Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Озодӣ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмати он хонандагонаш, ки дар баҳсҳои сомонаи Озодӣ ширкати фаъол доранд, аз ин ба баъд беҳтарин назарҳои ин хонандагонро дар як матлаби алоҳида бознашр хоҳад кард.

Ин иқдом ба хотири эҳтиром ба назари хонандагон ва ҳам ба хотири ҷалби бештари хонандагон ба баҳсҳоест, ки дар атрофи матолиби нашршуда дар сомонаи Озодӣ дармегиранд. Мо талош мекунам, ки дар давоми моҳ ҳар рӯз аз байни назарҳои расида беҳтаринҳояшро гулчин карда, дар ин гӯша изофа кунем. Инак, чанд назаре ки аз оғози моҳи март ба дасти Озодӣ расидаанд.

Чанд назар ба матлаб дар бораи иваз кардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ:

http://www.ozodi.org/content/tjk-police-due-to-change-driving-licenses-again/25282565.html

Фаррух from: Душанбе
e-mail:
Иваз кардани хуччатхои одди аз кабили "права", "пасспорт", "ID карта" ва гайра ба хуччатхои биометри хуб аст, чунки ба системаи электронии чахони пайваст мешавед, вале на бо чунин нархе, ки хукумат аз мардум талаб мекунад...ачоибот он аст, ки аз хар як чунин "навоварихо" чандин нафар сохиби миллионхо доллар мешаванд...агар 8 миллион ахоли барои пасспорт ва ё ID карта 1 сомони зиёдати диханд 8 млн сомони ва ё баробар ба 1,6 млн доллар аст...аз 10 сомони 16 млн доллар ва хамчунин аз "правахо"...инчо гап дар сари 100-хо сомоние, ки кормандони ин макомот барои додани чунин хуччатхо зиёдати мегиранд ва ба чайби худ мезананд на ба бучаи давлат...акнун худ казоват кунед, ки ин пулхо кучо мераванд?

сино from: кулоб
e-mail:
Зиндагии мардум зиндагии кашокона вале хучатхояшонро ба Аврупоихо баробар карданианд ин хама аз он дарак медиханд макомоти хукумати ба шароити пасти зиндагии мардум ахамият намедиханд барои онхо то тангаи охирин пули мардумро чинда гирифтан мухим аст. Чунки тудае ки дар сари хукумат кор мекунанд онхо ба хотири хеш будан хамсоя хамшахр ба боло ба кор гирифта шудаанд. Аз ин ру дар ин дахсолахо зиндагии мардум хуб намешавад то замоне хама Кулоби Помири Рашти Хучанди якчо шуда як давлати парлумони ташкил надиханд чунки аз руи зиндагие ки мо дорем давлати призиденти ягон бехбуди наовард.

Бобо from:
e-mail:
Фируз балам чи кор кунем? Бачаҳову духтарода қисман вазифа ёфта додем. лекин набераҳо калон шуда истодаанд. Маҷбур ягон бизнес ёфта бтем ба ҳами восита бачаҳора ба по монем.
Кайҳонда чи гапай? Дигаро рафтанд рафтанд гиранд.
Ин гуфтаҳои Исмоил Талбака бин. О нархи паспорту картаву правара нархи Аврупора монем о ин бачаҳову набераҳо чи мехуранду дар чи ҳол гирифтор мешаванд. Э шарма надони ту! Ҳамин интихоботи дигарии парламонда амр метум умуман номта дар номзади нанависанд.

Назарҳо ба матлаб дар бораи Украина:

http://www.ozodi.org/content/ukrainian-army-calls-all-reservists-after-russian-troops-came-to-crimea/25282363.html

Кухистони from: Кухистон
e-mail: Eradj.76@mail.ru
Хамаи ин пора, пораю сад пора карданхо аз хамин ярокхои яроксозони ба ном ( дустони ) чонии мо, азизам. Аллома Лоик бехуда нагуфта буданд.
Ин парастор, ки мегуи гами моро хурд,
Гами мо хурд? Хама бешу ками моро хурд
Бас, ки номаш зи шикамбораги чизе хам дошт
Хурдае додаву нони шиками моро хурд.
Карамаш ин, ки ду се коса карамшурбо дод,
Суфраи чуду сахову карами моро хурд.
Сар даровард чу дар хиттаи бесарвари мо
Сари мардони мубораккадами моро хурд
То кучо бо ману ту расми чигардори кард?
Чигари сухтаи пуралами моро хурд.
Касами сидку сафо хурд, вале дар ботин
Касами зина ба зина адами моро хурд...

Lenin from: mavzolei
e-mail:
Boyad srochno SSSR-2 tashkil karda shavad!

Хочи from: душанбе
e-mail: panama@gmail.com
Албатта амалкардаи русхои госсиб барои онхо гарон меафтад. Дониста монед Украина ин Аврупо аст ин барои шумо мардуми бесохиби Сурия нест ки якчоя бо Эрону Асад бомбаборонаш кунед...

Як назар ба мусоҳибаи Максим Шевченко:

http://www.ozodi.org/content/article/25279384.html

Точик from: Иваново
e-mail:
Э шарм ДОР!Аз мардум шарм надори хам аз Худо шарм дор!Коррупцияе,ки дар Точикистон хаст дар ягон гушаи ДУНЁ нест!Ман хам шахрванди Точикистон ва хам шахрванди Руссия хастам!Холо боре на ба милисаш сум додааму на ба духтураш.Шуъбахои корхои дохилии Руссия мисли Шуъбахои корхои дохилии ЧТ бо панчарахо печонида нашудааст.Бо мардум бо чунин тарзу бо чунин лафз мурочиат намекунанд.Ман намегуям,ки инчо хама сад фоиз хамин хеланд.Лекин шахсоне,ки мисли милисахои точик рафтор мекунанд,хеле ва хеле каманд ва он хам бошад асосан дар шахрхои бузурги Руссия ба мисли Маскаву Питер.Руссия руз аз руз аз Точикистон пеш рафта истодааст.Беморхонахои навтарин,бо тачхизоти бехтарин.Хатто дар вилоёти камбагалтаринаш.Полиси тиббиро БЕПУЛ ба шахрвандонаш медиханд.ЯК ТИН духтуронаш аз шахрвандони Руссия намегирад.Ба интернет медароиву худро ба вакти холигии духтур номнавис мекуни ва бе ягон мушкили соати таиншуда омада назди духтур медарои!Соли гузашта духтарчаи ман,ки холо шахрванди Руссия нест,афтиду биниашро шикаст,3 маротиба чаррохи карданду ХАТТО ЯК ТИН нагирифтанд.Акнун мукоиса кунед бо духтурони аксаран БЕСАВОДИ точик.Аз санитараш сар карда то сардухтураш ба макидани хуни мардуми худ шуруъ мекунанд.Холати беморхонахову тачзхизоти тибби бошад хочати гап нест.Фарзандонам дар мактаби Руссия мехонанд.Программахои дарсии Руссия ва тарзи дарсдихии онхо 180 градус аз программаву дарсдихии Точикистон дигар хел асту пешрафта.Хар як синфхона бо тамоми тачхизот пур карда шудааст.Писарам дар мактаби футбол мехонаду аз хисоби давлат ба шахрхои бегона ба мусобикахо меравад(харчанд холо шахрвандаш нест)Тобистон БЕПУЛ ба лагери истирохати рафта буд. Бовар кунед вакте Точикистон меояму ин хамаро мукоиса мекунам хуш аз сарам мепарад!То кадом дарача мо окиб мондаему,окибмонии мо торафт ЗИЁД шуда истодааст.Рахмону хукумати у ба чузъ афсонаву сесона ва суханхои болохонадор оиди ватандориву ватандусти дигар кореро барои миллати худ накарда истодаанд!Вакте ба бинои сбербанки ИСФАРА медароям Афгонистон ба ёдам меояд.БИНОИ БАНКИ ДАВЛАТИИ як нохияи серахоли ва бой мисли О...ХОНА!Харрузхо садхо хазор сомони мардум чарима медиханду,интиколи пул мегиранду ин бонкхо садхо хазор кор мекунанд.Аммо акалан оддитарин таъмиру оддитарин стол ва стулхои навро барои харидан САХТИ мекунанд!Столе,ки дар ин банки Исфара меистад,тамом фарсуда шуда хануз аз даврони Шурави боки мондааст.Касоне,ки аз чумхури берун набаромадаанду,аз хисоби мардум бо гирифтани пораву дуздидани бучаи давлати бо хар роху восита зиндагии хешро пеш мебаранд,харгиз намедрнад ва хатто фахмидан намехоханд ин гапхоро.Ва доимо калимаи ШУКРОНАРО мисли ТУТИ такрор кардан мегиранд.То тарзи зиндагии мо чунин давом ёбаду ин турфа дуздиашро давом дихад.Онхо ба афсонахои хукумати Рахмон ва садову симои хукуматии Точикистон бовар карда мегарданд.Лекин боз мегуям!Точикистон бо чунин тарзи давлатрони,бо чунин системаи батамом ба фасод гутазадаи системаи давлати харгиз пеш нахохад рафту БАРЪАКС сол аз сол окиб хохад монд.


Вокунише ба "Ҳамла" ба як зодрӯз дар дафтари ҳизби Зоиров":

http://www.ozodi.org/content/new-attack-against-office-of-opposition-party-in-tjk/25282156.html

Точик from: поён (мутаассифона)
e-mail:
Агар ин кори Хукумат бошад, ин хатои бузурги Хукумат аст! Чунки баъди ин ходисахо мардум бештар аз Хукумат дилсард мешаванд. Агар ин кори нафари дигар бошад, якин душмани Хукумату миллат аст. Дар харду холат хам Хукумат ЗАРАР МЕБИНАД!!!

"Тоҷикистон зери нигоҳи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия"

http://www.ozodi.org/content/%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b7%d0%b5%d1%80%d0%b8-%d0%bd%d0%b8%d0%b3%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%bf%d0%b0%d0%b9%d0%bc%d0%be%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b1%d0%b5%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8%d0%bd%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f/25280283.html

by: Исмоили Сомони from: Бухоро
e-mail:
Бигузоред хамин хавопаймохои бесарнишин шабу руз парвоз карда хонаю касрхои бо пули коррупциони ва ришва сохтаанд ба навор гирифта, дастраси органхои хукук КАМ ва прокуратура кунанд.

by: 123 from: Душанбе
e-mail: solnseotsolntsa@mail.ru
Чаро вазифадорони Точикистони мо гирди ин масъала чидди сухан намеронанд. Ман ба Сарвари давлатамон мурочиат кардани хастам, ки пеши рохи чунин чосусиро гирад. Ба мо на базаи русхо лозим ва на базаи амрикоихо ва на гайраву вахоказо... Мо мустакил хастем ва такдири Крими Украинаро намехохем.Эхтиёт шавед!

Фарзанди точик. from:
e-mail:
Агар сарбозони 201- дивизия дар чанги шахрванди дахолат карда бошанд пас якин бидонед, ки имзои шартномаи 49-соларо хукумаи тч барои манфияти худ ва хукмрони кардан то 30-соли дигар имзо кард. Инро хам бидонед ки минбаъд ин 201 боз дахолат хохад кард.
"Амнияти Минтака" ин ваъдаи афсонавии дигари руссия аст.
Хукумат дар ин шартномаи 49-сола бурд кар вале мардуми точик бохт чун Мо метавонистем бештар талаб кунем аз руссхо вале манфияти халк ба назр гирифта нашуд дар ин шартномаи ним асра.
Фарк байни хукумати хозираи точик ва хокимони даврони Аморати Бухоро ин саллаву челлак ва костюму брюк аст. Боки хамма хамон хаст ки буд: яке бардаи императори русс дигаре бардаи федерация руссия.

Ва таассуроте ки шеъри Абдулвоҳиди Зевар "Додо, дилатон ба ман намесӯзад чӣ?" дар зеҳни хонандагони Озодӣ гузошт:

http://www.ozodi.org/content/poetry-about-tajik-orphans-shocked-social-networks/25279282.html

Рохгузар from: Кучаи интизори
e-mail: saburovalisher@mail.ru
Ба як ибора метавон гуфт, ки ШОИР ШОИР БУДААСТ.
Ахсан ба чунин шоире ки забони кудакро бо тамоми хиссиёт дарк намуда, тамоми хастиву нестии онро дар шеър тачассум намуда тавонистааст. Вактеи ки шоир вокеиятро дарк менамояд, ба чои персонажи шеъри худ медарояду накш мебозад ва тамоми камиву костии хаётро эхсос менамояд чунин натича медихад вале садхо афсус ки хама инхел нестанд.
Имруз, пушида нест, ки аксарияти мардуми мо мисли парандахои мавсими шудаанд. онхо хунукро мепарастидаги шудаанд Точикистон ки бахор шуду хаво гарм шуд ба чойхои хунук мераванд ва хамин ки зимистон фаро мерасад боз меоянд. вале кисме аз онхо ончойхоро маскани худ намда мехри худро аз фарзандони ширини худ дарег медоранд. Афсус! Фарзандоне ки мехохад дар сояи падар бошаду ба мехраш сер шавад вале сад афсус ки чои он мехрро нафрат, бадбини ва нинаву адоват пур намудаистодааст.
Худовандо, дуо мекунем ки тавфик ба чунин нафар намояду имонашонро соламт гардонад ва сари фарзандонашонро дасти мехр зананд! ! !

Беном from:
e-mail:
Ин дарди дили кудаки тоҷик нест. Ин дарди дили миллати тоҷик аст, ки рӯ ба нестӣ овардааст. Вой бар ҳоли мо!

Исмоил from: Русия
e-mail:
Бисёр шеъри хуб рахмат ба муалифаш. Хамн шеъро ба оханг дароварда дар радиёву телевизиони Русияву Точикистон шунавонанд, онгох шояд дили "додо"-хои беисофу нохалаф ба фарзандонашон сузаду аккалан дар арафаи рузи таваллуд ва Идхо ба зану фарзандонашон пул фиристанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG