Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 2 миллион рубл кумак ба наздикони Раҳмоналӣ ва Тошпӯлод


Мақомоти Русия ва вилояти Волгоград ба хонаводаҳои қурбониёни таркишҳои Волгоград 2 миллион рубл ваъда кумак кардаанд. Қарор аст, чунин кумак ба ду шаҳрванди тоҷики дар Волгоград кушташуда ҳам дода шавад.

Рӯзи 31 декабр сафорати Тоҷикистон гуфт, ҷанозаи ҳарду шаҳрванди тоҷики дар таркиши Волгоград кушташударо баъди соли нав ба Душанбе мефиристанд. Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, сафорат Ҳукмиддин Раҳмонов - корманди масъули консулгариро рӯзи 1 январи соли 2014 ба Волгоград мефиристад, то ҷасади Раҳмоналӣ Ғозиев ва Тошпӯлод Назаров - қурбониёни таркиши Волгоградро бо хешовандонашон ба Маскав ва аз он ҷо бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол диҳанд.

Қарор аст, ҳукумати Русия ба хонаводаи ҳар шаҳрванди қурбоншуда як миллион рубли Русия ва раҳбарияти вилояти Волгоград низ аз ҷониби худ як миллион рубли дигар кумак кунанд. Ба афроде, ки дар ду таркиши Волгоград осеб дидаанд, 200 ҳазоррублӣ кумак мекунанд.

Тошпӯлод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев дар таркиши рӯзи 29 декабр дар вокзали роҳи оҳан кушта шуданд. Тошпӯлод Назаров, сокини 54-солаи ноҳияи Турсунзода дар маҳали ҳодиса ҷон дод ва сокини 42-солаи Душанбе Раҳмоналӣ Ғозиев шаби 30 ба 31 декабр аз ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон даргузашт.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон Раҳмоналӣ Ғозиев, ки бар асари таркиш дар Волгоград ҷароҳатҳои сангин бартошта буд дар беморхона ҷон дод.

Иброҳим Аҳмадов афзуд, ки Раҳмоналӣ Ғозиев пас аз таркиши маргталабонаи рӯзи 29 декабр дар вокзали роҳи оҳани Волгоград дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и рақами 25-и шаҳри Волгоград бистарӣ буд ва шаби гузашта аз олам гузашт. Қаблан табибон вазъи саломатии Ғозиевро сангин арзёбӣ мекарданд.

Дар таркиши вокзали роҳи оҳани Волгоград як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Тошпӯлод Назаров низ дар ҷои ҳодиса ҷон бохта буд. Ҷамъи кушташудагон дар ду таркиши рӯзҳои 29 ва 30 декабр дар ин шаҳри воқеъ дар тақрибан 700-километрии ҷануби Маскав, ба гуфтаи мақомоти Русия, то рӯзи 31 декабр ба 33 нафар расидааст.

Тошпӯлод Назаров ҳангоми додани "ҳаққ"-и милиса ҷон бохтааст

Яке аз наздикони Тошпӯлод Назарови дар таркиши Волгоград кушташуда мегӯяд, ки ӯ ҳангоми супурдани "ҳаққ"-и милисаи вокзал кушта шуд.

Илҳом Соҳибов, яке аз наздикони Тошпӯлод Назаров, шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон, ки дар таркиши рӯзи 29 декабр дар Волгогради Русия кушта шуд, мегӯяд, ӯ замоне ҷон бохт, ки барои супурдани "ҳаққ"-и милиса дубора вориди бинои вокзали роҳи оҳан шуд. Илҳом Соҳибов рӯзи 30 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари аммааш Тошпӯлод Назаров ба тиҷоарти мошинҳои дӯзандагӣ машғул буд ва ҳамон рӯз низ ҳамроҳи писари 17-солааш Достонҷон тавассути қатор ба Тоҷикистон чанд мошини дӯзандагӣ фиристода буд.

Илҳом Соҳибов мегӯяд: "Вақте мошинҳоро дар қатор бор карданду аз вокзал берун шуданд, ба ёдаш мезанад, ки "ҳаққ"-и милисаро надодааст. барои ҳар дафъаи ба қатор бор баровардан ба милиса 200 рубл бояд медоданд. Амакам ба писараш мегӯяд, ки ту рафта, дар мошин шин, ман пули милсаро дода, меоям."

И.Соҳибов: Амакам бояд "ҳаққ"-и милисаро медод, ки кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00
Линки мустақим


Иттифоқан ҳамон лаҳзае ки Тошпӯлод Назаров барои додани пули милиса дубора вориди вокзал мешуд, таркиш рух дод. Илҳом Соҳибов мегӯяд: "Якумин одаме ки аз ин таркиш ба замин афтид, ҳамин амаки Тошпӯлод буд."

Ба гуфтаи Илҳом, Тошпӯлод Назаров 8 сол боз дар Русия кор мекард. Ӯ ибтидо чанд сол дар сохтмонҳо зҳмат кашида, тақрибан ду соли охир ба тиҷорати мошинҳои дӯзандагӣ машғул буд. Тошпӯлол Назаров ибтидо дар рустои Крупская ва солҳои охир дар рустои Калинин ҷамоати Кенҷа Назирови ноҳияи Турсунзода, дар наздикии марзи Узбакистон зиндагӣ мекард. Илҳом Соҳибов мегӯяд, ки онҳо ҳоло дар пайи таҳияи асноди лозим барои интиқоли ҷанозаи Тошпӯлод Назаров ба Тоҷикистонанд, вале ҳанӯз ҷанозаро ба онҳо надодаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 декабр амр додааст, то ба наздикони ду шаҳрванди тоҷик, ки бар асари таркиш дар шаҳри Волгогради Русия яке куштаву якеи дигар захмӣ шуданд, кумак расонанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки масъалаи паёмадҳои таркишҳои Волгоград рӯзи 30 декабр дар ҷаласаи васеъи ҳукумат баррасӣ шудааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин кумак дар кадом шаклу шева ва ҳаҷме ба наздикони Тошпӯлод Назарови кушташуда ва Раҳмоналӣ Ғозиев, ки дар бемористони Волгоград дар вазъи сангине қарор дорад, расонда хоҳад шуд.

Дар таркиши аввал, ки рӯзи 29 декабр дар вокзали роҳи оҳани Волгоград, ҳамагӣ чанд дақиқа баъд аз убури қатори Душанбе -Маскав рух дод, дастикам 18 нафар, аз ҷумла шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон Тошпӯлод Назаров, кушта шуданд. Дар ин ҳамла Раҳмоналӣ Ғозиев, сокини 42-солаи Душанбе ҷароҳат бардошта буд ва табибон вазъи ӯро сангин арзёбӣ мекарданд, ки шаби 31-уми декабр ба ҳуш наомада ҷон додааст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 30 декабр боз як таркиш шаҳри Волгоград дар ҷануби Русияро такон дод ва бино ба хабарҳо, дастикам 14 кушта ба ҷо гузошт. Ин бор маводи мунфаҷираро дар дохили як троллейбуси мусофиркаш тарконданд. Дар ин ҳамла, бино ба хабарҳо, дастикам 14 тан кушта ва 23 кас, бо шумули як кӯдаки яксола, маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлаи дувум низ ибтидо маргталабона хонда мешуд, вале баъдан Кумитаи миллии зиддитеррори Русия гуфт, ки маводи таркандаро дар қисмати мусофирнишини троллейбус ҷо карда будаанд.

Саидаҳмад Маҳмадов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Волгоград, гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки дар миёни қурбониёни таркиши дувум дар ин шаҳр низ муҳоҷирони тоҷик ҳастанд ё не. Ӯ рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз миёни 14 қурбонии таркиш, ки мусофирони троллейбус буданд, ҳуввияти 8 нафар шиносоӣ шудааст ва ному насаби онҳо ҳамаи онҳо зоҳиран русист.


Саидаҳмад Маҳмадов ҳамчунин гуфт, ки ҷасади Тошпӯлод Назаров, як шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 29 декабр дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоград кушта шуд, ҳанӯз ба зодгоҳаш - шаҳри Турсунзода - фиристода нашудааст, зеро мақомоти Русия ба далели тафтиши бомбгузорӣ иҷозаи бурдани ҷасадро ҳанӯз надодаанд.

Тошпӯлод Назаров рӯзи 29 декабр ҳамроҳи 16 нафари дигар дар ҳамлаи хунин ҷон дод. Дар ин ҳодиса Раҳмоналӣ Ғозиеви 42-сола як шаҳрванди дигари Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд ва ба гуфтаи Саидаҳмад Маҳмадов, раиси ҷамъияти тоҷикони Волгоград, вазъи сиҳатии ӯ бад аст ва ҳанӯз ба ҳуш наомадааст.

Таркиши дувум дар Волгоград. Ин дафъа дар троллейбус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Вокзали Волгоград
Вокзали Волгоград
Рӯзи 29 декабр як маргталаб худро дар даромадгоҳи вокзали роҳи оҳани Волгоград тарконд. Бар асари ин таркиши рӯзи 29 декабр дар Волгоград дастикам 18 тан, аз ҷумла шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон Тошпӯлод Назаров кушта шуда, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, дар таркиши маргталабонаи рӯзи 29 декабр дар Волгоград шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон Назаров Тошпӯлод низ кушта шудааст. Ба қавли Иброҳим Аҳмадов, ин сокини шаҳри Турсунзода дар лаҳзаи таркиш дар вокзал қарор доштааст. Дар рӯйхате, ки мақомоти Русия тартиб додаанд, номи Тошпӯлод Назаров иштибоҳан Назаров Тамбулат омадааст.

Дар таркиши Волгоград ҳамчунин шахрванди дигари Тоҷикистон Ғозиев Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 25 марти соли 1971 чароҳат бардошта, ҳоло дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и шаҳри Волгоград қарор дорад. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод - намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба ин хабар, бо вуҷуди ин ки Ғозиев Раҳмоналӣ аз ҳолати мадҳушӣ берун омадааст, аммо вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад. Дар рӯйхате, ки мақомоти Русия нашр кардаанд, ному насаби Раҳмон иштибоҳан Гордеев Рахмун Али - 1971 омадааст. Оқои Эгамзод мегӯяд, Абдумаҷид Достиев - сафири Тоҷикистон дар Русия чараёни ин ҳодисаи хунин ва вазъи ҳамдиёри худро шахсан таҳти назорат гирифтааст.

Таркиш дар вокзали Волгоград
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00

Рӯзи 30-юми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як барқияи таслият ба ҳамтои русаш Владимир Путин аз ҷумла навишт: "Мо ин амалиёти ваҳшиёнаро қатъиян маҳкум карда, изҳор менамоем, ки саъю кӯшишҳоро баҳри муқовимати самарабахш нисбат ба чунин бадкирдорӣ дастгирӣ намуда, ҷонибдори амалан муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон дар муборизаи зидди он мебошем."

Раиси ҷамъияти тоҷикони Волгоград Саидаҳмад Маҳмадов рӯзи 29 декабр дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қатори Душанбе - Маскав ҳамагӣ 5 дақиқа қабл аз таркиш, соати 12-40 аз вокзали Волгоград роҳӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, "ҳамин ҷони 12 тоҷикро, ки ба пешвози қатор ба вокзал рафта буданд, раҳонд. Вақте таркиш рух дод, ин 12 тоҷик алакай аз вокзал берун шуда буданд. танҳо як нафар бо номи Ғозиев Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 1971 дар дохил монд, ки тамоми баданаш захмдор шудааст. Табибон вазъи Раҳмонро вазнин мешуморанд, вале мегӯянд, ки ӯ аз ҳолати кома(мадҳушӣ) алакай берун омада, дигар хатари марговаре ба ҳаёташ таҳдид намекунад."

С.Маҳмадов: Дар таркиши Волгоград як тоҷик захмӣ шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00
Линки мустақим

Бино ба хабарҳо, рӯзи 29 декабр бар асари таркиш дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Волгоград, дар ҷануби Русия, дастикам 18 нафар кушта ва шумори бештари мардум захмӣ шуданд. Кумитаи зиддитеррористии Русия гуфт, таркиши Волгоград кори дасти маргталаб буд.Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, як зан маводи мунфаҷираро дар наздикии даромадгоҳи вокзали Волгоград, ҳанӯз қабл аз посгоҳе, ки дар он ашёи фулузӣ ташхис мешуд, таркондааст. Инфиҷор дар нисфирӯзӣ, ки издиҳоми зиёди сайёҳон дар вокзал ҷамъ шуда буд, рух додааст.


Таркиши хунин дар Волгоград
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00
Линки мустақим

Шаҳрдори Волгоград Ирина Гусева дар бораи ҷузъиёти ин таркиш гуфт: “Таркиш дар даромадгоҳи вокзали роҳи оҳан, рух дод. Дар натиҷа одамон куштаву захмӣ шуданд. Захмиёнро ба бемористон интиқол медиҳанд. Мо ҳамчунин роҷеъ ба мавзӯъи танзими ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан кор мекунем, чунки қаторҳо ҳамчунон расида меоянд. Мо ба бурузи ягон воҳима дар шаҳр роҳ нахоҳем дод. Шаҳр ба ҳаёти муқаррариаш идома медиҳад. Вале албатта, вазъ мураккаб аст, чунки дар байни захмиён кӯдакон ҳам ҳастанд. Онҳо ҳам ба бемористон бурдаанд.”


Ҳамлаи Волгоград нигарониҳо дар бораи амнияти Бозиҳои зимистони олимпӣ дар шаҳри Сочии Русияро, ки қарор аст, моҳи феврал оғоз шавад, бештар мекунад. Волгоград дар моҳи октябри соли ҷорӣ ҳадафи ҳамлаи маргталабони як зани марбут ба чирикиҳои исломие, ки дар минтақаи ҳамҷавор ва ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ алайҳи нирӯҳои Русия меҷанганд, қарор гирифта буд. Дар он ҳамла дар як автобуси мусофиркаш 6 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Волии вилояти Волгоград Сергей Боженов гуфт, шаҳр баъди ҳамла ба сурати умум ором аст: “Ҳоло ман дар хиёбоне истодаам, ки ба вокзали роҳи оҳан мебарад. Ман бо мардум дар инҷо сӯҳбат кардам, вале дар зеҳни онҳо кадом аломати воҳимаро намебинам. Аз 1 то 3 январ рӯзҳои мотам эълон шудаанд.”

Аммо шоҳиде бо номи Станислав ба шабакаи телевизионии “Россия 24” гуфтааст, ки баъди ҳамла дар Волгоград бебанбуборӣ мушоҳида мешавад: “Маълум аст, ки шаҳрро бебандуборӣ фаро гирифтааст. Ба маркази шаҳр бо мошин дигар на рафта мешавад ва на аз он ҷо берун баромада мешавад.”

Масъулияти ҳамлаи рӯзи 19 декабри Волгоградро ҳанӯз касе бар ӯҳда нагирифтааст, вале раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров имсол ба анҷоми ҳамлаҳо алайҳиБозиҳои олимпии Сочӣ даъват карда буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия таркиш дар шаҳри Волгоградро маҳкум кард. Сафорат дар баёнияи матбуотиаш гуфт, “дар Волгоград шумори зиёди хамватанонамон кору икомат доранд ва ин ходисаи таркиш боиси нигаронии шадиди мост. “
XS
SM
MD
LG