароз ҳама дар ҳамин ҷо тамоми ёфтагию дороиашонро сарф мекунанд. Фикр мекунам, идомаи ин бозиҳо ҷавононро баъди наёфтани пул ба ҷиноят тела медиҳад.”

Ҷамшед Раҳмонов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, бештар ба ин марказҳо ҷавононе ҷалб мешаванд, ки дар андешаи бо роҳи осон пули бисёр кор карданро доранд. Аммо ин коршинос мегӯяд, дар пайи бо роҳи осон пул кор кардан, аксари ҷавонон баръакс дороиҳояшонро аз даст дода, мӯътод мешаванд.

“Бурд ва ё бохти муштарӣ ҷавобгарӣ надорад”

Масъулони Марказҳои букмекерӣ мегӯянд, фаъолияти онҳо дар доираи қонун ба роҳ монда шудааст ва бохтани як муштарӣ ба иродаву бахти ӯ вобаста дорад. Фарзон Сафаров, ҳуқуқшиноси “Формула успеха”, аз аввалин ширкати сабтиномшудаи букмекерӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҷониби Вазорати молияи кишвар иҷозатнома доранд ва тибқи қонун ҳамеша ва саривақт андоз месупоранд.

Дар Тоҷикистон наздики 50 ширкати букмекерӣ ё худ шартбандиҳо фаъолият мекунад. Соли гузашта ин ширкатҳо наздик ба 10 миллион сомонӣ ба буҷа андоз супурдаанд. Марказҳои букмекерӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле пайдо ва шумораашон бештар шудааст, ки соли 2009 бо тағийри моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон “ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ” дар кишвар баста шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG